Сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи муштараки «Jurabek laboratories» дар шаҳри Олмалиқ шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи муштараки «Jurabek laboratories» дар шаҳри Олмалиқ шинос шуд. Корхона қодир аст 48 миллион флакон маҳлули инфузия, 480 миллион ампул, 60 миллион антибиотики хушк, 20 миллион доруи лиофилизатсияшуда истеҳсол кунад.

Дар ин ҷо лабораторияи GLP фаъолият дошта, стандарти байналмилалии GMP ҷорӣ карда шудааст.

Корхона зиёда аз 300 номгӯи маҳсулотро ба қайд гирифтааст. Маҳсулот ба зиёда аз 15 кишвар содир карда мешаванд.

Инчунин, чунин доруҳои дар шароити пандемияи ҳозира серталаб ба монанди ремдесивир, фавипиравир, гепарин, эноксапарин истеҳсол карда мешаванд.

Татбиқи лоиҳаи нави биотехнологӣ ба маблағи 30 миллион доллар оғоз ёфт, ки ба ташкили истеҳсоли доруҳо дар шакли антителаҳои моноклониалӣ нигаронда шудааст.

Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсоли ваксина алайҳи коронавирус ба роҳ монда шавад. Сарвари давлат бо имконоти барои ин зарурии техникии корхона шинос шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: