САЁҲАТ БА ОЛАМИ ЧОҲҲО

Аз қадимулайём аҷдоди мо ба донишу маҳорати худ такя намуда, роҳи сохтани корез-чоҳҳо ва аз онҳо самаранок истифода бурданро фикр кардаанд.

Аз ин усули корбарӣ хориҷиён низ ангушти ҳайрат газидаанд. Ҳангоми саёҳат ба қаторкӯҳҳои Нурато қадам ба қадам гувоҳи воқеаҳои аҷоибу ғароиб гардидам. Бино ба ривояту афсонаҳо гӯё аз чашмаи Нур ба осмону фалак нур меборидааст...
Яке аз масканҳои қадимаи доманакӯҳҳои Нурато деҳаҳои Оқтов ва Қаратов мебошанд, ки сокинонаш меҳнаткаш, кушодадил бу-да, аз макону зодгоҳи бобоиашон, ки хуни нофашон дар он ҷойҳо рехтааст, аз урфу одат, арзишҳои мил-лӣ, инсонҳои пурдидаву дарёдилашон бо фахру ғурур ва меҳру муҳаббати бепоён ҳарф мезананд. Албатта, зиндагии мардум, ки онҳоро аз як тараф кӯҳҳои баланди осмонбӯс, аз ҷониби дигар саҳрои Қизилқум иҳота карда, ба умеди оби чоҳҳо ва сойҳои баҳорӣ умргузаронӣ кардаанд, осон нагузаштааст. Ба ин ҳангоми дидани кӯҳу тепагиҳои хушкшуда, гандумзорҳои як ваҷаб сабзидаву хӯша набаста, аз хусуси оҳу нолаи мардум барои як бурда нону ризқу рӯзӣ қиссаҳо шунида будам.
Дар ибтидои асри XXI дар тӯли зиёда аз ҳафт сол воҳаи Нурато аз беобӣ азият кашид...
Чиллаи тобистон. Ҳаво чун танӯри тафсон гарм. Дар яке аз чунин рӯзҳои гарм роҳи Нураторо пеш гирифтам. Сабукрав аз маркази шаҳри Навоӣ 80 километр роҳро тай намуда, маро ба манзил расонд.  Доманакӯҳҳои Оқтов ва Қаратов дар шимолу шарқ, аз Самарқанд бошад, дар масофаи 256 километр қад кашида, ба сарҳадҳои ноҳияҳои Нурато, Навбаҳор, Конимех, Қизилтепа, Хатирчӣ, Қӯшработ, Ғиждувон мепайвандад. Қисми ҷанубӣ ва маркази Нурато бо пуштаҳои мӯъҷизаноки кони Оқтов ва чуқуриҳои байни онҳо иҳота шудааст. Аҳолии деҳаҳои Гумсой, Оқсой, Фангатсой, Навкатсой, Оқчобсой ва ғайра аз манбаъҳои обҳои табиат ташнагии худро қонеъ гардондаанд. Дар асл ин сарзамин дар иҳотаи кӯҳҳо. Аҷибаш дар он аст, ки аз пуштаҳои Нурато дарё мустақилона сар намегирад, сойҳо асосан ба воҳаи Зарафшон ва паҳноҳои Қизилқум ҷорӣ мешаванд. Оби ҳаёт неъматест, ки баробари ба Замин-Модар, ба олами зинда ҳаёт ва нафосату зебоӣ бахшидан, пешгирандаи низоъу ҷанг, неруи сеҳрбахши меҳру муҳаббат, осоиштагӣ ва файзу баракот мебошад. Хокаш бошад, мисли тилло медурахшад. Дар ин заминҳо мавизи сиёҳ парвариш карда мешавад, ки ба камобӣ тоб оварда метавонад. 
...Рӯзгоре газворҳои гуногун ва чиннивориҳоро ба шутурҳо бор мекарданд. «Киштиҳои саҳро» кафки даҳонашонро пош дода, чунин борҳои вазнинро дидам намегуфтанд. Дар шутури аз ҳама пеш сорбон – шахси лоғари бузрише менишаст. Онҳо аз Самарқанд ба Нурато роҳ пеш гирифтанд. Корвониҳо раҳораҳ аз манзараҳои аз якдигар зебою дилкаш лаззат мебурданд. Онҳо то ба қалъаи Нур расидан ба корезҳо-чоҳҳо дучор мешуданд ва аз оби онҳо нӯшида, неруи тоза гирифта, боз роҳи худро давом медоданд. Агар чоҳҳо намебуданд, дар дашту саҳро оё ба як қатра об зор намешуданд? Барои ин ба аҷдодонамон ҳазорҳо раҳмат. Охир онҳо дорои ақли расову таҷрибаи зиёд буданд-да! Онҳо аз қадим дар қаъри замин будани оби ҳаётро донистаанд. 
Инсон заминро азиз медорад, ҳифз менамояд. Туфайли чунин меҳру садоқат ба замин аз бағали хоки нуқрагин корезҳо канда, ба оби зулол ва ширини он қаноат карда, умргузаронӣ кардааст. 
Барои ташнагии заминҳои васеъро шикастан танҳо оби Нурбулоқ камӣ мекунад. Дар ин бора одамон ба таҷрибаи ҳазорсолаи гузаштагон такя намуда, ба равиши об, ки аз боло ба поён ҳаракат мекунад, нигоҳ карда, кандани корезҳоро кашф намуданд. Ва ин усули кор эҳтиёҷи аҳолиро бо об қонеъ гардонд.
Чоштгоҳ. Ҳаво гарм. Чуғур-чуғури мусичаҳо гӯё аз шукронаи ҳаёту зиндагӣ дарак буд. Одамон дар даст каланд, бел, зоғнул, болға барин ашёҳои кориро гирифта, ба кандани чоҳ оғоз намуданд. 
– Хонаатон аз гандум, аз ризқу рӯзӣ пур шавад, зудтар ҳаракат кунед, – шунида шуд овози ғафси сардор. Аз шунидани овоз ҷунбуҷӯли коргарон афзуд. Пас аз чанд муддат чоҳҳо паси ҳам канда шуданд. Мӯйсафеде бо як чусту чолокӣ ба пеш баромад ва ба оби аз чоҳ баромада ду-се қабза коҳ партофт. Об пояи гандумро ба ҷониби Шарқ равон кард. Мӯйсафед гуфт, ки аз он тараф бояд корез канд. Хулоса, маҷмӯи чоҳҳоро корез меноманд. Бояд гуфт, ки ҳар як маҷмӯъ аз сад ва аз ин ҳам зиёд чоҳҳоро дарбар мегирад. Дар ҳудуди Нурато аз чунин маҷмӯи чоҳҳо зиёда аз 360-то мавҷуд буд.
Вақте ба олами корезҳо фурӯ рафтам, ба ҳолати аҷибе рӯ ба рӯ шудам. Даставвал 10 ва аз он зиёд чоҳро то баромадани об меканданд. Масофаи байни онҳо аз чордаҳ метр кам набуд. Дар сари ин кор миробҳои ботаҷриба меистоданд. Онҳо шумораи чоҳҳо, тарзи кандан ва босифат рафтани ҷараёни корро таҳти  назорат мегирифтанд. 
Ҳангоми саёҳат ба олами корезҳо бо миробҳо суҳбат кардам. Боре нависанда ва кишваршиноси нуратоӣ Ҳамдамбобо Эшонқулов, ки таърихи сарзаминашро хуб медонист ва барои омӯхтани аҳамияти корезҳо китобҳои зиёдеро варақ задааст, ҳикояи шавқоварро нақл кард: «Ҳангоми саёҳат ба олами корезҳо гувоҳи ҳолатҳои аҷиб шудам. Баъзе аз ин ҳолатҳоро шарҳ доданиам. Бо назардошти сатҳи чоҳҳои дигар аз умқи чоҳҳо аз чоҳ ба чоҳи дигар канал гузаронда шудааст. Дар натиҷаи ин обҳои зеризаминӣ мисли фаввора беист ба боло меҷаҳидагӣ шудаанд. Саволе пайдо мешавад, ки чоҳҳоро то оби зери замин норасида чӣ қисмат интизор аст? Аз ин гуна чоҳҳо ҳаво аз як чоҳ ба чоҳи дигар гузаштааст. Ҳаво намегузорад, ки оби чоҳҳо дар як ҷо ҷамъ шуда монад. Охир падару бобоёнамон беҳуда нагуфтаанд, ки «Об дар як ҷо истад, гандида мешавад». Ҳаво обро ба ҳаракат дароварда, гӯё тозашавии онро таҳти назорат мегирад. 
Шояд калимаи «корез» диққати хонандаро ҷалб намояд. Корез, ки аслаш «коҳрез» аст, калимаи форсии тоҷикӣ буда, рехтани коҳро мефаҳмонад, ки барои маҷрои обро санҷидан қадимиён ба чоҳҳо коҳ мерехтанд. Аз нигоҳи илм «корез» иншооти зериобиест, ки барои ба рӯй баромадани об, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва обёрии заминҳо сохта мешавад. Ҷое хондам, ки он дар Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубию Шарқӣ бештар паҳн шудааст.   
Аз чӣ бошад, ки аҳолии кӯҳистон (қаторкӯҳи Нурато) ин вожаро бештар ба забон мегирад. Аҳолӣ барои оби равон ҷангҳои даҳонӣ мекардаанд, баъзан худсарӣ карда обро ба замини корами худ гирифтаанд. Таассуфовараш ин аст, ки ба ин гуна баҳсҳо пиронсолон низ шарик шудаанд. Ба мақсади пешгирии ҷанҷолҳо дертар обро банавбат мегирифтагӣ шудаанд. 
Дар кофтани як корез аз бист хоҷагӣ 40-45 нафар иштирок кардаанд. Дар тақсими об ба адолати иҷтимоӣ ва мазмунҳои ҳақиқат амал намудаанд. Масалан, дар як рӯз ба понздаҳ хоҷагӣ об дода шудааст. Соҳибони заминҳои наздиҳавлӣ аз оби корез соле ду маротиба ҳосил гирифтаанд. 
Хулоса, яке аз усулҳои басе арзон истифода аз оби ошомиданию обёрикунандаи заминҳо корез будааст, ки маҳсули ақлу заковати аҷдоди мост. Дар рафти сафари музофоти Нурато номи чанд корезро муайян намудем, ки инҳоянд: «Нуробод», «Қизилканда», «Мерӣ», «Мазор», «Хайробод», «Султон», «Мастон», «Бегалӣ», «Тайла», «Корезгар». Одамон нақл мекунанд, ки корезҳоро дар тӯли бист рӯз, баъзан се моҳ кандаанд. Таърихи канда шудани баъзе корезҳо дар номи онҳо таҷассум ёфтааст. 
– Корезҳои «Мос» ва «Зулм» ба ҳисоби абҷад соли 970-уми милодӣ ва солҳои 1533–1534 ҳиҷриро нишон медиҳанд, – мегӯяд Машариф Боқиев. 
Бояд гуфт, шояд як савол дар ин миён пайдо шавад, ки магар имрӯз ҳам аз сохтори корезҳо, ба мақсади обёрӣ истифода кардан мумкин аст? Афсӯс ки имкони кандани корез вуҷуд надорад. Ба замми ин, корезҳои кӯҳпояи Нурато корношоям шудаанд. Обҳои зеризаминӣ низ то ҷое поин рафтаанд, ки заминро понздаҳ-бист метр ба умқ ковед ҳам, оби ҳаёт фаввора зада намебарояд. Баъди 50-60 метр кофтан аз чоҳҳои артезанӣ, ки бо қувваи барқ кор мекунанд, бо душворӣ об мебарояд. Вақте вориди деҳае гардидем, ки он дар баландӣ ҷой гирифтааст, мизбонон маро ба сари корези асосие бурданд. Онро дақиқ аз назар гузарондам. Чоҳ зери хок мондааст. Танҳо баъзе нишонаҳо боқӣ мондаанд. Мӯъҷизае пеши назар омад. Об аз зери замин мисли ҷӯйча ҷорӣ мешуд. Чоҳҳо бошад, мисли сарбозоне, ки гӯё саф ороста бошанд, кофта шудаанд. Пасон онҳо  дар зери замин ба ҳам мепайванданд. Бубинед, бо иродаи Худо ба шарофати ақлу заковати инсон аз оби ҳаёти зери замин одамон, киштзорҳо ва ҳайвону паррандагон баҳраманд мешаванд. Оби корез мисли оби чашма ширин аст. 
– Хусусан тобистонҳо оби ширини корезро нӯши ҷон карда дар чарогоҳҳои бепоён гӯсфанд бонӣ кардаем, – мегӯяд бобои Тилло овони кӯдакиашро ба ёд оварда. 
Дар гиру пеши корезҳо суруду бадеҳаҳои халқӣ танин андохтаанд. 
Дар китоби муқаддаси «Авасто» омадааст, ки об дар ситораҳо пайдо шуда, ранги нуқрагинро гирифтааст. Аҷобат дар он аст, об – рӯшноӣ ба ҳама ҷо бо табассуму ханда ворид шуда, ба чашмҳо нур, ба дилҳо сурур мебахшад. 

Улуғбек ҶУМЪАЕВ, журналист.                                     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: