ФУРӮШИ ЛӮБИЁИ СУРХИ ДАР ӮЗБЕКИСТОН РӮЁНДАШУДА БА БОЗОРҲОИ ЧИН ОҒОЗ ЁФТ

Моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 ба бозорҳои Чин 2 ҳазор тонна лӯбиёи сурх содир карда шуд.

Солҳои охир ислоҳоти васеъмиқёси тиҷоративу иқтисодие, ки Ҳукумати Ӯзбекистон татбиқ менамояд, сиёсати нави дастгирии ҳамаҷонибаи содиргарони маҳаллӣ имконият фароҳам меоваранд, дар тамоми гӯшаву канорҳои ҷаҳон харидорони маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон зиёд шаванд, ҷуғрофияи содироти маҳсулоти мо рӯз аз рӯз васеътар гардад. 
Бинобар натиҷаи механизмҳои нави ҳамкорӣ, ки дар байни намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон муқаррар шудаанд, дар кишварҳои хориҷӣ ва содиргарони маҳаллии мо фаъолнокии соҳибкорони ӯзбекистонӣ дар бозорҳои байналхалқӣ меафзояд, барои мубодилаи доимии ахбор бинобар ҷараёнҳои амалиёте, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба вуқӯъ меоянд, ҳамчунин талабот ба маҳсулот имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. 
Кор бобати содироти лӯбиёи сурх аз ҷониби беш аз 80 содиргарони ӯзбекистонӣ, аз ҷумла ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Chust O’rikzor» дар вилояти Намангон, «Seven Hills Agro JZ» дар вилояти Ҷиззах, «Gold Zone Fruit» дар вилояти Самарқандро, ки рухсатномаи зарурӣ гирифтаанд, метавон ба сифати чунин ҳамкории бомуваффақият зикр кард.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҷараёни сафари давлатии Раиси ҶМЧ Си Сзинпин ба Ӯзбекистон, ки моҳи сентябри соли 2022 ба вуқӯъ пайваст, ҳуҷҷати байниидоравии «Дар бораи талаботи назорат шартҳои карантинӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми содироти лӯбиёи ӯзбек аз Ӯзбекстон ба Чин» имзо шуда буд. 

АИ «Дунё», 
шаҳри ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: