НОМИ НЕКӮ БУВАД ЁДГОР

Чун 18-уми июли соли 1987-ро ба хотир орам, диламро ғуссаи талх фишор меовараду беихтиёр оҳи бадард мекашам.

Зеро пеши назарам симое падидор мешавад, ки дар дил ҳазору як орзуи ширин дошту аз ҳавои беғубори ватани маҳбуб нафаси тоза гирифтан мехост, аммо дар Афғонистон ҳамчун сарбози байналмилал гулгункафан шуда, алъон дар қуттии оҳанин, ки аз Кобул ба сифати «Груз-200» оварда буданд ва вазифаи тобутро иҷро мекард, ба хоби абадӣ рафта буд. Он рӯзи саратон, ҳарчанд ҳаво ниҳоят гарм буд, аз дуру наздик мардуми бисёре ҷамъ омада, қаҳрамонро ба роҳи охирин гусел мекарданд.
Як даста аскарҳои бо автомат мусаллаҳ бо пилки гирифта, маҳзуну хомӯш намегузоштанд, ки волидайну хешу пайвандон ва ёру дӯстон тобути оҳанинро кушода, ӯро дафъаи вопасин бинанд.
Чанд нафар аз роҳбарони ноҳия ва комиссариати ҳарбӣ ба инҷо омада, ба падару модари Олег Шариков ҳамдардӣ изҳор карданду корвони мошинҳои гуногун зери мусиқии асбобҳои нафасӣ аз шаҳраки фабрикаи мурғпарварӣ ҷониби қабристони «Братство»-и шаҳри Самарқанд таноби роҳ кашиданд. Баъди баромади вакилони қисми ҳарбӣ ва созмони комсомоли вилоят тобутро ба қабр гузоштанд ва автоматҳо ба «сайр» даромаданд, садои дилхароши онҳо лаҳзае фазои хомӯши қабристонро халалдор кард.

Дар остони Ҳиндукуш

Яке зуд созад, яке дертар,
Саранҷом бар марг бошад гузар.
(Абулқосими ФИРДАВСӢ).
Олег дар шаҳраки фабрикаи паррандапарварӣ (ҳоло Шамсиобод) таваллуд ёфт. Аз бачагӣ бо ҳамсолонаш унс гирифт. Бо онҳо аз паси тӯб метохт, то ба дарвозаи рақиб гол занад. Хуб гитара менавохт, чун захма ба тор мезад, мухлисонаш кафкӯбӣ мекарданд. Олег рустабор буд, вале тоҷикиро хуб медонист. Шояд аз ҳамин сабаб баъди хатми омӯзишгоҳи техникии Самарқанд ва ба даст гирифтани гувоҳномаи ронандаи трактор ӯро ба Афғонистон фиристоданд. Аввал дар омӯзишгоҳи ҳарбии Тирмиз рондани танку БТР-ро мукаммал ёд гирифт. Пас аз се моҳ ба Кобул ва бо чархбол ба қисми асосӣ омад, ки дар яке аз ағбаҳои Ҳиндукуш ҷойгир буд... 
Хабар расид, ки дар деҳаи ҳамсоя як гурӯҳи калони душманони мусаллаҳ барои ғорат ва харобиҳои навбатӣ ворид шудаанд.
Командири баталион ба хобгоҳи сарбозон даромада пурсид, ки кадоме аз ҳозирон ба разведка меравад. Хобгоҳро лаҳзае хомӯшӣ фаро гирифт. Аввалин шуда Олег аз саф баромад ва ба иҷрои супориш тайёр будани худро эълон кард.
Баъд боз се нафар даст бардошта, изҳор карданд, ки ҳамроҳи Олег Шариков дар амалиёти ҳарбӣ иштирок мекунанд.
Мошини зиреҳпӯш ба роҳ баромад. Субҳидам насими форам рӯю мӯйи ихтиёриёнро нарм-нарм навозиш карда, аҷаб ҳаловате мебахшид. Ҳамсилоҳон ба ҷойи даркорӣ расиданд. Хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Вале ногаҳон аз паси санги бузург оташкушоии душманон оғоз ёфт. Дастаи ҳушёр мавқеъро ба нишон гирифт ва баъди муддате боз ҳама ҷо хомӯш шуд. Олег аз паногоҳ баромад, то вазъиятро мушоҳида кунад. Вале аз куҷое тири дайду ба тахтапушташ хӯрд. «Оҳ» гӯён ба замин афтод, дӯстон ӯро кашолакунон ба паногоҳ гирифтанд. Аммо вай то ба госпитал расидан аз хунравии зиёд ҷон ба ҷонофарин супурд.
Аз таъзияномаи қисми ҳарбӣ ба падару модари Олег Шариков:
«Муҳтарам Владимир Григоревич ва Тамара Аркадевна!
Писари шумо, аскари қаторӣ Олег Шариков 18-уми июли соли 1987, ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ, қаҳрамонона ҳалок гардид.
Мо дар шахси ӯ рафиқи ҷангӣ, дӯсти беҳтаринро талаф додем. Ба андӯҳи шумо нисбати марги бемаҳали писаратон шарик ҳастем».
Парвоз ба абадият

Биё, имрӯз қадри ҳам бидонем,
Ки то фардо зи якдигар намонем.
(МАВЛАВӢ).

Моҳи марти соли равон телефони дастиам садо дод, аз он овози шиноси Эркин Мавлонӣ – раиси иттиҳодияи ҷанговарони байналмилал ва ногироҳои «Ветеран»-и вилояти Самарқанд ба гӯш расид, ки аз шаҳри Санкт-Петербург омадани Ирик Букамбаевро хабар медод. 
– Аз шумо илтимос, – ниҳоят ба мақсад гузашт вай, – ба мо ҳамроҳ шавед ва дар пайдо кардани қабри Олег Шариков кумак расонед.  
Дар қабристони «Братство», ки вакилони миллатҳои гуногун ва хоса ҳарбиён манзили охират ёфтаанд, бо мадади гӯрков Равшанбобо қабри Олег Шариковро ёфтем, ки вазъи табоҳ дошт. Маълум буд, ки қабр солҳои дароз бенигоҳубин мондааст ва санги ёдгорӣ таъмирталаб аст.
Ирик ба Санкт-Петербург занг зад ва аҳволро ба ҳамяроқони худ фаҳмонд. Дӯстони ҳамсангари Олег маблағ ҷамъ карда, ёдгории нав гузоштанро ба ӯҳда гирифтанд.
18-уми июл ба муносибати рӯзи вафоти Олег дар қабристон маросими гузоштани лавҳаи ёдгорӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба ҳамин муносибат аз Русия, Қазоқистон, Тошканд, Бухоро, Панҷакент ва дигар шаҳру вилоятҳо меҳмонон омаданд. Раиси иттиҳодияи ҷанговарони байналмилал ва ногироҳои Ӯзбекистон Талъат Муродов иброз дошт, ки дар Афғонистон аз кишвари мо як ҳазору сесад нафар шаҳид шудаанд. Яке аз онҳо фарзанди далери Самарқанд, сарбози ба савганди ҳарбии худ содиқ Олег Шариков мебошад. Сад дареғ, ки қисмати талх ӯро дар бистсолагӣ аз байни мо бурд. Аз байн солҳо гузашта бошанд ҳам, ҳамсангарон Олег Шариковро фаромӯш накардаанд.
– Барои ман шараф аст, ки дар ин тадбир ширкат меварзам, – гуфт вакили ҳарбии сафоратхонаи Русия дар Ӯзбекистон генерал-майор Андрей Киндяков. – Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон падарони мо паҳлӯи ҳамдигар ба муқобили душман ҷангида, зафарманд шудаанд. Дар Афғонистон ҳам миллатҳои гуногун чун фарзандони як оила дар набардҳои шадид иштирок кардаанд. 
Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офаринаш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор… 
– Мо ду нафар, – гуфт меҳмон аз шаҳри Санкт-Петербург Геннадий Гончаров, – бо дӯстам Константин Жабинский омадем, ки дар гузоштани лавҳаи ёдгорӣ иштирок кунем. Зеро дар Афғонистон то лаҳзаҳои вопасин ҳамроҳи Олег будем. Ӯ низ чун ҳама инсонҳо зиндагиро дӯст медошт, баҳри боз ҳам зебову пурмазмун кардани он талош меварзид. Вай ҷавоне буд қавипайкар, ситорагарм, чеҳракушод, санъатдӯст. Бо гитара ба русӣ ва тоҷикӣ суруд хонда, ҳамаро ба рақс даъват мекард. Афсӯс, ки ҳамагӣ ду моҳ пеш аз ҷавобшавӣ дар амалиёти навбатӣ дар пеши назари мо ҳалок шуд.
– Додарам ба мо, хоҳарон, – бо ҳасрат лаб ба сухан кушод Лена Владимировна, ки аз Русия омада буд, – хеле меҳрубон буд. Дар лаҳзаҳои душвор кумаки худро дареғ намедошт. Амри тақдир будааст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ аз Самарқанд кӯч бастем. Хабари лавҳаи ёдгорӣ гузоштани ҳамсангарҳоро шунида, боз ба зодгоҳ омадем. Аз фурсат истифода бурда, ба ҳомиён миннатдорӣ изҳор мекунем.
Инчунин, собиқ директори мактаби 26-уми ноҳияи Самарқанд Ботур Холёров, раиси шуъбаи вилоятии иттиҳодияи ҷанговарони байналмилали «Ветеран» Эркин Мавлонӣ ва дигарон аз шаҳид ба некӣ ёд карданд.
Сипас, иштирокдорон дар «Хиёбони шаҳидон»-и шаҳраки Гулобод зери муҷассамаи Олег Шариков гулҳои тару тоза гузоштанд.
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор!

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА, 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: