ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ ДАР ДУРАХШИ РАНГҲО

Санъатшиноси маъруфи Амрико, муаллифи асари машҳури «Таърихи импрессионизм» ва муҳаққиқи эҷодиёти мусаввирони барҷастаи ҷаҳонӣ: Сезанн, Ренуар, Гоген ва дигарон – Ревалд Ҷон дар мавриди моҳияти осори рассомӣ чунин навиштааст: «Мавриди таваҷҷӯҳи ман на тасвири дарахт, на қиёфа аст, балки шахсияти бузургест, ки дар олами илоҳӣ, дунёи бекарони хешро дорад ва идроки онро чашмони ман ҳаргиз фаромӯш намесозанд».

Воқеан, асарҳои беҳтарини мусаввирони шинохта дар худ шахсияти муаллиф, олами андеша, идроки фалсафӣ ва эҳсосоти нотакрори офарандаро тасвир намуда, моҳияти эҷодиёти ӯро ба таври хотирнишин муҷассам месозанд.
Агар аз ҳамин дидгоҳ ба асарҳои ҷолиби мусаввири варзида, академики Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, барандаи ҷоизаҳои байналхалқии соҳаи санъати тасвирӣ Аслиддин Исоев назар афканем, боварӣ ҳосил менамоем, ки дар эҷодиёти ӯ беҳтарин дастовардҳои намоёни санъати муосир ҷамъбаст гардида, дар онҳо ҷаҳони мураккаби шахсияти санъаткор дар олами воқеӣ ифодаи образноки худро ёфтааст.
Аз назари мо, Аслиддин Исоев қабл аз ҳама мусаввирест, ки ба асарҳояш ҷанбаи пурқуввати фалсафӣ хос аст. Яъне идроки моҳияти ҳастӣ, гузашти рӯзгор, рисолати инсонӣ бо тасвирҳои воло инъикоси хешро соҳиб мешавад.
Шиносоии ман ба эҷодиёти Аслиддин Исоев бори аввал соли 1998 дар намоиши асарҳо дар толори Институти забонҳои хориҷии Самарқанд сурат гирифта буд. Диққати маро теъдоди асарҳои рангину мутаносиб ба худ ҷалб намуд, ки бо камоли ҳунармандӣ офарида шудаанд. Махсусан, асари муҳташами «Суманак», ки дар он фазои дилпазир таносуби равшанӣ ва торикӣ, нур ва соя; дақиқии тасвир чун ҷузъи асосии бадеияти эстетикии муаллиф аст, шаклу мазмуни беназирро соҳиб буд. Ин асар ҷозибае дошт, ки онро тамошо карда, оҳангҳоро эҳсос намуда, ба олами зебоии мукаммал ворид мешавед.
Ман он вақт, баъди чанд соли фаъолият дар шӯъбаи санъатшиносии Институти таърихи Академияи фанҳои Тоҷикистон, ба Самарқанд баргашта бо донишҷӯёни худ, ки ба онҳо аз фанни эстетика дарс медодам, дар ин намоиш иштирок доштам. Ва бароям тобиши ин рангҳо тасвирҳои асрорангезу мунаққаши ошно ва зебоеро хотиррасон мекард. Баъдтар ба ман маълум гардид, ки Аслиддинака хатмкунандаи омӯзишгоҳи рассомии ба номи М.Олимов будаанд ва бо ҳидояти амакашон – мусаввири номӣ Даврон Сафозода дар Душанбе таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ, дар эҷодиёти Аслиддин Исоев нақши мактаби эҷодии устодони санъати тасвирӣ З.Ҳабибуллоев, П.Фалбов, С.Шарифов, С.Қурбонов падидор аст ва дар ташаккули касбии ин ҳунарманд таъсири бевоситаи осори ғании мусаввирони номбурда эҳсос мешавад.
Яке аз асарҳои солҳои охир, ки дар он ҷо нигориши фалсафӣ оҳанги кайҳонӣ касб намудааст, «Дарёфти равшанӣ» ном дорад. Тавассути рангҳои ҷаззоб, ҳаракати ҷовидонаи зиндагӣ, вақт ва фазо қудрати беинтиҳо ва иродаи беназири шахсият дар тоблуи наққошӣ акси хешро меёбад. 
Афкор ва андешаҳои фалсафии муаллиф дар асари муҳташами «Ягона», ки аз се қисм иборат аст, идомаи хешро ёфтааст. Намоиши ин асари калонҳаҷм дар студияи санъати «Айсел» афкор ва андешаҳои доманадорро ба вуҷуд овард. Ғояи асосии башардӯстонаи асари мазкур, ки дорои моҳияти ахлоқии устувор аст, тавассути фазои мутаносиб ва рангҳои оромбахш фароҳам овардани чеҳраҳои дурахшони маърифати инсонӣ – Ҳазрати Муҳаммад, Исо ва Буддо мебошад. (Тасвири симои Ҳазрати Муҳаммад пушт ба тамошобин аст, ки ин амал образро махсусияти ҷолибе ато намудааст).
Қисми поёнии асар тасвири ҷараёни пурхурӯши зиндагист, ки он ба тарзи динамикӣ ва пуршиддат идома дорад. Ин нигориши муаллиф дар асарҳои дигар ба мисли «Садои асрҳо» ва «Рӯҳи Тӯрон» низ мушоҳида мешавад. Зимнан, асарҳои «Тақдир», «Рӯҳи аҷдод», «Ҳазрати Хизр», «Макони муқаддас», «Садои асрҳо», «Вуруд» аз асарҳои нодири Аслиддин Исоев мебошанд, ки дар онҳо ҳамбастагии комили мазмуни рамзии шарқиёна бо шаклофарии дақиқи санъати Ғарб омезиш ёфтааст. Ин асарҳо, бешубҳа метавонанд, дастовардҳои санъати тасвирии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Асари «Тақдир» умеди наҷот ва ногузирии қисмат назми ҷовидонии Умари Хайём, фоҷиаҳои нотакрори драматургони Юнони қадим – Софоклу Еврипид, драмаҳои муаллифони Ғарб – Сартр, Камю, Кафкаро ба хотир меоварад.
Дар асари дигари мусаввир «Вуруд» эҳсосоти олии инсонӣ бо тамоми мураккабиҳояш чун тирукамон ифода ёфта, ҷаҳони воқеии шахсияти эҷодкорро дар зиндагӣ муҷассам месозад. Онро метавон чун «бозгашти инсон ба сӯйи хештан» тафсир намуд. 
Асарҳои «Шаҳри ман», «Бибихонум», «Масҷиди Хоҷа Аҳрор», «Шоми Шоҳи Зинда» қиссаи шоиронаи мунаққашест, ки асолату бузургии тамаддуни мо, сеҳру ҷозибаи ниҳониву абадии Самарқандро муҷассам месозад.
Вақте ки ҷараёни офариниши асарҳои нахустини Аслиддин Исоев ва комёбиҳои имрӯзии мусаввирро мушоҳида месозем, дар асарҳои санъаткор ифода ёфтани ҷараёнҳои гуногуни санъати тасвириро идрок намуда, шоҳиди ҷустуҷӯҳои судбахши эҷодии ӯ мегардем. Ба ин маънӣ, асарҳои муаллиф аз ҷиҳати мазмун ва шакл такрори якдигар нестанд, муносибати ӯ ба зиндагӣ, ба эҷодиёт бо тобишҳои гуногун ба таври синтетикӣ зоҳир шудааст, маънии рамзию асроромези осори ӯ ҷилои хосса ва образнокии фалсафӣ касб намудааст. Масалан, идроки зиндагӣ ва арзиши он дар асари «Шаби маҳтобӣ», ки онро метавон чун ашъори олӣ пазируфт, қобили таваҷҷӯҳ аст. Ҳамчунин деворнигораи «Роҳи бузурги абрешим» дар толори Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд (бо ҳамкории Х.Салоҳиддинов) яке аз офаридаҳои барҷастаи рассом аст, ки дар он бозёфтҳои эҷодии ӯ ҷамъбаст гардидаанд. 
Аслиддин Исоев анъанаҳои беҳтарини устодони худ – П. Бенков, В. Еремян, Р. Темуров, Р. Чориев, З. Ҳабибуллоев, Д. Сафозода ва дигаронро идома дода, роҳи махсуси эҷодии худро офаридааст, ки дар он дастовардҳои намоёни санъати тасвирии муосир ба назар мерасад.
Ҳоло мусаввири соҳибтаҷрибаи мо, устоди маҳбуби донишҷӯёни факултаи санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошанд ва ба шогирдони зиёд дарси тасвири фалсафии зебоиҳои зиндагиро меомӯзанд.
Боиси ифтихор аст, ки асарҳои машҳури Аслиддин Исоев дар Осорхонаи мардумони Шарқ, Галереяи Третяков, намоишгоҳҳои Амрико, Фаронса, Испания, Миср, Ҳиндустон, Корея, Чехия, Русия, Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи худро доранд. Шаффофияти рангҳои пурҷило, ансамбли ягона, таносуби қавии рангҳо, моҳияти фалсафӣ, ҳамчун нишонаи мукаммалӣ, маъруфияти асарҳои муаллифро таъмин месозад.
Аслиддин Исоев ба касби хеш муҳаббат ва садоқати олӣ доранд, дорои ҷасорати бузург, самимият ва маданияти баланд мебошанд. Осори арзандаи мусаввири мо дар ҳифзи хотираи таърихӣ, арзишҳои зиндагӣ, эҳтиром нисбати анъанаҳои миллӣ, ғояҳои абадзинда нақши муҳим доранд. Зеро пояи устувори ҷамъияти мутамаддин ва асолати он дар нигаҳдошти фарҳанги башарист, ки дар замони ҷаҳонишавии маданият дар тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ нақши муҳим дорад.
Дар ин амали хайр ба устод Аслиддин Исоев, ки имрӯзҳо ҷашни мубораки 75-умин солгарди умрро таҷлил менамоянд, саломатии устувор ва зафарҳои эҷодӣ орзу дорем.

Баҳор ХУРРАМЗОД,
номзади илми 
санъатшиносӣ, 
дотсенти Донишгоҳи 
давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: