Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд

  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд
  • Имкониятҳои мактаб дучанд васеъ гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев аз мактаби таълими ҳамагонии №5 ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд боздид намуд

Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ислоҳот дар низоми таълим чун вазифаи нахустин муайян гаштааст. Яке аз масъалаҳои муҳими ин соҳа афзудани теъдоди ҷой барои хонандагон ба шумор меравад.

Роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар қатори бунёди муассисаҳои нави таълимӣ баланд бардоштани ошёнаҳои муассисаҳои мавҷуда ва бунёди биноҳои иловагӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Дар мактаби №5, ки даставвал барои 960 хонанда муқаррар гаштааст, 2 ҳазор хонанда мехонд. Аз ин рӯ, соли гузашта мактаб таъмир гардида, биноҳои иловагӣ сохта шуданд. Дар натиҷа барилова 1700 ҷой ба вуҷуд оварда шуд. Дар мактаб дар 65 синф, 12 синфи забонҳо ва 5 синфи компутер шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Барои хонандагоне, ки ба фанҳои дақиқ, муҳандисӣ ва технология таваҷҷуҳ доранд, таҷҳизоти лабораторияи STEM гузошта шудааст. Инчунин толори варзиш, коворкинг ва бахши рекреатсионӣ вуҷуд дорад. Дар китобхонаи мактаб 5800 китоби илмӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ гаштааст.

Ҳоло дар мактаб 2600 хонанда таълим мегирад. Соли гузашта аз 165 хатмкунанда 163 нафараш ба муассисаҳои таълими олӣ дохил гаштаанд.

Дар мамлакатамон ба тамоили касбии ҷавонон аз хурдсолӣ эътибори калон дода мешавад. Дар мактаби №5 синфҳои болоӣ ба ихтисосҳои дӯзандагӣ, ширинипазӣ, наҷҷорӣ ва кор бо маъдан сару кор доранд.

Президент дар маҳфилҳои номбурда бо шароит шинос гардид.

Зимни мулоқот бо аъзои Шӯрои директорони мактабҳои шаҳри Тошканд дар бораи арзишҳо ва эҳтироми меҳнати муаллимон сухан ба миён омад.

– Замонҳое буданд, ки эътибор ба касби омӯзгор заиф гашта буд. Ҳоло мо кӯшиш менамоем, ки нуфузи ин касби шарафнокро барқарор намоем ва аз лиҳози моддӣ муаллимонро рағбатнок созем. Сохтмони Тошканди Навро мо ба нақша гирифтаем, ки аз гузоштани пойгоҳи бинои Донишгоҳи педагогӣ оғоз намоем. Зеро меҳвари Ӯзбекистони Нав муаллимон ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳамеша дар болои худ кор кунанд, дониш ва услуби худро инкишоф диҳанд, – гуфт роҳбари давлат.

Дар бобати истифодаи пурраи имконоти нави мактаб, боло бардоштани сифати таълим то дараҷаи мактабҳои президентӣ супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: