Бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки гавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, ҳама вақт нерӯе боқӣ мемонад, ки ҷамъият ба ӯ эҳтиёҷ дорад.
Роҳбари давлат дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ба масъалаи занону духтарон алоҳида истода гузашт ва таъкид намуд, ки бонувони болаёқат, маълумотноку соҳибтаҷриба бояд ҳар чи бештар ба роҳбарӣ дар идора ва ташкилотҳои давлатӣ ҷалб карда шаванд. Ҷомеа тақдири ояндаи хешро ба дасти насли наврас – ҷавонон месупорад, ки ҷавҳари аслии рушду камоли онҳо зан ҳисоб меёбад. Занон таконбахшандаи дигаргуниҳои ҷамъиятӣ мебошанд, онҳо ҳамеша мекӯшанд, ки баҳри фарзандонашон шароити беҳтарро фароҳам оваранд. Зан-модар омода аст ба хотири ҳифзи фарзандон, ба вуҷуд овардани рӯзгори пурсаодат, таълиму тарбияи онҳо ба ҳар гуна фаъолият – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ шуғл варзад.
Дар атрофи мавзӯъ бо чанде аз фаъолаҳои корхонаву ташкилотҳо суҳбат оростем.
Муҳаббат ҶӮРАЗОДА, муҳаррири бахши тоҷикии радиоканали «Маҳалла»:
– Таърих гувоҳ аст, ки нобаробарҳуқуқӣ, вазъияти сахти зан дар оила ва ҷамъият, ҳамчун шахс эътироф нашудани ӯ, ки аз оддитарин ҳуқуқ маҳрум буд, дар вуҷуди нозуки ӯ занҷири сарбаста ва тангеро мемонд. Шукр, имрӯз соҳае нест, ки бидуни зан вуҷуд дошта бошад, аз ин рӯ ба мавқеи зан бояд эҳтиром гузошт. Барои баланд бардоштани мавқеи зан, пеш аз ҳама маърифати ӯро ҳамаҷиҳата бояд баланд бардошт, донишу ҷаҳонбинии ӯро васеъ гардонд. Симои зан – чеҳраи асилу ошнои зани покиза, ниҳоди пуртаровати бонувон аст.
Рисолат МАДИЕВА, журналист:
– Имрӯзҳо дар қатори мардони сиёсатмадори шинохта бонувонро низ дидан мехостам. Воқеан ҳам кайҳо замони он расида, ки занҳои мо дар сиёсат низ қудрати хешро санҷанд. Мавқеъ ва манзалати зан аз нигоҳи дини ислом хеле ба шарофат аст. Агар зани имрӯз аз маърифати исломӣ огоҳ мебуд, ба душвориҳое, ки пеш омадаанд, дучор намешуд. Барои занон бояд рӯзномаву маҷалла, намоишҳои телевизионӣ, марказҳои маърифативу истироҳатиро зиёд намуд, то бомаърифат ва огоҳ бошанд. Алҳол дар ноҳияи мо «Мактаби хушдоман» ва «Мактаби арӯс» ташкил карда шудааст, ки ба он хушдоманҳои пурдида, батамкин ва хушмуомиларо ҷалб менамоем. Онҳо ба арӯсон оиди оиладорӣ, тарбияи кӯдак, муносибат ба аъзои оила, пухтупаз маслиҳатҳо медиҳанд.
Раъно АБДУЛЛОЕВА, соҳибкор аз ноҳияи Чилонзори пойтахт:
– Фикри баъзе занон чунин аст: мард соҳиби рӯзгор аст, ӯ бояд оиларо таъмин намояд. Ин тоифа занҳо баробарҳуқуқиро хуб медонанд, аммо баҳри таъмини рӯзгор, хӯрондану пӯшондани фарзандон бисёртар аз марди хона талаб мекунанд. Ман дар ҳавлии худ сехи нонпазӣ ташкил кардам. Ҳамчун соҳибкори хонакор ҳуҷҷат омода намудам ва алҳол намудҳои гуногуни нонро мепазем. 4-5 нафар духтарони маҳалларо бо кор таъмин намудам. Барои ба роҳ мондани соҳибкорӣ дониши пухта лозим аст.
Шарофат ҲАЙДАРОВА, гинеколог-момодоя аз деҳаи Сойихурди ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ:
– Баъзе модарону духтарони мо вазифаи асосии хешро дар оила мебинанду халос. Ҷалби занон ба корҳои роҳбарӣ зарур аст. Зан бояд дар идораи давлатӣ низ шарики мард бошад. Масъалаи баробарии ҷинсӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани мавқеи зан, мақоми ӯ дар ҷомеа, маърифати ҳуқуқии ӯ ва худи ӯ аз хушунати зӯровариҳои ҷомеа мебошад. Баланд бардоштани мавқеи зан аз худи занҳо вобаста аст. Рӯзгоре соҳиби маълумоти тиббӣ шудани занон манъ буда, байни ҷарроҳон зан набудааст. Аммо баъди вафоти Берри Ҷеймс ном ҷарроҳи англис, ки дар олами тиб машҳур буд, маълум шуд, ки ӯ зан будааст. Маргарет, яъне Берри Ҷеймс фарзанди оилаи баобрӯ ва сарватманд будааст. Ӯ, ки касби шифокориро дӯст медошт, худро ба қиёфаи мард андохта, ба ҷарроҳии беморон машғул шудааст ва дар ин роҳ ҳатто аз оила ва фарзанддорӣ даст кашидааст.
Зани имрӯзро солим дидан мехоҳам, кӯдакони солиму сиҳатро маҳз модари солим ба дунё меорад. Зани имрӯз дигар пойбанди кӯр-кӯронаи амри шавҳару ҳукми падар не, балки бояд ҳамқадами замон ва аз ҳама илму ҳунар огоҳ бошад.
Суҳбаторо
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».