БОҒЧАИ НАВ ДАР СИНТОБ

Имрӯзҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои дурдаст ҳам барои хурдтаракон боғчаҳои бачагона сохта, ба истифода супурда мешавад.

Ин ҳол на танҳо хурдсолон, балки волидони онҳоро низ хушҳол месозад, зеро пойдевори таълиму тарбия аз боғча оғоз меёбад.
Ба қарибӣ дар маҳаллаи Синтоби ноҳияи Сайҳунобод муассисаи нави таълими томактабии давлатии рақами 13 ба истифода супурда шуд. 
Бино дуошёна буда, аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Улкан  мерос транс» бар ивази ду миллиарду панҷоҳ миллион сӯм қомат афрохт. Муассиса барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар маскани тарбия шабакаи санитарию гигиенӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаҳо мувофиқи синну сол, толори мусиқӣ, шоҳмот, шашка, хонаи омӯзиши забонҳои хори-ҷӣ, ошхона, зали хӯроки умумӣ, айвончаҳои тобистона, майдончаи бозӣ барин қулаиҳо бобати истироҳат дар хидмати хурдтаракон мебошанд.
Назар ба гуфти мудира Дилафрӯз Қурбонова, айни замон дар миқёси ноҳия 16 муассисаи таълими томактабии давлатӣ, шашто  хусусиву давлатӣ, 56 боғчаи оилавӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 92 фоиз бачаҳо фаро гирифта шудаанд. Дар назар аст, ки боз чор муассисаи таълими томактабӣ ифтитоҳ ёбад, то охири сол ин нишондиҳанда ба сад фоиз хоҳад расид. 
— Дар маҳаллаамон 15 сол боз боғча набуд, ин барои мо нороҳатии зиёд ба вуҷуд меовард. Фарзандонамонро бо тайи масофаи дур бо автомобил, ба маркази ноҳия мебурдем. Имрӯз рӯзҳое, ки орзу мекардем, фаро расид.  Мо аз ин хеле шодем, — мегӯяд раисии маҳалла Олим Худойбердиев.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: