ХАБАРИ ИНФОРМАТСИОНӢ

дар бораи ҷамъомади умумии 41-уми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

2 июни соли 2023 дар Тошканд ҷамъомади умумии 41-уми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро идома дод. Дар кори он аъзои Сенат, ҳукумат, намояндагони вазорат ва идораҳо, Парлумони ҷавонони назди Сенат ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомади умумиро, ки дар формати видеоконференсия баргузор шуд, Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бурд.
Ҷамъомади умумӣ дар режими онлайн аз тариқи шабакаи Сенат дар  YouTube намоиш дода шуд.
Рӯзи дуюми ҷамъомади умумиро сенаторон аз муҳокимаи Қонун «Дар бораи дохил намудани тағйирот ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ» сар карданд.
Таъкид шуд, ки қонун бо мақсади танзими минбаъдаи чораҳои мутаассире, ки ба поймол намудани ҳуқуқ, ки дар соҳаи танзими техникӣ, стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва инчунин огоҳии вайрон намудани қоидаи баҳогузории ҷавобгӯӣ содир мегарданд, корбурд мешавад.
Қонун ба кодекси масъулияти маъмурӣ тағйироте дохил менамояд, ки масъулиятро барои аз ҷониби мақомот вайрон намудан доир ба баҳогузории ҷавобгӯи қоидаи баҳои мутобиқат, ки дар натиҷа маҳсулоте истеҳсол карда мешавад, ки ба талаботи танзими техникӣ ҷавобгӯ нест, ё ба шахси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ зарар мерасонад, маҳсулотро барои ба амал овардани баҳогузории мутобиқат пешниҳод менамояд, муқаррар месозад.
Ғайр аз ин, дар қонун масъулияти мақомот бинобар баҳогузории мутобиқат ва шахсони соҳибмансаби он, ки беасос аз додани сертификати мутобиқат сар мепечанд, беасос эътибори сертификати мутобиқат ё декларатсия дар бораи мутобиқат нигоҳ дошта мешавад, ё қатъ карда мешавад, пешбинӣ мегардад.
Аз он ҷумла, ин поймолсозии ҳуқуқ дар пайи худ ҷаримагузорӣ барои шахсони соҳибмансабро дорад, ки аз 10 то 40 ҳаҷми ҳисоби базавиро дорад.
Агар поймолсозии ҳуқуқ дар тӯли як сол пас аз корбурди чораи ҷазои маъмурӣ такрор гардад, дар он сурат ҷаримаандозӣ ба шахси соҳибмансаб аз 40 то 80 ҳаҷми ҳисоби базавиро ташкил хоҳад кард.
Бинобар фикри сенаторон, ба туфайли қабули қонуни мазкур масъулияти лабораторияҳои озмоишӣ ва мақомоти сертификатсияе, ки ба соҳибкорон ва аҳолӣ хидмат мерасонанд, бо маҳсулот ва хидмати босифат аз ҳисоби пурра баҳогузорӣ намудани нишондодҳои сифати маҳсулот таъмин мегардад, баланд хоҳад гардид.
Қонун аз ҷониби сенаторон дастгирӣ гардид.
Пас аз он Қонун «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи молиёти давлатӣ» бинобар оптимизатсияи ҳаҷми молиёти давлатӣ барои татбиқи баъзе намудҳои фаъолият дар соҳаи телекоммуникатсия» баррасӣ гардид.
Бинобар ин қонун бо мақсади вусъат додани фаъолияти оператор (провайдер)-ҳои маҷозии мобилӣ ҳаҷми молиёти давлатӣ кам мегардад, ки онҳо дар натиҷаи хидматрасонии шабакаи алоқаи  радиотелефонӣ (мобилӣ) мепардозанд.
Муқаррар карда мешавад, ки аз воҳидҳои соҳибкорӣ, ки дар соҳаи мазкур фаъолият доранд, молиёти давлатӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор маротибаи ҳаҷми ҳисоби базавӣ ситонда мешавад.
Ҳамзамон, агар қимати хидматрасонии шабакаҳои алоқаи сайёри радиотелефонӣ (мобилӣ), ки аз ҷониби оператори мобилии маҷозии алоқа (провайдер) дар соли молиявӣ расонда мешавад ва он ба давраи пешинаи пардохти молиёти давлатии солонаи навбатӣ, аз 1,5 миллион каратаи ҳаҷми ҳисоби базавӣ зиёд гардад, он вақт пардохти молиёти иловагии давлатӣ дар ҳаҷми як фоиз аз даромади оператори маҷозии мазкури алоқаи мобилӣ муқаррар карда мешавад.
Барои маълумот бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳуриамон 5 оператори базавии алоқаи мобилӣ хидмат мерасонад, ки соҳиби шабакаи телекоммуникатсионии худ мебошанд. Як оператори маҷозии алоқаи мобилӣ молики захираи радиочастот нест.
Сенаторон таъкид карданд, ки дар натиҷаи қабул гардидани қонун имконоти вусъат додани фаъолияти операторҳои маҷозии мобилӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобати адолатнок ба вуҷуд меояд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки шабакаҳои телевизион ва радиои шахсӣ дар минтақаҳо бо мушкилоти маълуми молиявӣ зимни транслятсияи барномаҳои телерадиои худ ва ҷиҳозонии пойгоҳи моддиву техникӣ бо таҷҳизоти замонавӣ рӯ ба рӯ мегарданд.
Аз ин рӯ, қонун ҳаҷми молиёти давлатие, ки барои лоиҳакашӣ, сохтмон, баҳрабардорӣ ва хидматрасонии шабакаҳои телерадиошунавонӣ пардохта мешавад, 50 фоиз кам мегардад.
Ҳамзамон имконоти молиявии шабакаҳои телерадио беҳтар мегардад, яъне қариб 4,1 миллиард сӯм барои рушди фаъолияти воҳидҳои телерадиои хусусӣ равона карда мешавад.
Қонун пешниҳоди имтиёзҳои иловагиро зимни пардохти молиёти давлатӣ пешбинӣ менамояд, ки бинобар он механизми пардохти миқдори молиёти давлатӣ бо тамдиди муддат баробар бо саҳм барои ҳар як семоҳаи сол ба вуҷуд меорад.
Сенаторон таъкид карданд, ки қабул намудани қонуни мазкур дар баробари вогузор намудани қулаӣ ба воҳидҳои соҳибкорӣ, барои ба вуҷуд овардани шабакаҳои телерадиои хусусӣ ва пурра намудани контенти босифати барномаҳои телевизион хидмат менамояд.

Қонун аз ҷониби сенаторон дастгирӣ ёфт.
Ҳамзамон дар ҷамъомади умумии навбатӣ сенаторон ҳисоботи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияташ дар соли 2022 шуниданд.
Таъкид шуд, ки Бонки марказӣ фаъолияти худро дар соли 2022 ба коҳиш додани дараҷаи таъсири сиёсати пулу қарз ва чораҳои макропруденсиалӣ, омилҳои монетарӣ ба инфлятсия, минимизатсияи таъсири хатарҳои потенсиалӣ ба суботнокии молиявӣ дар низоми бонк, таъмини суботнокии макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар мамлакат нигарондааст.
Агар моҳи марти соли 2022 ставкаи базавӣ то 17 фоизи солона бардошта шуда бошад, пас аз семоҳаи II ставкаи базавии Бонки марказӣ то 15 фоизи солона аз ҳисоби барқарории шароити макроиқтисодӣ ва коҳиш ёфтани эҳтимоли бавуҷудоии баъзе хатарҳои инфлятсионӣ коҳиш дода шуд.
Дар соли ҳисоботӣ кор бобати рағбатноксозии сармояҳои хусусӣ дар бобати таъмини молиявии иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли воҳидҳои соҳибкорӣ, дастгирии молиявии лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ бо арзиши изофаи баланд идома дода шуд.
Аз он ҷумла ба мақсади дастгирии молиявии аҳолӣ ва воҳидҳои соҳибкорӣ кредит ба миқдори 203 триллион сӯм ё худ 22 фоиз бештар нисбат ба соли 2021 ҷудо карда шудааст.
Кредитҳое, ки ба аҳолӣ ҷудо карда шудааст, дар муқоиса бо соли 2021 1,6 баробар афзуда, 65,3 триллион сӯмро ташкил намудааст. 25,6 фоизи маблағи кредити ҷудогардидаро микроқарзҳо ташкил намуда, 22 фоизашро қарзҳои ипотека ташкил намуда, 33 фоизашро кредити истеъмолӣ ва 14 фоизро микрокредитҳо ташкил кардаанд.
Соли 2022 дар доираи барномаи инкишофи тиҷорати оилавӣ инчунин 9,9 триллион сӯм кредити имтиёзнок барои беш аз 424 ҳазор лоиҳа ҷудо карда шудааст.
Соли 2022 дараҷаи капитализатсияи бонкҳо 12 фоиз афзуда, охири сол қариб 80 триллион сӯмро ташкил намуд, ҳаҷми сармояи аслӣ 9 фоиз зиёд гардид.
Ҳамзамон, соли 2022 дар доираи стратегияи ислоҳоти низоми бонк кор бобати трансформатсияи бонкҳои давлатӣ идома дода шуда, ҷараёнҳои фурӯши саҳми давлатии «Ипотекабонк» ва «Узагроэкспортбонк» ба сармоядорони хориҷӣ анҷом дода шуд.
Дар натиҷа саҳми давлатии маблағҳои бонк дар ҳаҷми умумии маблағи сектори бонк аз 81,5 фоизи соли 2021 то 78,2 фоизи соли 2022 коҳиш ёфт.
Дар муқоиса бо соли 2021 миқдори кортҳои бонкии кобейҷингӣ 2,7 баробар афзуд, ки ба аҳолӣ имконоти ҳисобу китобро бо истифода аз як корт дар инфрасохтори ҷумҳурӣ ва низоми пардохти хориҷӣ фароҳам овард.
Ҳамзамон сенаторон ба баъзе масъалаҳое, ки дар Бонки марказӣ бояд татбиқ гарданд, эътибор нигаронданд.
Ҳамин тариқ, таъкид шуд, ки иҷрои баъзе вазифаҳое, ки бо рақамисозӣ дар бонкҳо алоқаманданд, ақиб мемонанд, ба ҳадди пурра шаффофӣ дар ҷараёни додани кредит ба воҳидҳои соҳибкорӣ таъмин нагаштааст, омили зиёди инсонӣ ҷараёни ба даст овардани кредитро мушкил мегардонад ва боиси зуҳури монеаҳои бюрократӣ мегардад.
Инчунин пешниҳодот дар бораи аз ҷониби Бонки марказӣ дар соли 2023 ба амал татбиқ намудани кор бобати таъмини суботнокии нарх, такомули дастгоҳҳои сиёсати пулу кредит ва низоми ҳимояи амонати аҳолӣ дар бонкҳо, коҳиши таъсири омилҳои ғайримонетарӣ ба инфлятсия, таъмини суботнокии нарх барои маҳсулоти асосии озуқаворӣ иброз гардиданд.
Бинобар ҷамъбасти муҳокимаҳо қарори дахлдори Сенат қабул гардид, ки дар он пешниҳодоте, ки ба такомули фаъолияти Бонки марказӣ нигаронда шудаанд, инъикос ёфтанд.
Дар ҷамъомади 41-уми умумии Сенат инчунин Қонун «Дар бораи дохил намудани иловаҳо ба моддаи 483 Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ гардид.
Дар солҳои охир дар мамлакат ислоҳоти доманфарох бобати васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба футбол, фароҳам овардани низоми босамари тарбияи бозингарҳои бомаҳорат дар асоси талабот ва стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи футбол, инчунин дар бобати ташаккули захираи сифатноки варзишӣ  барои ҷамоаҳои миллӣ ва клубҳои касбии футбол ба амал татбиқ мегардад.
Ҳамзамон ҳоло бо мақсади минбаъд инкишоф додани низоми интихоби бозингарони ҷавони бомаҳорат ва инфрасохтори футбол, босамар истифода намудани механизмҳои маркетинг ва идоракунии замонавӣ дар соҳа зарурати тамдид намудани муддати эътибори имтиёзоти ҷории андоз вуҷуд дорад.
Сенаторон таъкид карданд, ки ба туфайли қонуни мазкур тағйирот ба озод намудани Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, ҳудудҳои зерқисмҳои он, иттиҳодияи ҷамъиятии «Лигаи футболи касбии Ӯзбекистон», Маркази ҳакамҳои футболи Ӯзбекистон ва клубҳои футболи касбӣ аз пардохт аз 1 январи соли 2023 то 1 январи соли 2026 аз ҳама гуна намудҳои андоз (ба истиснои андози иҷтимоӣ)-ро пешбинӣ менамояд.
Инчунин имтиёзот ба андоз аз даромади шахсони ҷисмоние, ки аз даромаде, ки аз ҷалби мутахассисон ва футболбозони хориҷиро ҷалб намудан пардохта мешавад, пешниҳод мегардад.
Ғайр аз ин, ворид намудани таҷҳизоти варзишӣ ва ҷиҳозҳо, инчунин чандин амволе, ки бо дастгирии соҳа алоқаманданд ва ҳамчунин василаҳое, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намегарданд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои арзиши изофа аз пардохти андоз озод мегардад.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои беҳсозии вазъияти молиявии иттиҳодияи ҷамъиятии «Лигаи футболи касбии Ӯзбекистон» ва клубҳои футболи касбӣ, баланд бардоштани малакаи ходимони соҳа бо роҳи ҷалб намудани мутахассисони пешқадами хориҷӣ, инчунин афзудани теъдоди клубҳои хусусии касбии футбол эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Бинобар фикри сенаторон, қабул гардидани қонун ба рушди фаъолияти клубҳои футбол, ташкили босамари ҷараёни таълимиву машқи ҷамоаҳои мунтахаб, таъмини дараҷаи баланди дар мамлакатамон ташкил намудани мусобиқоти бонуфузи байналхалқӣ оид ба футбол, аз он ҷумла, чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъа дар байни наврасон, ҷавонон ва ҷамоаҳои занон хидмат менамояд.
Қонун аз ҷониби сенаторон дастгирӣ гардид.
Ғайр аз ин, дар ҷамъомади умумӣ масъалаҳо дар бобати дохил намудани тағйирот ба таркиби Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар бораи дохил намудани тағйирот ба таркиби Шӯрои олии судяҳо муҳокима гардиданд.
Сенаторон инчунин масъаларо дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ намуданд.
Зимни ҷамъомади умумӣ сенаторон 11 масъаларо баррасӣ намуданд, ки аз ҷумла 7 қонун ба мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ва баланд бардоштани самаранокии бозсозиҳои доманфарохе, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, нигаронда шудааст.
Бо ҳамин ҷамъомади 41-уми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба поён расид.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: