Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Ваколатдори махсуси ҳукумати Олмон оид ба ҳифзи иқлим мулоқот кард

31 январи соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Музаффар Мадрахимов бо Ваколатдори махсуси ҳукумати Олмон оид ба ҳифзи иқлим, котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Олмон Ҷеннифер Ли Морган мулоқот анҷом дод.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи экология ва мубориза бо тағирёбии иқлимро баррасӣ карданд.

Ба таҳкими муколама дар соҳаи энергетикаи алтернативӣ, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, маърифати экологӣ ва мубориза бо оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути табодули таҷриба ва технологияҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар бораи идомаи ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, инчунин ҷадвали баргузории чорабиниҳои муштараки дарпешистода табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: