ТАМОЮЛИ «ДУ ЗАБОН ВА ЯК КАСБ»

Бо ташаббуси Сарвари давлат дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низоми таълими ду забони хориҷӣ ва як касб ҷорӣ карда мешавад.

Дар ин самт дар вилояти Бухоро корҳои самарабахш анҷом дода мешаванд. Он соли хониши гузашта оғоз шуда, ин система дар 9 мактаби шаҳри Бухоро, ноҳияҳои Ғиждувон ва Шофиркон ҷорӣ карда шуд. Барои ба роҳ мондани касбомӯзӣ барои муҷаҳҳазсозии технологии утоқҳои мактабҳои Бухоро 1,6 миллиард сӯм,  мактабҳои ноҳияи Ғиждувон – 1 миллиарду 130 миллион сӯм, нохияи Шофиркон – 1 миллиарду 160 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Ба ин мактабҳо ҳамагӣ 270 адад 45 намуди таҷҳизот дода шуданд.
Дар ҳар як ноҳия (шаҳр)  барои таълими ду забони хориҷӣ ва як касб дар як вақт як мактаб (ҷамъ 13) интихоб карда шуд, ки онҳо дар асоси талаботи пешбинишуда муҷаҳҳаз шудаанд. Дар 20 муассисаи таълимии касбӣ барои касбомӯзии хонандагони мактабҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Дар соли 2024 ба ин низом гузарондани 33 мактаби дигар дар вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Корҳо оид ба таълими ду забони хориҷӣ ва як касб ба хонандагони мактабҳо дар асоси қарори муштараки Раёсати маорифи томактабӣ ва мактабии вилоят, Раёсати вилоятии Бунёди ҷумҳуриявии дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний», Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ва шуъбаи вилоятии Агентии кор бо ҷавонон сурат мегирад.
– Дар доираи як қарори муштарак 26 мактаб интихоб карда шуд, – гуфт сардори раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Фаррух Қурбонов. – Ба ин мактабҳо омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шуда, корҳои таълими забону касбҳо ба роҳ монда шудааст.
Роҳбарони ташкилотҳои шарик ба мактабҳои рақами 10-уми ноҳияи Пешку ва рақами 8-уми ноҳияи Ғиждувон омаданд. Бо шароити фароҳам овардашуда, кори маҳфилҳо ва машғулиятҳои иловагӣ шинос шуданд. Ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани кор дар ин самт тавсияҳо дода шуданд.
Омӯзгороне, ки дар асоси тамоюли «Ду забон ва як касб» намунавӣ фаъолият нишон медиҳанд, аз ҷониби намояндагони шуъбаи вилоятии фонди «Нуроний» ҳавасманд гардонда шуданд. 

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.
Сурати ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: