Ҳоло дар бозори тибби мамлакатамон фароҳам овардани муҳити рақобатбардори замонавӣ ва дар ин асос васеъ намудани имкониятҳои кумакрасонии босифати тиббӣ ва кафолатнок барои аҳолӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Аз ин сабаб, дар соҳаи тандурустии мамлакатамон ислоҳоти азим татбиқ мегарданд. Ин аст, ки сифат ва самарабахшии хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ афзуда, ҳамаи шабакаҳои тиббӣ рақамӣ кунонида шудаанд, ба соҳа зина ба зина низоми суғурта ҷорӣ мегардад.
Ба хусус, дар вилояти Сирдарё ба сифати озмун-таҷриба механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ ва омодасозии тарҳи нави табобат ҷорӣ мегардад. Таҷрибаи мазкур аз соли ҷорӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳри Тошканд амалӣ мегардад. Аз ҳама муҳимаш, суғуртаи давлатии тиббӣ, ки дар муассисаҳои тиббӣ амалӣ мешавад, зина ба зина ба марказҳои тиббии илмиву амалии ихтисосонидашуда ва 22 ташкилоти тиббии нодавлатӣ низ ҷорӣ мегардад. Ин бошад, ба ташкилотҳои тиббии давлативу нодавлатӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ҳуқуқи хидматрасонии тиббиро медиҳад.
Ба мақсади таъмин сохтани рушди хидматрасонии кафолатноки тиббӣ ба муассисаҳои ибтидоии тиббӣ соли 2021-ум 66 навъи воситаҳои тиббиву доруворӣ, дар соли 2022 бошад, 120 намуди чунин воситаҳо аз тарафи давлат бепул расонда дода шуданд. Дар ҳудудҳое, ки механизми суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ гардид, барои беморони назоратии «Д», ки касалии доимӣ доранд, дар асоси ретсепти электронӣ низоми «реимбурсатсия» татбиқ шуд, ки бо 11 намуди воситаҳои доруворӣ амбулаторӣ муолиҷа мешаванд. Дар ин асосан, беморони заъфи дил, фишори баланди хун, диабети қанд ва касалиҳои доимии роҳи нафасдошта дур нарафта, доруҳоро аз поликлиника ё дорухонаи ба худашон наздик мегиранд.
Чорабиниҳое, ки ҳоло дар мамлакат дар соҳаи тибб татбиқ мегарданд, аз он дарак медиҳанд, ки давлат ӯҳдадории кафолатноки хидмати тиббиро ба зиммаи худ гирифтааст. Масалан, миқдори маблағҳои барои рушди соҳа ҷудошуда нисбатан зиёд шуд. Соли 2022 ба соҳаи тибб аз буҷет 29 трлн. сӯм ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2016 5 баробар зиёд мебошад. Дар панҷ соли гузашта миқдори маблағе, ки барои таъмини шифохона ва нуқтаҳои таъҷилии тиббӣ бо воситаҳои тиббиву доруворӣ ҷудо карда мешуд, 12 баробар зиёд гардид.
Бояд алоҳида таъкид намуд, ки пеш аз ҷорӣ гардидани механизми суғуртаи давлатии тиббӣ таҷрибаҳои оид ба соҳаи тибби якчанд давлат, мисли Сингапур, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Фаронса, Олмон, Норвегия, Русия ва дигарон омӯхта шуд.
Маълум гардид, ки ҳоло дар кишварҳои зиёд бунёдҳои суғуртавии тиббии махсус фаъолият мебаранд. Мақсади асосии онҳо маблағгузорӣ ба низоми суғуртакунонӣ ба тиббии маҷбурӣ барои таъмин кардани кумакрасонии босифати профилактикӣ ва тиббӣ барои беморон мебошад.
Ҳоло табиист, ки суолҳои суғурта чист, суғурта ба аҳолӣ ва тиб чӣ нафъ меорад, пайдо мешаванд. Бисёриҳо андеша доранд, ки суғурта як чизи маҷбурӣ ва бефоида аст. Зеро дар ҳолатҳои зиёд суғурта маҷбурӣ буда, одамон ба миқдори муайян маблағ пардохта, полисҳои суғуртаро харид мекунанд. Лекин ба сохтори суғуртавие, ки ҳоло ба низоми тандурустии миллӣ ҷорӣ карда мешавад, аҳолӣ пул намепардозад, ҳар як шаҳрванд дар доираи суғурта дар асоси пакети кафолатноки тандурустӣ аз ҳисоби буҷа суғурта кунонида мешавад. Бо ин маблағи аз буҷа ҷудошуда ба мақсадҳои муайян истифода мешаванд, ба беморон саривақт ташхис гузошта, сифати хидматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар мегардад.
Ба роҳ монда шудани низоми суғуртаи тибб ба беҳтар гардидани мустақилияти маблағгузории муассисаҳои тиббӣ, афзоиши механизмҳои рағбатноксозии моддии ходимони соҳа саҳм гузошта, имконияти рушди муҳити рақобат дар бозори хидматҳои тиббиро фароҳам меоварад. Хулоса, барои баланд бардоштани сифати хидмати тиббӣ ба аҳолӣ саҳми назаррас дорад.
Зумрад БЕКАТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.