БОНУВОН – ТАРБИЯТГАРИ МИЛЛАТ

Дар ноҳияи Давлатобод бахшида ба Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабиние, ки таҳти номи «Ба Ӯзбекистони Нав – бо авлоди нав» ташкил карда шуд, 5 нафар соҳибкоре, ки дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ фаъолият мебаранд, иштирок карданд. 
Таъсисгари муассисаи таълими нодавлатии ноҳияи Давлатобод – «Istiqbolli zamon bolalari»  Матлуба Мадаминова, Мадина Мӯъминова, ки дар шаҳри Намангон «Baby Plaza» ва «Steam Plaza»-ро, Севара Исомиддиноваи чустӣ, ки «Modern children»-ро, Одина Раҳимҷонова ва Саодат Эгамоваи уйчигӣ «Jajji professor» ва «Qalqon» ном муассисаҳои томактабиро ташкил кардаанд, доир ба фаъолияти меҳнатиашон, муваффақият ва нақшаҳои ояндаашон сухан ронда, барои шароитҳое, ки аз тарафи давлатамон фароҳам оварда шудааст, миннатдорӣ изҳор намуданд. 
Аз ҷониби тарбиятгарони муассисаҳо бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, корейсӣ, англисӣ ва арабӣ шеъру сурудҳо иҷро карда шуданд, ки ин ба иштирокдорон писанд омад. 
Ҷонишини ҳокими вилоят, раиси кумитаи занон ва духтарон Динара Яқубова, маслиҳатгари ҳокими вилоят Ирода Қӯчқороваҳо дар чорабинӣ иштирок карда, дар бораи равнақи ин соҳа ва мақоми занону духтарон дар ҷомеа гуфта гузаштанд. 
Намоишҳои маҳсулоти меҳнати дастӣ ба иштирокчиён низ манзур шуд.  
Дар охир иштироккунандагон аз тарафи ташкилотчиён бо туҳфаҳо рағбатнок гардонда шуданд.  

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: