МУҲАББАТАМОНРО БО ХУД БУРД...

Шанбеи гузашта дар қасри «Дӯстии халқҳо»-и Тошканд рӯйдоди фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки онро беш аз сӣ сол ҳаводорони ҳунари тоҷик муштоқ буданд.

Шанбеи гузашта дар қасри «Дӯстии халқҳо»-и Тошканд рӯйдоди фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки онро беш аз сӣ сол ҳаводорони ҳунари тоҷик муштоқ буданд. Дар ин толори мӯҳташам, ки номаш ҳам мутобиқи он рамзӣ аст, ба консерти овозхони тоҷик мухлисони зиёд ҷамъ омада буд.
Аз санъати овозхони нотакрор Далер Назаров он шом беш аз чор ҳазор тамошобин баҳравар гардид. Табиист, ки аксарияти сурудҳо ва оҳангҳо барои бинандагон тоза буданд, ки дар ин маврид худи ҳунарманд гуфт, ки барои мухлисонаш оҳангу таронаҳои навашро армуғон овардааст.
Бо вуҷуди лаҳну тобишҳои эстрадӣ, дар эҷодиёташ ҳама унсурҳои санъату адаби ғановатманди тоҷикӣ омезиш ёфтааст ва бино ба суханони сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки ба консерт ҳусни ифтитоҳ бахшид «Дар таронаҳои устод Далер рӯҳи оҳангҳои Борбад, аслияти назарияи мусиқии Ибни Сино, ормонҳои шеърияти тасаввуфии Ҷалолиддини Балхӣ, рангорангии «Шашмақом» ва мақомот, авҷи фалак, ҳамоҳангии чашмаҳои кӯҳии Бадахшон, оҳангҳои муосири Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дидан мумкин аст».
Ба далели гуногун, хусусан замони таҳрими пандемия дар тамоми ҷаҳон барпо намудани чунин гирдиҳамоиҳо ҳам хавфнок ва ҳам воқеаи нодир гардиданд. Аз ин рӯ, пас аз танаффуси зиёд дар қасри «Дӯстии халқҳо» низ консертҳо ҳоло акнун шурӯъ гардиданд ва ин чиз низ рамзист, ки пас аз ду маротиба, бо сабаби пандемия бекор кардан, онро Далер бо консерти худ оғоз бахшид. Худ аз худ сабаби аз ҳар канори Ӯзбекистону Тоҷикистону Қазоқистон ба ин барнома ҳозир шудани алоқамандони ҳунар низ маълум аст.
– Ман аз худи Панҷакент расида омадам, – мегӯяд мухлисе бо номи Ҷамила Ширинова, – Далер, ки хеле аҳёнан консерт медиҳад, дур бошад ҳам бо бачаҳом расида омадам. Ин қадар роҳро беҳуда паси сар накардам, чунки 3 соати расо аз консерти зинда баҳра бурдам. Чӣ мегӯед, агар сарҳадҳо кушода намешуданд, оё ин имкон дошт? – ибрози шодмонӣ кард пас аз поёни барнома меҳмони панҷакентӣ.
Барои Далер Назаров хусусияти «моли худро хондан» хос аст ва дар консерти мавриди назар низ ҳар чӣ хондаву навохта шуд, маҳсули эҷоди худаш буд. Бо ҳамнавохтии панҷ нафар аъзои дастаи навозандагонаш худ низ гоҳ ба даст гитор мегирифт, гоҳ чанқовузу дигар олоти мусиқии нафасии миллӣ, ки маъмулан аз онҳо зимни оҳангбандӣ ба филмҳо истифода бурдааст.
Бинандае бо номи Исматулло Ғайбуллоев мегӯяд:
– Садои баъзе аз асбобҳои мусиқӣ барои гӯши мо тоза намуданд, чунки онҳо маъмулан кам истифода мешаванд ва эҳтимол нотакрории Далер чун оҳангсоз низ дар ҳамин бошад.
Далер Назаров дар Ӯзбекистон ду барномаи консертӣ дошт – дар Тошканд ва Самарқанд. Зимни иҷрои барнома дар саҳнаи «Дӯстии халқҳо» гуфт, ки «ин муҳаббати шумо, мухлисон буд, ки ман ҳоло дар ин ҷо барнома иҷро мекунам ва ин муҳаббати шуморо бо худ мебарам».

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

 

«ОШИҚИ САМАРҚАНД ҲАСТАМ»
22-юми ноябр барномаи консертии Далер Назаров дар қасри санъати Самарқанд бошукӯҳ доир гардид. Дар он хеле мухлисон ва дӯстдорони санъат аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ омаданд. Пас аз чанд лаҳза дар саҳна сарояндаи хушовоз, соҳибравия, ҳунарпешаи маҳбубу маъруф бо мӯю риши сафеди зебандаву чеҳраи нурониаш рӯйи саҳна омад ва бо табассуми базебу лутфи ба худ хос арзи сипос кард.
– Рост гуфтанд, ки умри инсон ба мисли оби дарё гузарон аст. Воқеан, таъкид кардан ҷоиз, ки аз айёми бачагӣ ошиқи Самарқанд будам ва ҳастам. Зодгоҳам Помир ҳамчун Боми ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Ҳар гоҳ дар бачагӣ ба қуллаҳои баланд баромада, ба чор сӯ дида дӯхта, Самарқандро ҷустуҷӯ мекардам, ки бубинам. Зеро Самарқанди қандманду Бухорои шариф маркази тамаддун мебошанд. Ҳар гоҳ меҳмони шаҳри шумо шавам, албатта бо ҳаяҷон ёдгориҳои таърихии шаҳратонро зиёрат мекунам, – мегӯяд бо мамнуният ҳофизи хушхон.
Барномаи консертии ҳофизи хушсадо, ки беш аз ду соат тӯл кашид, гӯё дар як нафас анҷом ёфт. Аҳли толор сарояндаи маҳбубу маъруфро бо кафкӯбиҳои зиёд, гулдастаҳои тару тоза қадршиносӣ карданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: