Устод Фазлиддин Муҳаммадиев бо исрор аз ман талаб мекарданд, ки очерк нависам.
Мани якроҳа боз ҳикоя навишта, онро бардошта, ба манзили устод мерафтам. Ду ҳикояамро бурда будам. Ва маротибае ба коттеҷашон рафтам, то бидонам, ки ҳикояҳоро чӣ кор кардаанд.
Дар хонаи калон мизу ду курсӣ гузошта шуда буд. Дар пешгоҳ устод ҷой гирифтаанд. Курсии ман чаппа, рӯ ба сӯйи дар гузошта шуда буд, яъне устод маро медиданду ман эшонро не.
Як ҳикоя “Шикаст” ном дошту дар хусуси мансабдоре буд, ки гӯрашро сӯзонда, бо ҳар гуна роҳҳо соҳиби мошини “Волга” ҳам шудааст. Бо ҷавонзани дилбаре ба сӯйи мактаби деҳа барои тафтиши ариза, ки ба идораи болоӣ расида буд, мошинсавор мерафтанд. Ба ҳамон ҷо рафта, мансабдор дӯсти ҳамкурсашро, ки омӯзгори одӣ шуда кор мекард, мебинад. Дар миёни дӯстон муноқиша мешавад, вай шикаст мехӯрад ва мулзам мешавад.
Ҳикояи дигар “Бори ноҳинҷор”унвон дошт. Ҳикоя аз ҳаёти ходимони милитсия буд. Дар он ду милиса яке ҳақпараст, инсондӯст, дигаре бешафқат, сангдил буд. Ҳангоме ки онҳо пас аз корашон барор нагирифтан, ба кӯчаҳои шаҳр мебароянд, ҷавони ширакайферо мебинанд, ки дар як пояш туфлӣ дошт, пойи дигараш бетуфлӣ буд. Вай туфлиашро ҷустуҷӯ мекард. Милисаи сангдил ӯро ба мошин нишонда, ба ҳушёрхона бурданӣ мешавад. Милисаи раҳмдил, баинсоф худ ба сари чамбари мошин менишинад, ҳар ду бо ҳам ҷанҷол мекунанд. Онҳо бо мошин ҷавони ширакайфро ба хонаашон мебаранд. Аз дарвозаи ҳавлӣ кампире асозанон мебарояд ва мегӯяд:
– Як боракак аз гуноҳаш гузаред. Бе падар, эрка калон шудааст.
Ба наберааш рӯ оварда мегӯяд:
– Ту бо ин шабгардиҳоят аввал маро мекушию сонӣ хотират ҷамъ мешавад. Хуллас, милисаҳо ҷавонро дар хонааш гузошта, бармегарданд.
Устод варақҳоро, ки дар онҳо қайдҳо бо қалам навишта шуда буданд, ба ман дароз карданд.
Қайдҳо чунин буданд: ”Ҳикоя мешавад, аммо таҳрирталаб аст. Номи хоси озариҳоро (ном дар ҳикоя Абдунов буд) мондан даркор. Масалан, Гезалов.
Дар ҳикояи “Шикаст” навишта шуда буд, ки персонажро дастонаш асабиёна меларзид ва ин навишта дар чанд ҷо такрор шуда буд. Устод навишта буданд: ”Ин чандумин даст аст, ки асабиёна меларзад?” Боз: ”Тахаллусгириро маслиҳат намедиҳам. Номи нависанда безеб бошаду асараш базеб. Масалан, Турсунзода, Карбобоев”.
Устод дар хусуси ҳикояи “Шикаст” чунин гуфтаанд:
– Рассказ выдуманний, высосанний из пальцев. Вай (қаҳрамони ҳикоя) зану фарзанд дорад? Дар кадом идора кор мекунад: мелиоратсия, дар куҷо? Мошинро чӣ хел гирифтааст?
Ман ба варақгардонӣ даромадам.
Устод: «Варақ нагардонед. Ман вайро чанд бор хондам».
Ман гуфтам:
– Ба хориҷа рафта, кор карда, мошинро гирифтааст.
Устод маломатомез:
– Сиёсатро ҳам намедонед-ку. Ба мактаби олӣ даромада “хон” гӯянд, ”не” мегӯед-а?
Ба суханашон идома доданд: «Кастюм бруки чорхонанусха навиштаед. Худи костум гуфтан кифоя».
Кастум...
Онро пиҷак мегӯянд. Боз ин занакабозӣ. Устод хонданд:
“Ба пойҳои зебои ҷавонзан ҳарисона нигоҳ мекард. ” Чӣ тавр вай пойҳои занро тамошо карда метавонад? Оинаяки мошин на уровне бошад, дида метавонад. Боз дигар неточностҳо ҳастанд. Нависанда ҳамаи ҳаминро донистанаш лозим. Нависанда ҳар як калимаро аз шаст паҳлу санҷида, сонӣ мегузорад.
Устод ба сари баррасии ҳикояи дуввум гузаштанд:
Пӯсту дунбаву гӯшти ин ҳикояро ҷудо кунем, мешавад схемаи ҳикоя. Мешавад барои одаме, ки ҳамин корро нав сар кардааст. Ин гуманизм, инсондӯстӣ. Даркор бошад, нависта гиред. Аммо қалам наменавишт. Ман аз эродгириҳо, сарзанишҳои устод дасту по гум карда будам.
Устод гуфтаҳояшонро ҷамъбаст карданд:
– Очерк менависед. Агар очерк наменависта бошед, сари худатонро хаму сари матбуоти советии сусиалистии тоҷикро ҳам гаранг накунед.
Дар ҳикояҳо як чиз ҳаст? — ғурунгос задам ман.
Устод:
Шумо очерк нависед, ман мегӯям.
Сипас ҳар ду ба ошхонача гузаштем, ки завҷаашон Муяссарахола хӯрок тайёр мекарданд. Устод бо тантана гуфтанд:
Ана Ӯктамро разгромит кардам. Ба ин подъезд рав гӯем, ба подъезди дигар меравад. Дарро монда, аз тиреза даромаданӣ мешавад, ё аз бом... шиферҳоро шикаста... устод хандиданд.
– Ҳа, роҳи космонавтшавӣ, нависандашавӣ ҳаст.
Ба айвон баромадем. Дар дасторхон нуқлу наво ҳозир буд. Устод ба домодашон Муқумпоччо гуфтанд:
– То ҳамин вақт очерк менавишт, мӯйлабашро табар намебурид. Шумо баъд аз хӯрокхӯрӣ Ӯктамро дар огород кор фармоед, тонусаш баланд шавад.
Ман ба оташинӣ гуфтам:
– Кор намекунам. Настроениям вайрон.
Аз ҷо бархоста, бадар рафтам. Бо ҳамин ним сол ба хонаи устод нарафтам. Ҳақ будани устод, дилсӯзӣ, ғамхориҳояшонро дар ҳаққи мани шогирд пас аз сипарӣ гардидани солҳо дарк кардам....
Ӯктам ИБРОҲИМ.