МОДАРКАЛОНИ МАН 47 АБЕРА ДОРАД

Модаркалонам – Мастурабибӣ Абдуллоева ҳамин моҳ синни мубораки 88-ро пур мекунанд.

Модаркалонам – Мастурабибӣ Абдуллоева ҳамин моҳ синни мубораки 88-ро пур мекунанд. Аз машаққату душвориҳо, норасоиҳои солҳои 40, 50, 60-уми асри XX  ёд мекунанд, ки ба назари мо афсона менамояд. Рӯйи падарро надидаанд. Нони серӣ (солҳои 40-ум) набуд, зағора (аз курмаки шолӣ тайёр мешудааст) истеъмол намудаанд, чанд нафареро, ки аз гуруснагӣ фавтидааст, номбар мекунанд. Дар баҳор бисёртар тотину ревоч (чукрӣ), пиёзи кӯҳӣ ва ғайра  истеъмол карда мешудааст. Ҳоло ҳам чун баҳорон хешовандон аз кӯҳистон чунин алафу гиёҳҳои хӯрданӣ оранд, оби дидаашон мебарояд, шукронаи замони серию пурии имрӯза мекунанд...
Ба ёд меоранд, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон  11 ё 12-сола будам, ҳамроҳи модарам  нимаи дуюми рӯз буд, дар рӯймол 1,5-2 кг сарак аз мавзеи Зархонаи куҳна чидам, саркор аз дасти модарам ба гиряву зорӣ нигоҳ накарда, кашида гирифта, пеш-пеш гард, ба шӯро месупорам, гуфт. Дар мавзеи Пушти ҳиноӣ аз пеш ду мӯйсафеди деҳа, ки аз поён ба Зархона мерафтанд, ҳолро дида, саркорро сарзаниш карда,  ба сағира раҳм намо гуфтанд... 
Пас гашта торикшабӣ ба Зархона расида рафтем... 
Бинобар ба мо нонро эҳтиёт намоед, сахт нагӯед, ба мол надиҳед, гуфта таъкид менамоянд. 
Аввалҳои солҳои 50-ум бо бобоям Абдуғафур Ҷаъфаров оила бунёд намуда, ба Тиргарон омадаанд. Шароит тамоман душвор буд, асбобу анҷоми рӯзгор кам буд,  мегӯянд, зери по асосан пӯстак буд. Бо як табақи калони чӯбини ҳамсоя гирду атроф бо навбат хамир мекардаанд. Аз умри дароз диданашон ба Худованд шукргузорӣ менамоянд. Аз авлод аввал шуда ба ин ҷо омадаанд, ду ҳуҷра доштаанд, дар якеаш доимо хешовандон мезистаанд, гоҳо ба худашон хӯрок намерасидааст. Пас аз иморати нав сохтан ҳам як дар хона дар ихтиёри хешовандону шиносҳо аз деҳаҳои Зархона, Вочах, Чош будааст. Солҳои 50-уми асри XX  субҳи содиқ ба кори колхоз рафта, шом бармегаштаанд. Хӯрокпазӣ, пухтани нон, ҷомашӯӣ шаб иҷро мешудааст.  
Модаркалонам ростгӯю парҳезкор, меҳмондӯсту дасткушод, меҳрубону дуогӯянд. Модари сенздаҳ фарзанд шудаанд, мутаассифона, чор фарзанд дар кӯдакӣ фавтида, як писарашон дар 22-солагӣ, дигаре дар 47-солагӣ вафот кардаанд. Аз вафоти яке 37 сол, аз дигаре 16 сол гузаштааст, лекин ҳоло ҳам дар ҳолати танҳо будан номаълум навҳа мекунанд, ки дили кас об мешавад. Боз шукронаи Офаридгор намуда, дуо мекунанд, ки ҳеч кас Илоҳо доғи фарзандро набинад. 
Бибиам ҳоло соҳиби 32 набера, 47 абера мебошанд. 
Инҳо қатрае аз дарёи панду нақлҳои воқеии модарбузургам буд. Мо ба қадри ҳаёти имрӯза, серию пурӣ, фаровонӣ, тараққиёти техника бояд бирасем ва шукргузор бошем! 

Шукрона ҒАФУРОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: