ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ – МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Дар форуми байналмилалӣ, ки бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, 60 нафар коршиноси варзидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гирдиҳам омаданд.

Дар форуми байналмилалӣ, ки бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, 60 нафар коршиноси варзидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гирдиҳам омаданд. Ин конфаронс аз тариқи офлайн ва онлайн ба вуқӯъ пайваст. 
Директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Орипов маросимро ҳусни  ифтитоҳ бахшид. Вай гуфт, ки муҳокимаи амнияти иттилоотӣ дар ин даврае, ки ба сар мебарем,  аз  масъалаҳои басо муҳим ва мубрам маҳсуб меёбад.  Зеро иқтисодиёти рақамӣ рушд менамояд, технологияҳои наву замонавӣ дар ҳаёт корбаст мешаванд.
– Мулоқоту баррасии ин мавзӯъ ҳамеша мусоидат хоҳад кард, ки аз таҳдидҳои иттилоотӣ ҷилавгирӣ намоем. Гузашта аз ин, бо истифода  аз таҷрибаҳои ҳамдигар, ки тавассути коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилгарӣ дар форум баён мегарданд, ба ҳадафҳои худ мерасем. Дар доираи коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври васеъ баррасӣ шудани ин масъалаи муҳим баёнгари он аст, ки ҷаҳду талош дар мубориза бо таҳдидҳои иттилоотӣ ва бартараф намудани он вазифаи муштараки мо мебошад, – гуфт Элдор Орипов.  
Дар форум раиси Кумитаи иҷроия – Дабири иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, директори генералии Кумитаи иҷроияи ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши робита Нурудин Муҳитдинов, ҷонишини раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии “Хадамоти давлатии техникӣ”-и Қазоқистон Зекен Исмоилов, ҷонишини директори Институти технологияҳои иттилоотии Озарбойҷон Шокир Меҳдиев, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва дигарон ба сухан баромаданд.
Онҳо дар маърӯзаҳои худ қайд карданд, ки як қатор вазифаи муштарак бояд мавриди иҷро қарор гиранд. Гуфта шуд, ки яке аз чораҳои мубориза бо таҳдидҳои иттилоотӣ табодули иттилоот мебошад. Ҳамчунин ҳамоҳангсозии мубориза бо ин таҳдидҳо, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои интернетӣ, ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ногаҳонӣ ва амсоли он аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбанд, ки барои мубориза бо таҳдидҳои иттилоотӣ хеле заруранд.
Дар давраи ҳозира гузаронидани мониторинги мубориза алайҳи таҳдидҳои иттилоотӣ низ натиҷаи муборизаро пурзӯр хоҳад кард. Зеро таъмини  амнияти иттилоотӣ тақозо менамояд, ки аз роҳу усулҳои гуногун истифодаи комил сурат гирад. 
Ногуфта намонад, ки барои баррасии масъалаҳои мавриди назар иштирокчиёни форум ба чаҳор иҷлосия тақсим шуданд. Дар он масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ, мубориза бо ҷинояткориҳое, ки тавассути технологияҳои иттилоотию  коммуникатсионӣ амалӣ мешавад, ҳифзи техникии объектҳои сохторҳои иттилоотӣ ва тадқиқи ҷиноятҳои киберӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар фазои иттилоотӣ муҳокима гардиданд.
Иштирокчиёни форуми байналмилалӣ эътироф намуданд, ки дар шароити рақамикунонии босуръат таҳдид ба амнияти иттилоотӣ низ авҷ гирифтааст. Хосатан, зуҳури ҷиноятҳои киберӣ, ки соҳаи молия, кредиту банкро фаро гирифтааст, ба иқтисодиёти ҳар як кишвар тавонистааст хатари ҷиддӣ ворид кунад.
Нуктаи дигаре, ки дар форум ба он таваҷҷӯҳ зоҳир гардид, қаллобӣ ва аз ин роҳ таҳдиди хатар ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Ин усул маълумоти шахсиятҳои номдорро ҷамъоварӣ карда, ба дахлнопазирии онҳо таҳдид менамояд. 
– Мо дар ҷумҳурии худ чорабиниҳои зиёдеро таҳти иҷро қарор додаем, ки амнияти иттилоотиро таҳким мебахшанд. Бо вуҷуди ин, ба ин ақида устувор ҳастем, ки ба муқобили таҳдиди иттилоотӣ дастаҷамъона мубориза барем, зеро он ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Ин муборизаи муштарак метавонад аз роҳҳои мухталиф сурат гирад, – гуфт директори Пажӯҳишгоҳи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ.
Аз баромади иштирокчиёни конфронс маълум шуд, ки масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, рушди ҷомеаи рақамӣ дар санадҳои консептуалии ИДМ акси худро ёфтаанд. 
– Як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими соҳавӣ қабул карда шудаанд, ки мақсадҳо ва принсипҳои ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи мазкур муайян мекунанд. Ба таври мисол “Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотии давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди ҷомеаи рақамӣ” ёхуд “Стратегияи таъмини амнияти иттилоотӣ” маҳз аз санадҳои ҳамкорие мебошанд, ки ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои ИДМ нақши муҳим мебозанд, – мегӯяд директори Институти тадқиқотҳои стратегии Белорус Олег Макаров.
Соли гузашта сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳод ва Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ-ро барои то соли 2030 қабул карда буданд. 
Ба гуфтаи иштирокчиёни форум ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар робита ба баргузор намудани ин нишаст барои табодули назар ва иваз намудани таҷриба ба ҳамдигар имкон фароҳам оварад. Дар ин замина дар мамлакати мо Стратегияи “Ӯзбекистони рақамӣ – 2030” ба тасвиб расидааст, ки тақозо менамояд, якчанд чорабиниҳои муҳимеро дар ин самт пиёда намоем.  
– Ӯзбекистон як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Барои ҳамин мо аз хавфу таҳдиди амнияти иттилоотӣ ҳаргиз дар канор намондаем. Зеро киберҷинояткорӣ, таҳдид ба амнияти иттилоотӣ аз мо низ тақозо менамояд, ки дар муқобили он чораҳои фаврӣ андешем ва омода бошем, ки ин таҳдид бартараф гардад. Албатта, дар ин ҷода мутахассисони идораҳои марбута бояд аз тайёрии махсус гузаранд ва моро аз ин таҳдидҳо ҳимоят кунанд,– гуфт муовини Прокуратураи генералӣ Светлана Ортиқова.
Форуми Тошканд дар масъалаи “Таъмини амнияти иттилоотӣ” 29 июн кори худро ба поён расонд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: