ҲАМФАМИЛИЯҲО

Амон Мухтор Асқад Мухторро бо миннатдорӣ ёд меовард ва мегуфт аввалин маҷмӯаи шеъру ҳикоётам маҳз бо дастгирии маънавии шодравон Асқадака рӯйи чоп дидаанд.

Амон Мухтор Асқад Мухторро бо миннатдорӣ ёд меовард ва мегуфт аввалин маҷмӯаи шеъру ҳикоётам маҳз бо дастгирии маънавии шодравон Асқадака рӯйи чоп дидаанд. Имрӯз Амонака низ дар қайди ҳаёт нест...
Бародарбузург (ака) надоштам, бинобар ҳамин, Асқад Мухторро ака мегуфтам, мисле бародарбузурги воқеии ман буд вай, мегуфт Амон Мухтор.
Ҳамномҳо якдигарро «адаш» ҳамном мегӯянд. Адибони зикршуда, ки ҳамфамилия (Мухторов) буданд, низ якдигарро адаш меномиданд.
Як вақтҳо Асқад Мухтор дар маҷаллаи адабии «Шарқ юлдузи» сармуҳаррирӣ мекард. Баъдтар Амон Мухтор ба нашри зикршуда сармуҳаррир таъин шуд, яъне курсиеро, ки бародархондаш нишаста буд, «ишғол» намуд.
Равуои оилавӣ доштанд – ҳамсари ҳарду адиб мисле апаву хоҳар. Апаву хоҳаре, ки як хел ном доранд: Розия. Як хел фамилия низ – Мухторова. Хуллас, ҳарду ҳам Розия Мухторова...
Замонҳое ба хонаи адибону журналистҳо, ки ба газетаву журнал ва нашриётҳои гуногун робита доранд, хаткашонҳо хабарнома оиди ҳақи қалам меоварданд. Аҳли қалам ба идораи почта рафта, бо нишон додан ва расмӣ сохтани хабарнома гонорар мегирифтанд, ки кироӣ буд. Онҳое, ки бештар навишта ва гонорари калон мегиранд, бой ҳисобида ва фаровон зиндагӣ мекарданд.
Нақл мекунанд, ҳатто Ғафур Ғулом барин адиби машҳур ва аз нигоҳи моддӣ таъмин, вақте ба идораи радиои ҷумҳурӣ омад ва шеъру ҳикоёт сабт кунонд, «чӣ қадар гонорар мондӣ?» – мепурсид аз ходими шуъбаи адабиёт.
Асқад Мухтор ва Амон Мухтор аз адибони сермаҳсул буданд ва табиист, ки чун дигар эҷодкорон ба гонорар таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Аммо ҳамфамилия будан «мураккабӣ» низ доштааст: ҳисобчиёни газетаву журналҳо баъзан Асқадака ва Амонакаро иваз сохта, ба яке тааллуқ доштани ҳақи қаламро ба дувумӣ навишта мефиристоданд.
Дар ин гуна ҳолатҳо Асқад Мухтор механдид ва мегуфт:
– Маро назар ба Амон бештар мешиносанд ва зиёдтар гонорар менависанд. Мабодо ҳақи ӯ ба ман гузашта бошад, ҷойи афсӯс. Лекин гонорари ман иштибоҳан ба дасти Амон расад, ман сад ҷаҳон розӣ. Вай, охир, додари худам!

Ш.МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: