ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДА АЗ РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Парчам ифодагари озодӣ, сулҳу субот аст.

 Он дар тамоми  давраҳои таърихи давлатдории миллиамон ҳамчун рамзи Ватан муқаддас дониста  шудааст.

Парчами Ватани азизамон яке аз зеботарин парчамҳои ҷаҳон буда, ифодагари он аст, ки мо аз ҳеҷ кас кам нестем ва кам намешавем. Дар парчам рӯҳияи мо, муҳаббати мо ба кишвар, ба халқ ва боварӣ ба оянда муҷассам аст.  Чаро парчами мо ҳамеша сарбаланду ҷилвагар аст?  Сабаб дар он аст, ки вай дар пояи худ миллионҳо нафарро муттаҳид намуда, ба одам қувваю шуҷоат мебахшад. Мақсадро тарбия, иродаро мустаҳкам мекунад. Шахсе, ки парчамро боифтихор баланд мебардорад, барои ҳазорон ҷон нисор карда метавонад.
Имрӯз дар фазои сарзамини озод парчами мамлакати мо ҷилвагар аст. Ӯ моро ба хотири сулҳу субот ва рушди кишварамон муттаҳид намуда, даъват менамояд, ки истиқлолияти кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ворисони арзандаи ниёгони бузургамон гардем ва бо боварии баланду азму шуҷоат дилпурона ба сӯйи фардо қадам гузорем.
Аз ин рӯ, ҳар боре, ки ба парчами муқаддасамон назар афканам, чеҳраи пуршарафи халқи озодамон, ки гузаштаю ояндааш қудратнок аст, осмонаш мусаффо, дилаш поку беғубор, дар қалбаш неруи ҳаёт барқ мезанад, иқтидори давлати бузургро, ки аз заковати ниёгонамон қувват гирифтааст, ҳис мекунам. Солҳои охир дар марказҳои шаҳру ноҳия дар атрофи парчами боифтихорамон чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад, ки дар ҳар кас, бахусус ҷавонон эҳсоси муҳаббат ба Ватанро таҳким бахшида истодааст.
Дар баробари ин, бо дарназардошти аҳамияти Парчами давлатӣ дар тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва баланд бардоштани обрӯи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, зарурати боз ҳам васеъ намудани имкони истифодаи он ба миён омад.
Дар лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Парчами давлатӣ»,  ки дар маҷлиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дида баромада шуд, имкон медиҳад, ки дар баробари нигоҳ доштани эҳтиром дар хона ва ҷойҳои корӣ аз он озодона истифода баранд.
Лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби як гурӯҳи депутатҳо дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия шуда буд,  1-16 июни соли равон ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд.  Дар давраи гузашта аз ҷониби шаҳрвандони мо вобаста ба лоиҳа зиёда аз якуним ҳазор пешниҳод ва дархостҳо ворид гардиданд.
Бо ин ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст, ки Парчами давлатӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои оммавии тарбияи ҷисмонӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, идҳои оилавӣ, таҷлили санаҳои ҷашнӣ бо эҳтироми зарурӣ ба парчам истифода шавад.
Инчунин муқаррар карда шудааст, ки бо эҳтироми зарурӣ ба рамзи давлатӣ аз он ва нишонаҳои тасвири он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳо, ҷойҳои истиқоматӣ ё корӣ, инчунин дар маҳалҳои назди онҳо, дар дохили воситаҳои нақлиёт истифода бурда шаванд.
Лоиҳаи Қонун дар маҷлиси навбатии Палатаи қонунгузорӣ ҳаматарафа муҳокима карда шуд. Доир ба лоиҳа депутатҳои мо фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён карданд. Пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ лоиҳаи қонун дар хониши сеюм қабул ва ба Сенат фиристода шуд.
Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба васеъ намудани имкониятҳои истифодаи Парчами давлатӣ, ташаккули эҳтироми амиқ нисбат ба рамзҳои Ватан дар шуури ҳар як инсон хидмат мекунад.

Абдумалик АКРАМОВ,
депутати 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: