Деҳқонони хоҷагии фермерии «Бобоҷон Амон»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қӯрғони Вардонзе»-и ноҳияи Шофиркон 3 сентябри соли ҷорӣ дар қатори аввалинҳо нақшаи солонаи ба давлат супоридани пахтаро бомуваффақият иҷро карданд.
Ба ҷойи 38 тоннаи пешбинишуда 38,2 тонна «тиллои сафед» супурда шуд.
Дар рӯзҳое, ки аҳли мамлакат 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистонро ҷашн мегирифтанд, ин муваффақияти деҳқонони ҳимматбаланд ҳамаро шод кард. Ҳосилнокии майдонҳо ба 38 сентнерӣ рост омад. Ба муносибати комёбии меҳнатӣ роҳбари хоҷагӣ Амон Бобоҷонов ба чинакчиён, аъзои хоҷагии фермерӣ ва меҳмонон зиёфат орост. Бо чинаки аввал комёб шудани деҳқонон самараи заҳматҳои оқилона ва пай дар паи онҳост. Меҳмонони дуру наздики давра пахтакорони ғолибро муборакбод менамуданду мурғи хаёл деҳқони пуртаҷриба А.Бобоҷоновро як лаҳза ба дуриҳо мебурд.
Гӯё дирӯзакак буд, ки вай дар мактаби миёнаи он вақт тоҷикии ба номи Фирдавсии деҳа таҳсил мегирифту аз ташвишҳои рӯзгор хабар надошт. Таҳсил ҳам поён ёфту хидмати дусолаи ҳарбӣ дар кишвари Венгрия ҳам. Амон соли 1993 дар 35 гектар боғ ба хоҷагии деҳқонӣ ва соли 2001 ба хоҷагии фермерии «Бобоҷон Амон» асос гузошт. Ҳоло хоҷагии фермерӣ 27,5 гектар замин дорад: 1,3 гектари он чорбоғ, 13 гектараш ғаллазор ва 10,2 гектар пахтазор аст. Бояд гуфт, ки нақшаҳои солонаи ғаллаю пахта ҳар сол иҷро мешаванд. Имсол ғаллакорони хоҷагӣ гандуми навъи «Краснодар»-ро корида, ба ҷойи 32,5 тонна 33634 килограмм гандум супориданд ва плани солонаро барзиёд иҷро карданд. Ҳосилнокии майдонҳо ба 454 сентнерӣ рост омад.
Азму кӯшишҳои саркор Шаҳриёр Ҳакимов, аъзои хоҷагӣ Мунира Ҳакимова, Сайёра Ҳакимова, тракторрон Давлат Юсуфов, обронҳо Дӯстмурод Аҳмадов, Раҳмон Раҳмонов ва сарвари хоҷагӣ бесамар намонданд. Ҳосили фаровони барвақтӣ фароҳам омад. Ниҳоят 30 август ғунучини ҳосил оғоз ёфта, 3 сентябр марраи мурод фатҳ гардид. Ҳоло дар пахтазор ҳосил бисёр. Ҳимматбаландони хоҷагӣ ният доранд, ки ба нобудшавии пахта роҳ надода, онро то граммҳои охирин ҷамъ оваранд ва ҳосилнокии майдонҳоро ба 56 сентнерӣ расонанд.
***
Пахтакорони ноҳияи Шофиркон соли гузашта дар вилоят аввалин шуда ба марраи мурод расида буданд. Онҳо ният доранд, ки имсол низ ба давлат камаш 32,8 ҳазор тонна пахта супоранд. Мавсими ғунучин акнун оғоз ёфта бошад ҳам, дар ноҳия аллакай хоҷагиҳои фермерӣ пасу пеш нақшаи солонаро иҷро мекунанд. Аз ҷумла, хоҷагии фермерии «Исломбобо» (аз ҳудуди «Ҷӯйработ») ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Умарбек сервис» (аз ҳудуди «Шарофбобо Ҳамроев») аввалин шуда ба марраи мурод расидаанд.
Дар вилоят маъракаи ғунучини пахта бо суръати баланд идома дорад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.