МУРОҶИАТИ ИШТИРОКДОРОНИ ЯКУМИН АНҶУМАНИ ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН БА ҶАВОНОНИ МАМЛАКАТ

Ҷавонони муҳтарам, ҳамсиннони азиз!

Ҷавонони муҳтарам, ҳамсиннони азиз!
Руйдоди таърихии фаромӯшнопазир дар ҳаёти мамлакатамон – бори нахуст ташкил гардидани Анҷумани ҷавонони Ӯзбекистон ба тарзи конструктив ва дар рӯҳи баланд баргузор гардид.
Нутқи пурмуҳтавои муҳтарам Президент  Шавкат Мирамонович Мирзиёев дар ҳар якамон таассуроти равшан гузошт.
Моро он чиз беҳад руҳбаланд намуд, ки роҳбари давлат ҷавононро боигарии аз ҳама калон ва сармояи беназири Ватан номида, мардонагӣ ва шуҷоатеро, ки ҳамсолони бебокамон дар рӯзҳои озмоиш зоҳир намудаанд, баланд арзёбӣ намуд.
Боварии калон, эътибори роҳбари давлат ба насли ҷавон ба зиммаамон масъулияти бузург мегузорад.
Ҳамаи шумо гувоҳи он ҳастед, ки чӣ гуна дар мамлакатамон – Ӯзбекистони навин дар солҳои охир муносибат ба ҷавонон куллан тағйир ёфт.
Дар асоси сиёсати давлатии ҷавонон ислоҳот муттасил ва босамар татбиқ мегардад, ки барои таъмини манфиатҳои ҳаётии ҷавонон, татбиқи азми неки он, потенсиал ва истеъдодаш нигаронда шудааст.
Барои он тамоми шароит фароҳам оварда мешавад, ки мо дониш ва касби пешқадамро амиқ аз худ намуда, мутахассисони баландмалака ва ватанпарвари ҳақиқии мамлакат гардем.
Бисёр ҳамсолони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт фаъолона меҳнат мекунанд, аз он ҷумла дар ҳукумат, дар вазифаҳои масъулиятноки мақомоти идораи давлат, дар корхонаҳои замонавӣ, соҳаҳои тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, илм, тандурустӣ, маданият, санъат ва варзиш фаъолият менамоянд.
Имрӯз соҳаи калидӣ, ки ояндаи Ватанамонро муайян намуда, ҷавҳари Эҳёи нав – таълим ва тарбияро ташкил медиҳад, муттасил инкишоф меёбад.
Дар асоси ба ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами миллӣ ва хориҷӣ муассисаҳои таълимии нав ба нав, объектҳои маданият ва  варзиш бунёд мегарданд. Дар мактабҳои Президентӣ, махсус ва эҷодӣ садҳо ҷавонони соҳибистеъдод таълими замонавӣ мегиранд, сирри маҳорат меомӯзанд.
Дар мулоқоти имрӯза ғояҳои муҳими роҳбари давлатамон, аз ҷумла навигарии таъсис додани гранти Президентӣ барои донишҷӯёни соҳиби қобилият, стипендияҳои Президентӣ ва давлатӣ барои донишҷӯёни бакалаври муассисаҳои таълими олии хориҷии дар ҷумҳуриамон фаъол, пешниҳоди кредитҳои имтиёзноки таълимӣ барои оилаҳое, ки се ва бештар аз он фарзандонашон дар асоси қарордод таҳсил менамоянд, моро хушнуд намуд.
Президенти мамлакат дар нутқи худ дар бораи бисёр лоиҳаҳое, ки ба дастгирии ҷавонон, аз он ҷумла дар бобати таъмини онҳо бо шуғл, инкишофи сабақи соҳибкорӣ ва сифатҳои корӣ нигаронда шудааст, ташаббус нишон дод. Аз он ҷумла, дар ҳаёти мо чунин ташаббусҳои нав мисли «Ҷавонон: 1+1», «Соҳибкор – такягоҳи ҷавонон», «Минтақаҳои хурди саноатии ҷавонон», «Фабрикаи лоиҳаҳо», «Технопаркҳои ҷавонон», платформаи электронии «Муроҷиати ҷавонон» аҳамияти муҳимро молик мебошанд.
Президенти мамлакат ба чунин масъалаҳои муҳим мисли бо манзил таъмин намудани ҷавонон, омода намудан ба ҳаёти мустақил, мустаҳкам намудани оила ва огоҳии талоқ эътибори алоҳида дод.
Роҳбари давлат вазифаҳои ҳарчи муҳимро дар бобати муттасил ба ҳаёт татбиқ намудани панҷ ташаббуси муҳим, татбиқи истеъдоди бачаҳои соҳиби маҳорат, рушди ҷисмонӣ ва маънавии насли ҷавон, таҳкими тарзи солими ҳаёт, тарбияи ҳарбиву ватанпарварӣ муайян намуд.
Ҳамаи моро хусусан суханони роҳбари давлат, ки ба ҷавонон нигаронда шудааст, руҳбаланд намуд: «Донишро қадр намоед, ба дониш кӯшиш кунед! Ягон лаҳзаро зоеъ нагардонед! Дар ёд дошта бошед, ҷавонӣ – давраи беназири ҳаёт аст, илм ва дониш боигарии нодире мебошад, ки дар об ғарқ намегардад, дар оташ намесӯзад ва аз шумо онро касе гирифта наметавонад!».
Ин суханон, ки дар асоси ҳақиқати таърихӣ ва таҷрибаи бой асос ёфтааст, ҳамеша барои мо маҳаки ҳаёт мегардад.
Дӯстони муҳтарам, ҷавонони азиз!
Имрӯз халқи мо, Ватани азизи мо ва Президенти муҳтарам аз мо, насли ҷавон, дастовардҳои бузургро интизоранд. Ҷавонон дар роҳи даст ёфтан ба мақсадҳои баланди гузошташуда қувваи асосӣ ба шумор мераванд.
Биёед, ҳамаи мо, умқи чунин масъулиятро дарк намуда, боз ҳам мустаҳкамтар ба хотири манфиатҳои Ватан муттаҳид гардида, сарбаландона рисолати таърихиро анҷом диҳем. 
Мо бояд ба умеди калон ва боварии халқамон, Президент, падару модарон ва муаллимон бо корҳои амалӣ – таҳсили аъло, меҳнати поквиҷдонона ва ибрати муносиб сазовор гардем.
Мо, бешубҳа, ин вазифаро ӯҳда менамоем. Зеро ворисони Хоразмӣ, Фарғонӣ, Берунӣ ва Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобур, Бухорӣ, Тирмизӣ ҳастем. Мо бо боварӣ метавонем бигӯем, ки ба ниёгони бузурги худ муносиб мегардем.
Дар замони имрӯзаи ноором ва мураккаб, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобат шумо, дӯстони азизро ба ҳушёрӣ даъват менамоем.
Бигузор, хидмати иродатмандонаи Ватан, истодагарӣ дар бартараф намудани ҳар гуна озмоиш ва машаққат мақсади ҳаёти мо гардад. Ба Ватан такягоҳи ҳақиқӣ гардем ва ба ташаккули Ӯзбекистони нав, Эҳёи нав саҳми муносиб гузорем!
Мо ба боварии халқ – бузургтарин бахти заминӣ муносиб бояд бошем!
Мо, ҷавонони Ӯзбекистон, ба Президенти муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев барои ғамхории падарона миннатдории бузург изҳор менамоем.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: