«ҶАНГАЛ – НАФАСИ САЙЁРА»

Дар байни мардуми мо сабзу хуррам намудани муҳити атроф, парвариши ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаю ороишӣ ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадааст.

Дарвоқеъ, ин амалҳои некро мардум бидуни амру фармон ва супоришҳои махсус ба ҷо меоварданд. Аммо бадшавии вазъияти экологӣ ва афзоиши бемориҳои гуногуни сироятӣ мақомоти марбутаро водор намудааст, ки дар бобати тоза нигоҳ доштани муҳити зист ҷиддан иқдом намоянд.

Дар Пажӯҳишгоҳи ҷангал форум ба вуқӯъ пайваст, ки мавзӯи «Ҷангал – нафаси сайёра»-ро дар меҳвари гуфтугӯҳои иштирокчиёни худ қарор дод. Азиз Абдуҳакимов – вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим изҳор намуд, ки ҳар як фарди ҷомеа муваззаф аст дар робита бо тоза нигоҳ доштани муҳити зист саҳми хешро гузорад.
– Одатан, вақте ки шахс ба мавзеи дарахтзор ва минтақаҳои сабзу хуррам ворид мешавад, аз ҳавои софу беғубор ва накҳати чамани атроф бо иштиёқи том нафас мекашад ва баъди лаҳзае худро хеле бардаму бақувват ҳис мекунад. Зеро он ҷо оксиген зиёд аст ва кас сер шуда нафаси тоза мекашад. Магар фароҳам овардани чунин шароити барои ҷисму ҷони мо муҳиму даркорӣ кори дасти худи мо нест? Магар мо наметавонем атрофи худро ба боғу чаман табдил диҳем? Албатта, метавонем, – гуфт Абдуҳакимов.
Дар чорабинӣ Ғолибҷон Қурбонов – муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал, Саидқул Арабов – иҷрокунандаи вазифаи директори Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал, Зиновий Новитский – мудири лабораторияи «Барпо намудани ҷангалзорҳои гирду атроф ва мелиоратсияи ҷангал», Раҷаббой Мадраимов – мудири лабораторияи ҳифзи захираҳои замини Пажӯҳишгоҳи технологияҳои ҳифзи муҳити зист ва табиат ва Бобомурод Эшонқулов – ходими калони илмии лабораторияи «Селексия, тухмипарварӣ ва ниҳолшинонӣ»  доир ба масъалаву мавзӯъҳои аҳамияти сарпӯшҳои сабз дар барқарорсозии экосистемаи қаъри хушки баҳри Арал, технологияи парвариши писта, ниҳолҳои ҷангал дар барқарор намудани қаъри хушки баҳри Арал маърӯза карданд. 
Мувофиқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангал замини ҷангалзорҳо ба 1 миллион гектар васеъ шуда, дар айни ҳол 11,9 миллион гектарро ташкил медиҳад. Ин аз 26,4 фоизи масоҳати умумии замини ҷумҳурӣ иборат мебошад. Майдони 5 миллиону 300 ҳазор гектарро ҷангал фаро гирифтааст. Аз 3,5 миллион гектар 2,2 миллион гектараш ҷангалзори табиӣ ва 1,2 миллион гектараш ҷангалҳои корам мебошанд.
Дар чорабинӣ маълумотҳои зиёд ироа гардиданд, ки системаи Агентии хоҷагии ҷангали мамлакатамонро дар худ ифода менамоянд. Ба таври мисол, 63 хоҷагии давлатии ҷангал ва 12 хоҷагии ҷангали махсусгардонидашудаи табиӣ ва 4 корхонаи истеҳсоли ҷангал машғули фаъолият мебошанд ва майдони умумии онҳо 6,6 миллион гектар (55 фоизи фонди умумии ҷангал)-ро ташкил менамояд. Захира, боғҳои миллии табиӣ, хоҷагиҳои шикори ҷангал, хоҷагиҳои таҷрибавии ҷангал тобеи Вазорати экология буда, майдони умумии онҳо аз 5,3 миллион гектар (ё аз 5 фоизи фонди умумии ҷангал) ташкил ёфтаанд.
Дар асоси Низомнома «Дар бораи тартиби ба иҷора додани қитъаҳои фонди давлатии ҷангал» бо қарори Девони Вазирон аз 13 декабри соли 2019 дар маҷмӯъ аз фонди 78,8 ҳазор гектар ҷангал 7 ҳазору 430 гектари он ба иҷора дода шудааст. Аммо дар соли 2023 аз 753 нафар иҷорачиён, ки ҳаққи иҷораро  напардохта, аз замин низ истифода набурдаанд ва ё аз он бесамар истифода кардаанд, 30 ҳазор гектар замин  тибқи тартиботи муқарраршуда ба фонди давлат баргардонида шудааст.
Соли 2023 бо Агентии «Ӯзбеккосмос» барои муайян кардани масоҳат, сарҳад ва ҳолати ҷангалҳои вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах ва Фарғона шартнома баста, оид ба муайян кардани масоҳат ва ҳолати ҷангал тавассути моҳвора як қатор корҳои муҳим ба анҷом расонида шудаанд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи экологӣ дар майдони 235 ҳазор гектар тадбирҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангал гузаронида шудааст. Дуним ҳазор гектар замини обии киштзор ба дарахтзор мубаддал гардида, дар он 5 миллион бех ниҳол шинонда шудааст.
Ташкилотҳои системаи ҷангалпарварӣ бо мақсади муҳофизат ва нигоҳ доштани ҷангалзорҳо дар 48 ҳазор гектар майдон муборизаи зидди ҳашароти зараррасон гузаронидаанд. Инчунин, бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳои пешгирии сӯхтор дар ҷангалзорҳо аз ҷониби агентӣ ва ташкилотҳои системавии он дар мавсими тобистон, ки хатари сӯхтор бештар вуҷуд дорад, навбатдории доимӣ ташкил кардаанд.
Дар заминҳое, ки марбути Фонди ҷангалпарварӣ мебошад, аз ҷониби субъектҳои бахши хусусӣ ҷойгир кардани 220 ҳазор оилаи занбӯри асал ва парвариши он ба нақша гирифта шудааст. Барои тавсеаи ин соҳа соли 2023 оид ба 3 лоиҳаи грантӣ ба маблағи 18,7 миллион доллари амрикоӣ созишнома ба имзо расидааст.
 Маълум аст, ки иншооти сайёҳии экологӣ маҳз дар заминҳои фонди ҷангал зиёд шуда мераванд. Дар форум тазаккур ёфт, ки ҳоло ин рақам ба 280 адад, маршрутҳои экологӣ ба 38 адад ва марказҳои сайёҳӣ ба 5 адад боло рафтааст. Форум ба чунин натиҷа расид, ки ҳарчи бештар шинонидани ниҳол барои беҳбуди вазъияти экологӣ ва ҷолиб гардидани атрофу акноф мусоидат хоҳад кард. 
Форум ба Рӯзи ҷаҳонии ҷангал бахшида шуд. Дар поёни он иштирокчиён аз лабораторияҳои Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангалпарварӣ боздид намуданд ва бо фаъолияти он аз наздик ошно шуданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: