МУНОСИБАТИ ИТТИФОҚИИ БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН БА РУШДИ МИНТАҚА ХИЗМАТ МЕКУНАД

Тӯли ҳафт соли охир ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат бобати мустаҳкам кардан ва инкишоф додани ҳамкориҳои бисёрҷанба натиҷаҳои ҷиддӣ ба даст омаданд.

Соли 2017-ум мубодилаи моли хориҷии байни ду мамлакат 237,9 миллион долларро ташкил дод, охири соли 2023-юм ин нишондиҳанда се баробар афзуда, ба 756,8 миллион доллар расид. Танҳо моҳҳои январ-феврали соли 2024-ум ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол  40 фоиз зиёд гардид ва 120 миллион долларро ташкил дод. Чунин суръати баланди афзоиш бо кушода шудани марказҳои савдо дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ вобаста аст.
Аз ҳама муҳимаш, шиддате, ки тӯли чандин сол ҷой дошт аз байн бардошта шуд ва муносибатҳои  дӯстонаи байни ду халқи бародар барқарор гардид. Чунончӣ, соли 2017-ум парвозҳои байни Тошканд ва Душанбе аз нав ба роҳ монда шуданд, аз соли 2022-юм бошад, бинобар хатсайри мазкур рафтуои қатораҳо оғоз ёфт, ҳаракати байналхалқии автобусҳо бо хатсайрҳои Тошканд – Хуҷанд ва Қуқанд – Шайдон сар шуд. 
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва коршиносон ба сафари навбатии давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-19 апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст, баҳои баланд медиҳанд, зеро дар доираи он ҳуҷҷатҳои муҳим – муоҳидаҳо дар бораи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои тифоқӣ, дар бораи амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва маданиву инсонпарварӣ ба имзо расиданд. 
Шартнома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ, ки дар ҷараёни сафар имзо гардид, ҳуҷҷати муҳиме шуд, ки ба манфиатҳои калидии ду халқи бародар мусоидат мекунанд. 
Вай шаҳодати давраи нав ва бебозгашти кор бинобар амиқсозии шарикии бисёрҷанбаи стратегӣ ва тифоқии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад. 
Умуман дар 28 ҳуҷҷати имзошуда ба рушди ҳамкорӣ дар қисмати ҳудудҳо эътибори махсус дода шуд. Чунончӣ, дар доираи «харитаи амалиёт»-и барои солҳои 2024-2026 пешбинишуда робитаҳои байни вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Фарғона, Хоразми Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон, дар байни вилояти Қашқадарё ва вилояти Хатлон ба роҳ монда шуданд. 
Дар ҷараёни мазкур ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ эътибори зиёд дода шуд, вале ҳамкории тарафайн дар соҳаҳои маданӣ ва башардӯстӣ низ  мақоми хосса дошт. Бо дарназардошти ин масъалаҳои амиқгардонии мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ аз ҳисоби мунтазам баргузор намудани намоишшгоҳҳо, сафарҳои театрӣ, анҷуманҳои ҷавонон ва маърифатӣ, татбиқ намудани барномаҳои варзишӣ, вусъат додани хидматҳои сайёҳӣ муфассал муҳокима шуданд.
Бояд гуфт, ки сарвари кишвари мо дар чорабиниҳои расмии ҷумҳуриявӣ таъкид менамояд, ки Ӯзбекистон фаъолияти мунтазам, ошкоро ва ҳамаҷонибаи сиёсати хориҷиро дар арсаи байналхалқӣ идома медиҳад ва ҷонибдори рушди фаъоли робитаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо сарони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёев ҳамеша ба пешгирии буҳрони эҳтимолии башардӯстона дар Афғонистон, ҳамчунин идома додани кумакҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, муҳимияти алоқаҳои қарин бинобар аксуламал ба таҳдид ва хурӯҷҳои кунунӣ эътибор медиҳад.
Умуман, таҳкими ҳамкории байни  ду давлат ба рушди Осиёи Марказӣ – минтақае, ки дорои иқтидори баланди иқтисодӣ ва захираҳои ғановатманди табиӣ мебошад, мусоидат мекунад. Бинобар ҳамин ҳам мо, намояндагони халқ бояд иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин кунем, ҳамкориҳои байнипорлумониро фаъолтар намоем ва аз ҷузвҳои назорати парлумонӣ самарабахш истифода бубарем.

Олтиной МАМИРОВА, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: