Дар қарори Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми дастгирии занон, таъмини фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа» аз 5 марти соли 2021 як қатор вазифаҳо оид ба таъмини шуғли занон, таълими касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо муайян шудаанд ва дар ин самт аллакай корҳо оғоз ёфтанд.
Дар қарори Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми дастгирии занон, таъмини фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа» аз 5 марти соли 2021 як қатор вазифаҳо оид ба таъмини шуғли занон, таълими касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо муайян шудаанд ва дар ин самт аллакай корҳо оғоз ёфтанд.
Низоми нави кор бо оилаҳои ниёзманд, занон ва ҷавонон ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, кӯмак кардан ба онҳое, ки ба рӯйхати «дафтари оҳанин», «дафтари занон» ва «дафтари ҷавонон» дохил шудаанд, ба роҳ монда шуд.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ низ баҳри беҳбудии ҳаёти мардум корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар авҷ аст.
– Мутасаддиён хона ба хона гашта занону духтарони ба ҳимояи иҷтимоӣ, тиббӣ, ҳуқуқиву психологӣ муҳтоҷ, танҳо ва ногироро ба рӯйхати «дафтари занҳо» дохил намуданд. Доир ба занону духтарони бекор, онҳоро ба соҳибкорӣ ҷалб намудан як қатор корҳо дар амал иҷро шуданд. Аз ҷумла, Лола Амонова аз деҳаи Эҷ, Кибриё Қӯзиева ва Шабина Расулова аз деҳаи Сойихурд, Шаҳноза Тағоева аз деҳаи Симбулоқ хонанишин ҳастанд ва барои соҳибкорӣ шароити хуб доранд. Бинобар ин, ҳар яки онҳо дар асоси қарзи имтиёзноки «Халқ банки» парвариши 100 дона чӯҷаву мурғро ба ӯҳда гирифтанд. Инчунин, дар ноҳия маскани таълими касбу ҳунари маҳаллаҳо фаъолият мебарад, ки дар онҳо аҳолии бекор метавонад таълими касбӣ гирад ва баъди хатми маркази таълими касбӣ соҳиби гувоҳнома мегардад, ки ин ба дипломи таълими миёнаи махсус баробар ҳисобида мешавад. Ба қарибӣ бо ташаббуси Федератсияи иттифоқи касабаи вилоят 20 нафар занону духтарони ноҳияи Нурато, ки ба рӯйхати «дафтари занон» дохил шуда буданд, ба саёҳати Хоразм баромаданд, – мегӯяд муовини раис доир ба масъалаҳои иҷтимоиву маънавии оила, занону духтарони ҷамоати шаҳрвандони «Каттасой» Соҷида Расулова.
– Дар давоми сафари дурӯза обидаҳои таърихии Ичанқалъа, масҷиди Охунбобо, минораи 57-метра, пайкараи 15-метраи Ҷалолиддин Мангубердӣ ва дигар зиёратгоҳҳоро дидан кардем, – мегӯяд Гулрухсор Рӯзиеваи деҳибаландӣ, – то ҳол оила, тарбияи фарзандон, норасоии рӯзгор имкон намедод, ки ба чунин саёҳат бароям. Рости гап, дар давоми умри 55-солаам аз деҳаи хурдакаки худ берун набаромадаам. Ба роҳбари давлат миннатдорӣ баён мекунем, ба мо занони ночор ва камбизоат чунин ғамхорӣ менамояд.
Сафари шаҳрҳои Хоразм, Хива ва Урганҷ ба модари серфарзанд аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ибни Синои ноҳия Зебо Ҷӯрақулова низ таассуроти калон боқӣ гузошт.
– Автобуси алоҳида, меҳмонхонаи бо шароити замонавӣ муҷаҳҳаз, ошхона бо хӯрокҳои болаззат дар хизмати мо буданд. Таассуроти сафарамро ба дугонаҳоям нақл мекунам, – мегӯяд апаи Зебо.
Яке аз масъалаҳои мушкили рӯз коҳиш додани ночорӣ ва нодорист. Намояндагони идораҳои масъул ва ҳокимиятҳо хона ба хона гашта аз аҳволи занону духтарон хабар мегиранд, арзи дилашонро мешунаванд, бо шароити зисташон ошно мегарданд. Вақте бо занону духтарони маҳаллаҳои Синтаб, Соби ноҳияи Нурато ва Моҷарум, Порашти ноҳияи Фориш ҳамсуҳбат мешудем, аз чеҳраҳои дар қӯраи зиндагӣ обутобёфтаашон аён буд, ки барои кӯмак ва сабук кардани зиндагиашон аз роҳбари давлат, ҳукумати кишвар миннатдоранд.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ .
Дар сурат: як гурӯҳ аз «дафтари занон» дар саёҳати Хоразм.