Ўзбекистон ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ дар соҳаи амнияти энергетикиро эълон кард

Ўзбекистон бо кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла дар ҳалли масъалаҳои амнияти энергетикӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Дар ин бора муовини аввали вазири энергетикаи Ӯзбекистон Азим Аҳмадхоҷаев зимни Форуми энергетикии СҲШ дар Остона изҳор дошт. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«СҲШ, бешубҳа, яке аз муҳимтарин майдонҳоест, ки ба таҳлил ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла масъалаҳои амнияти энергетикӣ нигаронида шудааст" - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон дар ин замина бо Чин ҳамкориҳои наздик ба роҳ мондааст. Вай бахусус таъкид кард, ки Русия яке аз шарикони асосӣ ва сармоягузори бузургтарин дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ аст.

Муовини аввали раиси Вазорати энергетика афзуд, ки ҳоло мутахассисони ӯзбекистонӣ дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон имкони бунёди чанд НБО-ро дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо меомӯзанд.

«Ин лоиҳаҳо барои ҳалли на танҳо масъалаи таъмини нерӯи барқ, балки масъалаи таъмини мувозинати об, ки махсусан барои минтақа аҳамияти калон дорад, пешбинӣ шудаанд», - шарҳ дод А.Аҳмадхоҷаев.  - Талаботи доимо афзоянда ба энергия аз як тараф ва тағирёбии иқлим аз тарафи дигар муттаҳид кардани саъю кӯшишҳои моро дар ҷустуҷӯи роҳҳои мувофиқтарини таъмини энергия тақозо мекунад."

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: