САМАРҚАНД – МИЗБОНИ АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

12-17-уми феврали соли равон дар Самарқанд ҷамъомади 14-уми конфронси иштирокдорони Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои кӯчии ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP14) баргузор мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, моҳи август аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон ва Котиботи CMS логотипи расмӣ ва шиори ин чорабинӣ тасдиқ карда шуд.
Дар логотипи конфронс, ки таҳти шиори «Табиат сарҳад надорад» гузаронида мешавад, нақшу ороиши ҷозибадори ёдгориҳои Осиёи Миёна ва акси бабри болдори барфӣ тасвир ёфтааст. Бабри барфӣ аз ҳайвоноти нодири ваҳшӣ буда, дар 12 кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Ҳарчанд бабри барфӣ рамзи қудрат ва хайрхоҳӣ аст, торафт кам шудани он боиси нигаронӣ мебошад. Бино ба маълумотҳо, алҳол дар табиат аз 2700 то 3300 сар бабри барфӣ боқӣ мондааст.
CMS COP14 аввалин вохӯрии ҷаҳонӣ оид ба гуногунрангии биологӣ пас аз қабули Асосҳои ҷаҳонии гуногунрангии биологии Кунминг-Монреал (GBF) дар соли 2022 хоҳад буд. Дар ин чорабинӣ вазифаҳои муҳими ҳифзи табиат ва ташаббусҳои нав, масъалаҳои зиёде, ки татбиқи GBF-ро дастгирӣ мекунанд, баррасӣ мешаванд.
Дар чорабинӣ иштироки директори иҷроияи Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ И. Андерсен, сардиректори Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат Г. Агилар, раис ва директори генералии Хазинаи ҷаҳонии экологӣ К. Родригес, вазирони ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳои иштироккунанда, котиботи созишномаҳои байналхалқии экологӣ ва роҳбарони доираҳои пешқадами илмӣ дар назар аст.
Конфронси қаблӣ 13-ум аз 15 то 22-юми феврали соли 2020 дар шаҳри Гандинагари Ҳиндустон баргузор шуда, дар он беш аз 1000 намоянда аз 131 кишвари ҷаҳон иштирок карда буданд. Бояд гуфт, ки чунин чорабинӣ қаблан дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида нашудааст ва баргузории он аҳамияти таърихӣ дошта, аввалин чорабинӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: