Озмуни давраи чаҳоруми забон ва адабиёти тоҷик соли равон дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардид.
Озмуни давраи чаҳоруми забон ва адабиёти тоҷик соли равон дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардид. Самарқанд ва самарқандиён, ки бо меҳмоннавозиашон оламиёнро мафтун гардонидаанд, бори дигар ин фазилаташонро исбот карданд.
Имсол дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз ҳашт вилоят 18 нафар довталабон, ғолибони озмуни вилоятӣ иштирок намуданд. Иштирокчиён дар давоми ду рӯз аз рӯйи ду намуд – навиштани иншо ва тест қувваозмоӣ карданд. Ҳакамон аз омӯзгорони пешқадами ҷумҳурӣ ва устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд интихоб шуда буданд. Лаҳзаҳои ҳаяҷоновар фаро мерасид.
Баъд аз санҷида баҳо гузоштани доварон ғолибони озмуни навбатӣ муайян гардиданд.Ҷойи аввал бо гирифтани 86 хол насиби хонандаи мактаби 88-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё Зикрулло Абдуллоев (устодаш Зубайдулло Норимов) гардид. Хонандаи мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Гулрухсор Сафарова (устодаш Дилором Назарова) бо гирифтани 83 хол соҳиби ҷойи дуюм шуд ва хонандаи мактаби миёнаи шумораи 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Хосият Рӯзиева (устодаш Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элмурод Рӯзиев) бо гирифтани 80 хол сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ҳакамон аз рӯйи адолат ғолибонро муайян намуданд.
Ба ҳамаи ғолибони озмуни забон ва адабиёти тоҷик (давраи ниҳоӣ) ғолибият муборак бошад, ба онҳо дар кору фаъолияти ояндаашон бурдбориҳо таманно менамоем.
Ҳилол РӮЗИЕВ,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато.