Президенти навинтихобшуда Шавкат Мирзиёев 6 ноябри соли равон ба муносибати ба вазифа оғоз намудан маърӯзаи пурмуҳтавое эрод намуд.
Президенти навинтихобшуда Шавкат Мирзиёев 6 ноябри соли равон ба муносибати ба вазифа оғоз намудан маърӯзаи пурмуҳтавое эрод намуд. Вай дар рафти суханронӣ, аз ҷумла, изҳор дошт: «Барои ташаккул додани асоси Ренессанси сеюм дар мамлакатамон мо ба дониши замонавӣ ва тарбия ниёз дорем. Такрор мекунам: дониш ва тарбия. Ба мо муаллимону мураббиёни баландихтисос, профессору омӯзгорон ва зиёиёни ҳақиқие лозиманд, ки дар роҳи рушди имрӯзу фардо ва тақдири ҷавонон бори масъулиятро ба дӯши худ гирифта тавонанд.
Бояд рӯйирост иқрор шуд, ки ҳамаи мо аз ин одамони меҳнатдӯст ва фидокор қарздорем. Аз ин рӯ, ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо тамоми нерӯю имкониятамонро ба кор мебарем, то меҳнати муаллимону профессоронро ба таври бояду шояд ҳавасманд гардонем. Барои то соли 2025 ба муодили 1 ҳазор доллар расондани музди меҳнати омӯзгорони тоифаи олӣ чораҳо андешида мешаванд».
Сарвари мамлакатамон аз соли аввали ба кор шурӯъ намуданаш ба соҳаи таълим ва тандурустӣ рӯйи эътибор гардонд. Қарору фармонҳои созандаи дар соҳаи низоми таълим ва тандурустӣ ба тасвибрасондааш ин гуфтаро собит менамоянд. Фикр мекунам, ин эътибору ғамхориҳои ӯ такя ба таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон дорад. Ин натанҳо талаби сарвари мамлакат, балки талаби замони нав низ ҳаст, ки насли ҷавони тарбиядида ва бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ дошта бошем. Ба ин мақсад дар кишварамон биноҳои кӯдакистон ва мактабҳои таълими ҳамагонии нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ бунёд мегарданд, бо мурури вақт дар ҳама соҳаҳо технологияи рақамӣ ҷорӣ мегардад...
Як чиз касро ба андеша водор месозад. Дар мактабҳои таълими ҳамагонии мо метавон гуфт, ки барои омӯхтани асосҳои илм шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Вале наметавон натиҷаи ниҳоиро дар бахши таълиму тарбия қаноатбахш ҳисобид. Суоле пайдо мешавад, ки оё насли имрӯз асосҳои илмро пурра аз худ карда истодааст? Афсӯс, ки ба ин суол наметавон ҷавоби қаноатбахш гирифт.
Абӯалӣ Сино, Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Ал-Хоразмӣ ва дигар нобиғагони илму адаби асрҳои миёнаи мо дар шароити на он қадар хуб, дар партави шамъ илму донишҳои замони худро омӯхтаанд. Вале чаро дар мактабҳои фароху рӯшан ва муҷаҳҳази мо олимону шоирони сатҳи ҷаҳонӣ ба камол намерасанд? Фикр мекунам, асоси Ренессанси сеюм, қабл аз ҳама, дар мактаб ташаккул меёбад. Сарвари мамлакат мегӯяд, ки ба мо муаллимону мураббиёни баландихтисос, профессору омӯзгорон ва зиёиёни ҳақиқӣ лозиманд. Аз ин гуфтаи ӯ бармеояд, ки дар кӯдакистону мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими олии мо муаллимону мураббиёни баландихтисос, профессору омӯзгорон ва зиёиёни ҳақиқӣ ангуштшуморанд. Чӣ бояд кард то зиёд шаванд?
Пӯшида нест, ки кадрҳои педагогӣ — мураббиёну муаллимони баландихтисос, профессорону омӯзгорон ва зиёиёни ҳақиқиро донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ тайёр мекунанд. Фикр мекунам, қабл аз ҳама дар донишгоҳу донишкадаҳои педагогӣ набояд устодони сатҳи донишу малакаашон паст бо тайёр кардани кадрҳои педагогӣ сару кор дошта бошанд. Зеро устодони сатҳи донишу малакаашон паст шогирдони сатҳи донишу малакаашон пастро тайёр мекунанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳу донишкадаҳои педагогӣ набояд донишҷӯёни тасодуфӣ, онҳое, ки ба ин касб меҳр надоранд, бо таҳсил фаро гирифта шаванд. Ёдам ҳаст, дар даҳсолаҳои охири аҳди шӯравӣ ҷавоне бисёр мехост ба институти тиббӣ дохил шавад, вале офтоби бахт ба рӯяш нахандид. Соли дигар, хилофи хоҳишу иродаи худ, ба хотири диплом, ба донишкадаи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурд. Ин гуна ҷавонон кам нестанд. Баъди қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълими олӣ ҳеч кас имтиҳон намекунад, ки онҳо ба сабақ додан ва тарбияи насли ҷавон кашишу кӯшиши дарунӣ доранд ё на. Дар донишкадаву донишгоҳҳо «донишҷӯён»-е таҳсил мекарданд ва мекунанд, ки баъди дипломро ба даст гирифтан, ба сари худ ҷумлае тартиб дода наметавонанд. Вале бо чунин сатҳи дониш дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар вазифаҳои баланд кор мекунанд... Ҳеч кас зарари ба ҷамъият ва давлат расондаи онҳоро ҳисобу китоб намекард ва намекунад. Ҳамчунин, «омӯзгоре»-ро медонам, ки ба «танка»-и худ маблағи заруриро пардохта, мактаби олиро бо мағзи холӣ хатм карда буд. Вале ба сабаби он, ки донишу малака надошт, по ба остонаи мактаб наниҳод... Дертар фаҳмидам, ки барои ӯву волидайнаш ҳамин гап кофӣ будааст, ки дигарон гӯянд: «Фалонӣ маълумоти олӣ дорад». Имрӯз мо ҳис карда истодаем, ки бе дониш ва мутахассиси соҳа қадаме ба пеш гузошта наметавонем.
Мегӯянд, ки усули қабули тест ба мактабҳои олӣ пеши роҳи ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудани ҷавонони тасодуфӣ ва сатҳи донишашон пастро гирифт, дигар ба донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ низ ҷавонони қобилиятнок дохил мешаванд. Илоҳо, ин гуфта рост бошад!
Ба ҳамаи мо устодон дарс додаанд. Дар байни омӯзгорон инсонҳои фидоӣ ва донишманд кам нестанд. Мо ба ивази донишу малака ва тарбияи гирифтаамон дар назди онҳо қарздорем. Бино ба гуфтаи сарвари давлат музди меҳнати омӯзгорони тоифаи олӣ то соли 2025 ба 1 ҳазор доллар расонда мешавад. Ҳоло омӯзгорони тоифаи олии мактабҳои таълими ҳамагонӣ то 4-5 миллион сӯм маош мегиранд. Дар оянда ин миқдор маош барои чӣ дода мешавад? Фикр мекунам, барои он дода мешавад, ки омӯзгор, хоссатан омӯзгороне, ки дар деҳаҳо ба насли ҷавон дарс медиҳанд, бояд масъулиятро ҳис кунанд, ҳама кори худро як сӯ гузошта, бо таълиму тарбия машғул шаванд, донишу малакаи худро пайваста такмил диҳанд, по ба пойи замон раванд, технологияи рақамиро омӯзанд ва омӯзонанд. Дар ҳамон сурат ҷавонони лаёқатманду ихтироъкор зиёд мешаванд, олимони сатҳи ҷаҳонӣ ба камол мерасанд, мамлакатамон гул-гул мешукуфад.
Иззатулло АЛИБОЕВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби
миёнаи таълими ҳамагонии рақами 38-уми
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.