ГУЛБАДАН ВА «ҲУМОЮННОМА»-И Ӯ

Яке аз маликаҳои ба чашм наздик дар боргоҳи Бобуриёни ҳинд Гулбадан бо ҳусни ботин низ таваҷҷуҳи аҳли дарборро ба худ мекашид.

Дониш ва биниши расо дошт. Баробари шеър ба мутолиаи асарҳои таърихӣ рағбат менигаронд. 

Вай соли 1522 дар Кобул ба дунё омадааст. Баъде падараш Мирзо Бобур вафот кард (1529), ба Агра кӯч баст – дар ҳафт-ҳаштсолагӣ рӯ ба Ҳинд оварда, бо Комрон, Аскарӣ, Ҳиндол, Гулрангбегим ва Гулчеҳрабегим барин пайвандҳояш, ки низ «бачагӣ – подшоҳӣ»-ро ба сар мебурданд, дар як боргоҳ ба воя расид.
Вақте қадрас шуд, талабгорон пайдо шуданд. Аз байни онҳое, ки ҳамқисматиро бо ӯ орзу мекарданд, толеи Хоҷа Хизрхон ном ашрофзода баландӣ кард – соли 1539 ӯро ба занӣ гирифт. Соҳиби ду писар ва як духтар шуданд.
Худи Гулбадан духтари савуми Бобуршоҳ ва Дилдорбегим ҳисоб меёфт.
Номи аслии Дилдорбегим Солеҳа Султон буда, ба Бобур ақрабоӣ дошт – падари ӯ Султон Маҳмуд амак ҳисоб меёфт ба Мирзо Бобур. 
 Вале ӯро Дилдорбегим не, зани калонии Бобуршоҳ, ки Моҳимбегим ном дошт, тарбия кардааст. Моҳимбегим зане буд бисёр ҳалим ва меҳрубон, вай (модари Ҳумоюн) аз Бобуршоҳ боз ду писар ва ду духтар ёфта бошад ҳам, онҳо дар кӯдакӣ вафот кардаанд. Барои он ки доғи фарзанд ӯро зиёд ранҷ надиҳад ва ба коре андармон шавад, Бобуршоҳ ба  вай тарбияи Гулбадани ҳанӯз сесоларо супурд. Моҳимбегим инро бо ҷон пазируфт, меҳри модарӣ аз вай дареғ надошт. Баробари Гулбадан додараш Ҳиндолро низ Моҳимбегими дилдарё модарӣ намуд.
Соли 1556 Ҳумоюн, ки баъди падар соҳиби тоҷу тахт шуда буд, вафот кард. Писари ӯ Ҷалолиддин Акбар ба тахт нишаст. 
Муносибати Акбаршоҳ ва аммааш Гулбадан бисёр самимӣ буд. Якдигарро эҳтиром мекарданд. Гулбадан то охири умр дар дарбор бо баҳраманд шудан аз марҳамати шоҳи мамлакат (ҷияни худаш) умр ба сар бурд. Барои соҳибидрок ва сермутолиа буданаш ҳам Акбаршоҳ ба Гулбадан ихлоси калон дошт. Рӯзе аз вай чунин хоҳиш кард: «Аз воқеаҳо марбут ба ҳаёти ҳазрати Фирдавсмакон (Бобур) ва ҳазрати Ҷаннатошён (Ҳумоюн) чизе бидонед, менавиштед...»
На ба таърихнигорон, ки шоҳиди зиндаи воқеаҳо буданд, балки ба аммаи илмноку  ҳушмандаш бештар бовар кард Акбаршоҳ. Гулбадан боварии ӯро сафед намуд – дар давоми чанд сол асари таърихие навишт бисёр шавқангез, ки бо маслиҳат ба он «Ҳумоюннома» ном ниҳоданд.
Дар «Ҳумоюннома» воқеаҳо аз номи Ҳумоюн нақл мешаванд. Дар услуб ва тарзи ифодаи Гулбадан, ки воқеанигори хушсалиқа буд, содагии баён, аниқӣ ва дақиқии фикр, ки дар «Бобурнома»-и Бобуршоҳ ба чашм мерасид, мушоҳида гашт.
Асарро хаттотон се маротиба нусханавис кардаанд. Аммо то мо танҳо як нусха омада расидаасту халос. Баъде Ҳиндустонро англисҳо забт карданд, полковники артиши Британиё Ҳамилтон чандин китобҳои арзишнокро ба яғмо бурд, ки дар байни онҳо «Ҳумоюннома»-и форсӣ-тоҷикӣ  низ буд.  Баъдтар завҷаи Ҳамилтон китобро ба музейи Британиё фурӯхт. Соли 1902 мутахассиси адабиёти шарқ Аннета Сюзан Бевериж ин асарро ба забони англисӣ тарҷума кард. «Ҳумоюннома» баъди он эътибори ҷомеаи васеи дунёро васеътар ба худ ҷалб намуд. Ин асар ба дигар забонҳо низ баргардонда шуд. Профессор Сабоҳат Азимҷонова онро ба ӯзбекӣ тарҷума кард.
«Ҳумоюннома» барои онҳое, ки таърих, этнография ва забони ҳамондавраи сулолаи Бобуриёнро омӯхтанианд, боварноктарин манбаъ ҳисоб меёбад.
Ин асар агарчи фарогири воқеа ва ҳодисаҳои таърихист, муаллиф, ки шоира низ буд, ҳаводисро бо рангҳои бадеӣ ороиш дод.
«Ҳумоюннома»-и Гулбадан идомаи мантиқии «Бобурнома» эътироф шудааст. 
Меҳру оқибат барин арзиши ба мардуми олам хосро муаллиф басо муассиру дилрас талқин кардааст. Чунончи, аз моиндараш, ки меҳрубонии зиёд дида буд, ӯро (Моҳимбегимро) дар асар – «ҳазрати модарам», модари худашро бошад «Дилдорбегим» зикр намудааст. 
Яке аз бойигариҳои асосии Мирзо Бобур китобҳое буданд, ки баҳо надоштанд. Вай онҳоро асосан ба Ҳумоюн ва Комрон, ки бисёр китобдӯст буданд, туҳфа кардааст. Аз ҳамон китобҳо маликаи оқила ва соҳибистеъдод Гулбадан низ зиёд баҳраманд шуда ва табиист барои таълифи «Ҳумоюннома» хулосаҳое, ки ӯ бардошт, заминаи муҳим гардидаанд.
 Ҳаёт ва фаъолияти ибратангези Гулбадан таваҷҷуҳи аҳли илму адаби дунёро ба худ кашидааст. Мисолан, адибаи англис Маргарет Румер Годен (1907-1998) бахшида ба вай асаре таълиф сохт бо унвони «Гулбадан». Доири рӯзгору осори ин маликаи Бобурӣ аз «Гулбадан»-и бо англисӣ таълифёфта ҷаҳониён огоҳ шуданашон мумкин. Ин асар соли 2007 ба ӯзбекӣ тарҷума гашт.
Ба Гулбадан умри дароз насиб кард – дар замони мураккабе зиндагӣ намуд, ки давраҳои салтанати се ҳукмдор Бобур, Ҳумоюн ва Акбарро фаро гирифтаанд. Чанд сол дар Арабистони Саъудӣ низ зист, чаҳор бор ҳаҷ кард. Назар ба навиштаҳои Маргарет Годен вай «Қуръон»-ро фаро гирифта ва оятҳои он дар қалбаш маъво гирифта буданд. «Гулбадан дар боби эътиқод аз пайи Бобур рафт», қайд мекунад адибаи англис. 
Гулбадан дар ҳаштодсолагӣ (1603) чашм аз ҷаҳон пӯшид. Акбаршоҳ ӯро бо иззату икром дафн намуд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: