ШУКӮҲИ РӮЗҲОИ ИТАЛИЯ ДАР САМАРҚАНД

Анҷумани иқтисодии Веронаи Авруосиё соли 2007 дар Италия оғоз ёфт ва то имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид.

Он рӯзҳои  3-4-уми ноябри соли ҷорӣ дар  маркази сайёҳии «Silk Poad Samarkand»-и шаҳри Самарқанд бо ташаббус ва ҷонибдории Ассотсиатсияҳои ғайритиҷоратии  Италия «Conoscere Eurasia» ва вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон ташкил гардид. 
Бо ҳамин  муносибат дар Самарқанд иди бошукӯҳи фарҳангии Италия ба  вуқӯъ пайваст. Дар  кинотеатри «Шарқ юлдузи» китобҳои италиявӣ намоиш дода шуд. Қабл аз оғози он директори генералии кинематографияи Италия Вивиана дел Бянко иброз дошт, ки маҳз тавассути кино ҳозирон метавонанд бо маданият ва санъати мо шинос шаванд. Аз ҳама муҳимаш, риштаи дӯстӣ  боз мустаҳкам  хоҳад шуд. Самарқанд мисли Рим шаҳри бостонӣ ва дилнишин аст. Ва мо саодатмандӣ мекунем, ки дар чунин шаҳри афсонавӣ ташриф оварда, филмҳои хешро намоиш медиҳем. 
– Ин  бори нахуст нест, ки  ҳамкасбони мо аз Италия омаданд, – иброз дошт директори  генералии  кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс  Абдухолиқов, – ният дорем, ки дар ҳамкорӣ филмҳои бадеӣ ва мустанад таҳия карда, пешкаши мухлисони санъат намоем.
Дар доираи барномаи анҷуман филмҳои «Роҳи  дур», «Аманда», «Офтоби  оянда» ва ғайра намоиш дода шуд. 
Консерти «Ситораҳои Сан-Ремо» дар толори «Айвон»-и маркази сайёҳии шаҳр баргузор шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: