Президенти Ӯзбекистон бо ҳайати Русия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳайати Русия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳайати Русия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо ҳайати Русия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март ҳайати вакилони Федератсияи Русияро таҳти раҳбарии Президенти Тотористон Рустам Миннниханов қабул кард.

Ҷанбаҳои амалии густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тотористон баррасӣ шуданд.

Натиҷаҳои аввалини назарраси ривоҷи муносибатҳои шарикию ҳамкории корхонаҳои пешқадами ҳар ду мамлакат мувофики созишномаҳои аз ин пеш ҳосилшуда бо камоли қаноатмандй қайд карда шуданд.

Ҳаҷм меафзояд ва доираи савдои мутақобила сифатан васеъ шуда, як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ мегарданд. Имрӯз лоиҳаи нави муштараки парки технологии “Чирчиқ” дар вилояти Тошканд оғоз гардид.

Барномаҳои муҳими башардӯстона, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва фарҳанг амалӣ мешаванд.

Ба пешбурди минбаъдаи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт ва логистика, дорусозӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар бораи идомаи робитаҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун ва кори муштарак дар асоси “харитаи роҳ” созиш ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: