ТАБРИК БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони гиромиқадр!

Дар баробари умматони исломи сартосари ҷаҳон кулли муъмину масалмонони Ӯзбекистони азизи мо низ Рамазони муборакро бо хотири болида пешвоз гирифтанд.
Шумо, азизонам ва тамоми халқамонро ба муносибати фарорасии Рамазони шариф, ки барои мусалмонони дунё басе азизу  гиромӣ ва моҳи иҷобати ниятҳои неку наҷиб аст, табрик гуфта, ба ҳамаатон эҳтироми бузург ва ниятҳои неку самимиамро изҳор менамоям.
Қабл аз ҳама ин айёми шарифро, аз он ки ба дилҳои мо нури имон мебахшад, дар муҳити сулҳу осоиш дар давраи оилаву канори гарми халқу кишварамон пешвоз гирифта истодаем, ба Парвардгори олам шукру сипоси бепоён бод!
Барои дар шароити амн озод адо кардани амалҳои ибодат аз ҷониби мусалмонони кишварамон ва тибқи анъанаву арзишҳои миллӣ дар сатҳи баланд баргузор намудани моҳи Рамазон, ки моҳи покшавӣ, сабру қаноат ва хайру саховат мебошад,  шароити мусоид фароҳам оварду шуд.
Дар ин моҳи пурфазилат, бо назардошти тамоюли баландҳимматамон — «Қадри инсон — воло», итминон дорем он корҳои савобе, ки ба таъмини манфиатҳои халқамон, соҳиби илму маърифат ва ахлоқи ҳамида гардидани  насли наврас, дастгирии ҳамаҷонибаи нафароне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, таҳким бахшидани муҳити меҳру оқибат ва ҳурмати тарафайн дар байни ҷомеа ва халқу кишварамон, ободонии зиёратгоҳҳои муқаддас ва қабристонҳоямон нигаронида шудаанд, афзун мегардад.
Зеро, тавре ки дар ҳадисҳои шариф оварда шудааст: «Як кори нек дар ин моҳ даҳ баробар аҷру мукофот дорад».
Сад афсӯс, ки имрӯз дар чанд минтақаи дунё нооромӣ ва зиддияту бархӯрдҳо авҷ гирифтаанд, хуни одамони бегуноҳ мерезад. Мо бо тамоми халқамон аз Офаридгор аз таҳти дил дархост менамоем, ки дар дунё сулҳу осоиш қарор ёбад ва бо орзуи он, ки дар кишвари зебоямон зиндагии осуда идома пайдо мекунад, шаби Қадр бо ихлос даст ба дуо мебардорем.
Бо истифода аз фурсати мусоид, дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳ муъмину мусалмонони дунё, дӯст ва ҳамкоронамонро бо моҳи муқаддаси Рамазон табрик гуфта, ба давлату халқҳои онон сулҳу осоиш ва рушду фаровонӣ таманно мекунем.
Рамазани шариф, бигузор, ба кишварамон қуту барака, ба ҳар як хонадон шодию хурсандӣ, комёбиҳои нав ба нав оварад!
Моҳи Рамазон бори дигар ба ҳамаамон муборак бошад!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии
 Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: