ҚАДРУ МАНЗАЛАТИ ЗАН БЕШ АЗ ПЕШ БАЛАНД МЕГАРДАД

Бо котиби матбуоти Кумитаи оила ва занони назди Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғл, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саодат Бойназарова дар бораи баробарии гендерӣ, ҳуқуқи занон, табодули таҷрибаи Ӯзбекистон дар доираи байналмилалӣ ва мавқеи занону духтарони Ӯзбекистони Нав суҳбат намудем.

– Мехостам суҳбатро аз роҳандозии Форуми байналмилалии занон шурӯъ кунем, ки ба наздикӣ дар доираи Ҳафтаи ташаббусҳои байналмилалии шарикӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.
– Ҳадаф ва вазифаҳои форум аз  омӯхтани дастовард ва ташаббусҳо дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳо, шиносоӣ ва истифодаи васеи таҷриба дар самти дастгирии зан, таҳияи пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти зан дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муайян намудани самтҳои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни сиёсати гендерӣ, рушди таҳсилоти занон, имкониятҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими институти оила дар Ӯзбекистон, таъмини ҳуқуқи зан ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиёни конфронс аз корҳои мунтазаме, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои онҳо амалӣ мегардад, иборат буд.
– Дар бораи иштирокчиёни ин анҷуман ва муҳтавои он низ маълумот медодед.
– Дар ин ҳамоиш зиёда аз 25 нафар шахсони воломақом, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, 150 нафар занони роҳбару фаъоли ҷамъиятӣ ширкат доштанд. Коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ оид ба ҳуқуқи зан, манфиат ва таъмини баробарии гендерӣ, нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иштирок дар қабули қарорҳо, инчунин навоварӣ ва тавсеаи имкониятҳои онҳо дар соҳаи маорифро ба таври васеъ баррасӣ карданд. Илова бар ин, дар анҷуман масъалаҳои омӯзиш ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии оила, дастгирии ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии зан ва соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд.
– Ҳувайдост, ки дар бораи қадршиносии занони мамлакатамон аз тарафи Раисҷумҳур ва ҳукумат фикру назарҳои зиёд радду бадал гардиданд.
– Бале, дар анҷуман мавзӯи асосии баҳсу баррасӣ «Ӯзбекистони Нав – кишваре, ки зан қадрдонӣ мешавад» қарор гирифт. Зеро дар кишвари мо нақши занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сол аз сол тавсеа меёбад ва мавқеашон мустаҳкам мегардад.
– Дар даврае ба сар мебарем, ки брендҳои Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои гуногуни ҷаҳонӣ ширкат мекунанд ва дар ин самт зан низ нақши муассир дорад. 
– Дарҳақиқат, дуруст қайд намудед. Ин масъала аз тарафи коршиносони маҳалливу хориҷӣ дар доираи васеъ мавриди муҳокима қарор гирифт. Намоиши брендҳо ин равандро боз ҳам такмилу тақвият бахшид. Дар баробари ин, дар бизнес-форум роҳбарони Федератсияи байналмилалии истеҳсолӣ ва тиҷоратии марбути зан, мушовирони брендҳои заргарӣ ва мӯд, онҳое, ки дар тиҷорат ба муваффақиятҳои калон ноил шудаанд, дар хусуси таҷрибаи худ ҳарф заданд. Илова бар ин, вохӯриҳои соҳибкорони байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар формати B2B низ хеле шавқовару пурмаҳсул гузашт. Дар он  татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак муҳокима шуд.
Президент самтҳои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни сиёсати гендериро муайян карда додааст ва корҳо тибқи он пеш мераванд. 
– Дар ин росто боз чиҳоро метавон илова намуд?
– Барои баланд бардоштани обрӯйи занон ва тақвияти нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа мазмун ва мундариҷаи чанд ҳуҷҷат такмил ёфт, аз тарафи Президент 14 фармон ва қарор, аз тарафи ҳукумат 25 қарор содир гардид, ду қонун қабул карда шуд. 
– Дар бораи қадршиносии занон ва мақому манзалати вай дар мамлакат чанд сухан мегуфтед.
– Барои хидматҳои шоёнашон дар назди Ватан ва халқи мо 17 нафар занон бо мукофоти олӣ – унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» сарфароз гардидаанд. 12 нафар олимон, ки мактабҳои нави илмӣ ба вуҷуд оварданд, унвони илмии «Академик» гирифтаанд. Танҳо дар се соли охир 463 нафар занон унвони доктори илм (DSc), 2 ҳазору 816 нафар унвони доктори фалсафа (PhD)-ро соҳиб гардидаанд. Бо нишони сарисинагии «Зани мӯътабар» 1 ҳазору 451 нафар занон мукофотонида шуданд. Дар асоси тавсияи Кумитаи оила ва занон наздики 5 ҳазор нафар занон ба мактабҳои олӣ ба таври имтиёзнок қабул карда шуданд.
– Дар мавриди муайян намудани теъдоди занону духтароне, ки ба чунин имтиёзҳо ниёзманданд, то чӣ андоза ҷорӣ гардидани системаи «Дафтари занон» мусоидат намуд?
– Ин мавзӯи асосӣ дар чанд соли охир барои мамлакати мо маҳсуб меёбад. Ҷорӣ гардидани чунин система ҳаллу фасли муаммоҳои зиёди занону духтарони маҳаллиро осон гардонид. Аз ҷумла, ба 2 миллиону 404 ҳазору 106 нафар занони звеноҳои 1-2-3-юм ёрии амалӣ расонда шуд. Ба ин корҳо зиёда аз 3,2 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Имрӯз дар марҳилаи 4-ум аз 1 миллиону 680 ҳазор нафар занони ниёзманд ба 719 ҳазору 697 нафар (71,9 фоиз) кумаки амалӣ расонида шуд.  Дар зарфи 5,5 соли охир 26,3 ҳазор оилае, ки саробони худро аз даст додаанд ва ё занони эҳтиёҷманд ҳастанд, бо манзил таъмин карда шуданд. Ба 17 ҳазору 461 нафар ҷубронпулии иҷора дода шуд, 12 ҳазору 861 хонаи шаҳрвандон таъмир гардид. Гузашта аз ин, ағлаби 3,5 ҳазор зане, ки ба амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ниёз доранд, 57,9 миллиард доллар пардохт хоҳад шуд. Барои солим гардондани бештар аз 33 ҳазор нафар занону кӯдакони маъюб 32,6 миллиард сӯм ихтисос дода шуд. Боз дигаргуниҳо дар ин самтро метавон қаламдод намуд, ки маҳз ба шарофати татбиқ намудани ғояи консептуалии «Оилаи обод — асоси рушди ҷомеа» ва такмили институти оила амалӣ карда мешаванд. Дар мамлакатамон 15 май – Рӯзи байналмилалии оила ба таври васеъ таҷлил мегардад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ озмуни «Оилаи намунавии Ӯзбекистони Нав» роҳандозӣ шудааст.

Суҳбаторо
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: