Президенти Ӯзбекистон бо президенти БСИО Сзин Литсюн мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо президенти БСИО Сзин Литсюн мулоқот кард

Дар чаҳорчӯби барномаи корчаллонии сафари давлатӣ ба ҶМЧ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев аз қароргоҳи Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё дидан карда, дар он ҷо бо президенти ин бонк Сзин Литсюн мулоқот анҷом дод.

Масъалаҳои кунунии тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ бо ин ниҳоди пешрафтаи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуданд.

Солҳои охир ҳамкориҳо бо бонк ба сатҳи бесобиқа расидааст. Маҷмӯи лоиҳаҳои муштарак беш аз 3 миллиард долларро ташкил дод. Танҳо дар соли 2023 ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда ба 1 миллиард доллар расид.

Дар соҳаҳои энергетика, обтаъминкунӣ, таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, инчунин рушди соҳибкорӣ лоиҳаҳои муҳим амалӣ мешаванд.

Сарвари давлатамон ҷонибдори зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои коркарди амиқи ашёи хоми стратегӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоӣ аз рӯи тамоюлҳои шарикии давлатию хусусӣ баромад кард.

Дар чаҳорчӯби анҷом дода шудани ислоҳоти сохторӣ дар Ӯзбекистони Нав Барномаи муштараки ҳамкорӣ то соли 2026 оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятнок қабул гардид.

Ба масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷиҳати стратегӣ муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътибори алоҳида дода шуд.

Инчунин ҷанбаҳои амалии омодагӣ ва баргузор намудани Ҷамъомади ҳарсолаи шӯрои идоракунандагони бонк дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд  мавриди муҳокима қарор гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: