РӮЗНОМА – МАКТАБИ ТАРБИЯИ ЖУРНАЛИСТОНИ КАСБӢ

Соли 1976 ба таътил баромадем.

Аз деканати факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супориш шуд, ки донишҷӯёни бахши журналистикаи ин факулта дар таътили тобистона як моҳро барои таҷрибаомӯзӣ дар нашрияҳо, радиову телевизион мегузаронанд ва ба деканат намунаҳоеро аз маводи нашркардаашон тақдим мекунанд. 
Мо чаҳор нафар – Олимҷон Салимзода, Пайванди Гулмуродзода ва Имомалӣ Эргашев озими шаҳри Тошканд шудем. Ҳамон давра идораи рӯзнома дар бинои 16-қабатае буд, ки ҳозир он ҷоро Оҷонсии миллии хабаргузории ӮзА ва бархе аз ташкилотҳои дигар ишғол кардаанд.
Ба назди сармуҳаррир Шавкат Ниёзӣ даромадем ва матлабро баён кардем. Ҳамон давра бо иқдоми шоистаи ӯ барои мо аз хобгоҳи аспирантҳои «Шаҳраки донишҷӯён»-и Тошканд як утоқ ҷудо карданд. Дар давоми як моҳи таҷрибаомӯзӣ бидуни пардохти ҳақи иҷора он ҷо буду бош намудем. 
Рӯзи дигар тибқи таомул сармуҳаррир ҳар кадоми моро ба шуъбаҳои гуногун тақсим кард. Ман ба мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ Авнер Исоқбоев муаррифӣ шудам.
– Хуш омадед,– гуфт Исоқбоев маро хуш истиқбол гирифта ва илова намуд: – ин шуъба барои шумо барин ҷавонони навкору таҷрибаомӯз хеле мувофиқу муносиб аст. Шумо бояд бо эҳсоси масъулият ва ҳавсалаи том ба кор муносибат кунед. Он гоҳ мусоидат мекунам, ки малакаву маҳорати хуби журналистӣ ҳосил намоед.
Сонӣ як даста мактубро ба наздам гузошт, ки мухбирони коргару деҳқон аз вилоятҳои гуногун навишта фиристодаанд. Вазифаам маълум шуд: мебоист матлаби ду-се мактубро таҳрир кардаву аз он барои саҳифа хабару мақола тайёр кунам. Ҳамин тавр, ман ба кор шурӯъ кардам. Ифтихорам боло гирифт, ки дар чунин рӯзномаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ бо Авнер Исоқбоев ва як идда аҳли қалами шинохтаву маъруф дар як саф мактубҳоро варақ мезанам ва худам низ хабару мақолаҳо менависам.
Дар давраи таҷрибаомӯзии якмоҳаи мо Ҳисомиддин Абдувалиев котиби масъули муваққатии рӯзнома буд. Мӯҳсин Умарзода, Ҷонибек Қувноқов, Муайяна Хоҷаева, Бекназар Тӯйназаров, Маъруф Отахонзода, Хӯҷамурод Қӯлдошев дар шуъбаҳои гуногун машғули кор буданд. Онҳо ҳамеша моро рӯҳбаланд мекарданд ва мегуфтанд, ки дар оянда аз журналистони муваффақ муаррифӣ хоҳем шуд. 
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ аввалин мақолаи банда дар бораи кору фаъолияти бригадаи шуъбаи «Ленинград»-и совхози Сӯхи ноҳияи Риштон Бегиҷон Ҳакимҷонов интишор ёфт. Ӯ дар соҳаи парвариши картошкаву ҷуворимакка ба сифати яке аз деҳқонони пухтакору соҳибтаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ ном бароварда буд. Дар гузориш оид ба он сухан мерафт, ки борону жолаи шадид натавонист азму ҷазми коргарони ин бригадаро шикаст диҳад. 35 нафар дар майдонҳои аз сел сахт зарардида ба таври фаврӣ кишти такрорӣ гузаронида, барои рӯёнидани ҳосили пурбаракот заминаи мусоид фароҳам овардаанд. 
Баъд дар саҳифаҳои рӯзнома боз чанд хабару мақолаҳоям аз хусуси меҳнати зарбдори коргарони хоҷагиҳо ва фермаҳои ширию молӣ ба табъ расид.  Дар ҷараёни таҳсил ва баъди хатми донишгоҳ низ ҳамкорӣ бо «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро давом додам. Хусусан, вақте ки дар рӯзномаи ноҳиявии «Риштон ҳақиқати» кор мекардам, дар саҳифаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон»  мисли «Раисбобо», «Шайдои чашмаи сафед», «Аз Ҳушёр то Берлин», «Ҷасорати ҷанговар», «Ту зиндаӣ, Ҷӯра», «Садоқат ва дугонаҳои ӯ»  ва дигар очерку лавҳа ва маҳалаҳоямро интишор намудам. 
Зимни тарҷумонӣ дар Афғонистон зери рукни «Дар арзҳои дӯстӣ» доир ба ҳамкориҳои вазоратҳои кишоварзӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистону Афғонистон аз вилояти Тахористон ба унвони рӯзнома чанд мақола ирсол намудам. Дар ин вилояти Афғонистон 52 нафар мутахассисони соҳаҳои кишоварзӣ, сохтумонӣ, лоиҳакашӣ ва фаннӣ тибқи қарордод кор мекарданд. Онҳо ғайр аз он ки ду ҳазор гектар замини бекорхобидаро таҳти обёрӣ қарор доданд, инчунин як шаҳраки нави истиқоматӣ сохта, ба мардуми ин кишвари ҳамҷавор супурданд.  
 Ба ин тартиб, бо истифода аз таҷрибаҳое, ки аз мактаби журналистикаи «Овози тоҷик» ҳосил намудаам, тақрибан сӣ соли фаъолиятро ба ҳайси хабарнигор дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ идома додаву медиҳам. Аз соли 2015 мухбири «Овози тоҷик» дар вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон пазируфта шудам. Мукофотҳои «Журналисти беҳтарини соли 2021», озмуни «Қалами тиллоӣ-2023»-ро ба даст овардаам ва бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардидаам.  
Ҳамдарсонам Олимҷон Салимзода, Пайванди Гулмуродзода ва Имомалӣ Эргашев низ як моҳ дар шуъбаҳои гуногун таҷрибаомӯзии худро идома доданд. Ҳар кадоми онҳо то анҷоми ин давра бо кӯмак ва нишондодҳои ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Мӯҳсин Умарзода, сардорони шуъба ва кормандони дигари он ба интишори чанд хабару мақола ноил гаштанд.  
– Ҳамон замон дар чунин рӯзномаи бонуфуз таҷрибаомӯз будан бахти калон буд. Муҳимтар аз ҳама, дар идора моро хуш пазируфтанд ва нисбати мо меҳру муҳаббат нишон доданд. Дар ҳаёт дидаам, ки баъзе рӯзномаҳо таҷрибаомӯзонро рӯи хуш намедиҳанд ва барои сайқал ёфтанашон шароит фароҳам намеоваранд. Аммо тамоми кормандони «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар тӯли як моҳ моро аз нигоҳи рӯҳониву касбӣ дастгирӣ намудаву хабару мақолаҳоямонро дар саҳифаҳои он интишор намуданд, – ёдовар мешавад Олимҷон Салимзода.  
Қобил ба ёдоварист, ки Пайванди Гулмуродзода баъди итмоми донишгоҳ аз 4 октябри соли 1978 то 1 январи соли 1980 дар Саридораи ахбори Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кардааст. Дар пайи он, аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Пайванд дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули публитсистикаи шӯравии тоҷик (1917-1929)» ҳимоя кардааст. Ӯ дар солҳои охири умр дар факултети журналистикаи ДМТ ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолият намудааст.
 Вай муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи ХХ тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Бо таваҷҷуҳ ба он ки Гулмуродзода ба таҳқиқи масъалаҳои маорифпарварӣ сари кор дошт, андешаҳояш маорифпарварона буд ва ин ҷиҳат дар навиштаҳояш низ мақоми вижа касб кардааст. Таҳти роҳбарии мавсуф панҷ нафар муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Пайванди Гулмуродзода зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаи публитсистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ низ таълиф намудааст, ки бархе аз ин мақолаҳо маҳз дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» мунташир ёфтаанд.
Ҳамсабақи мо 7 апрели соли 2013 бар асари сактаи дил ба Ҳақ пайвастааст.
Рӯзе Пайванд гуфт, ки хешу таборашон аз деҳаи Ӯхм ба вилояти Сирдарё муҳоҷират кардаанд ва мехоҳад рафта аз ҳолашон хабар гирифта баргардад. Сонӣ афзуд, ки метавонам ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ кунам. Дар рӯзҳои истироҳат Имомалӣ ва Олимҷон гуфтанд, ки азми ба деҳаашон рафтан доранд. Барои ҳамин нахостам дар ин шаҳри азим танҳо монам.
Шомгоҳон ба деҳаи хешони Пайванд расидем. Онҳо дар яке аз хоҷагиҳои ин вилоят зиндагӣ мекарданд. Марди хонавода сардори бригадаи пахтакорӣ будааст ва ӯ низ то вақти хӯроки шом аз саҳро ба хона баргашт. Қисса кӯтоҳ, моро шаб аъзои ин хонавода меҳмон карданд. Пайванд рӯзи дигар боз ба як-ду хонавода даро-баро кард ва аз ҳоли онҳо хабар гирифт. Вақте ки мо азми баргаштан кардем, соҳибхоназан:
– Ҳарчанд маблағи ночиз аст, аммо дар роҳ ягон хӯрок тановул мекунед, – гуфту аввал ба кисаи Пайванд ва баъд ба кисаи ман чанд сӯм андохт ва бароямон роҳи сафед талабид.
 Ин ҳолати наҷиби соҳибхоназан маро ҳайрон кард. Чунки дар деҳаи мо касе ба писари донишҷӯшудаи бародар ё хоҳари худ пул намедод. Пайванд ҳайрати маро дида ташреҳ намуд, ки дар байни мардуми кӯҳистони Форишу Нурато чунин анъанаи нек хеле роиҷ мебошад. 
 Аз ҳамсабақҳои дигари банда подполковники мустафъӣ Имомалӣ Эргашев аз мактаби «Ҳақиқати Ӯзбекистон» гузаштааст. Вай баъди чанд муддати кор дар ин рӯзнома ба ҳайси тарҷумон фаъолияташро дар Вазорати дифоъ давом додааст. Баъд дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти амнияти давлатӣ ба ҳайси устод кор карда, сонӣ ба нафақа баромадааст. Имомалӣ Эргашев номзади илмҳои равоншиносӣ, ба нишону ташаккурномаҳои зиёд сарфароз гаштааст.
Мактаби эҷодии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта барои як идда ҷавононе, ки дар оянда ҳаёту фаъолияти худро ба журналистика ё пажӯҳишҳои илмии ин соҳа бахшидаанд, зинаи омӯзиш, такмили малакаву маҳорат ва мактаби бузурги истеъдод маҳсуб меёфт. Яке аз шогирдони боазму иродаи ин мактаб шодравон Бобоҷон Абдулвоҳидов мебошад. Вай дар баробари он ки аз ин мактаб муваффақона гузаштааст, инчунин ҳамсари ояндаи худро низ дар ин шаҳр пайдо карда, баъди арӯсӣ ӯро бо худ ба Душанбе бурдааст. Бобоҷони тоҷик ва ҳамсари ӯзбектабори ӯ дар аввал бо ҳам ба забони русӣ ҳарф мезаданд. Баъд арӯс забони тоҷикиро забони дувуми худ хондааст ва ҳоло бо фарзандону наберагон бо ин забон ҳарф мезанад.
Бобоҷон Абдулвоҳидов солҳои дароз дар вазифаи сардабири нашрияи Шӯрои Олии Тоҷикистон ва баъдан нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон – «Садои мардум» ба ҳайси сардабир фаъолият кардааст ва шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.
Бобоҷон соли 2008 дар синни 55-солагӣ бо ин дунё падруд гуфтааст. 
Хушбахтона, рӯзномаи «Овози тоҷик» имрӯз низ ҳамон рисолати худро бо сарбаландӣ анҷом медиҳад ва дар тайёр кардани журналистони касбӣ нақши муассир мебозад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик»,
узви иттиҳодияҳои журналистони
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: