ТАЪМИНИ АҲОЛӣ БО ГАЗИ ТАБИӢ ДАР ЧӢ САТҲ?

Масъулон чӣ мегуфта бошанд?

Шояд аз рӯйи тақвим аз якуми декабр фасли зимистон бо барфу нафаси сарди худ қадам гузорад. Вале ҳанӯз дар моҳи ноябр аз шамоли аз ҷониби шимол вазида, осмон мотам гирифт, ашк рехт, ки он батадриҷ ба яхча, сипас ба барфи реза табдил ёфт.
Пагоҳирӯзӣ самарқандиҳо аз дар баромада, шоҳиди «либоси нав» пӯшидани табиат шуданд – барфи нуқрагин чашмро мерабуд.
Воқеан, аз он хушнудии бачагон интиҳо надошт. Вале падару модарон, сарвари оилаҳо, мардуми камбизоат, ки ба фасли зимистон сӯзишворӣ надоштанд, дилашон ба ангишт табдил ёфт. Зеро муаммои гарм кардани истиқоматгоҳ ба миён омад. 
Рости гап, ҳавои сард масъулони идораҳои бо газу нерӯи барқ таъминкунии Самарқандро ҳушёр сохт. Аз якбора паст шудани фишори гази табиӣ, кашол ёфтани таъминот бо баллони гази моеъ ва тез-тез қатъ гардидани чароғ мардум бонги изтироб заданд. Телефонҳои ҳокимияту идораҳои дахлдор беист занг зад, «шабакаҳои иҷтимоӣ» аз шикояту танқид, шеърҳои ҳаҷвӣ, карикатура гӯё таркид. 
Таъҷилан бо роҳбарони идораи шуъбаи вилоятии «Hududgaz Samarkand» ва роҳбари нави корхонаи таъминоти барқи вилоят анҷумани матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст. Саволҳо бисёр буд, аммо ҷавобҳо ба қавле «думаш дар хӯрҷин» гардид.
Роҳбарон ҳар гуна баҳонаро пеш оварданд. Дуруст, сол то сол манзилҳои истиқоматӣ бисёр мегарданд ва алалхусус талаб ба сӯзишвории арзону бедуд – газ меафзояд. Чуноне ки сармуҳандиси шуъбаи вилоятии «Hududgaz Samarkand» Фурқат Каримов иттилоъ дод, ҳоло дар вилоят 768 765 ҳавлӣ, аз он ҷумла, қариб 65 ҳазор хона дар биноҳои бисёрқабата бо гази табиӣ таъминанд. Беш аз 480 ҳазор оила аз гази баллонӣ истифода мебарад, ки дар деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳсор зиндагӣ мекунад. 
Тобистон мо – як гурӯҳ дӯстдорони табиат ба деҳаҳои хушҳавои Оҳалику Оқсой азми сафар карда, мардуми таҳҷоиро ҳангоми тайёр кардани таппак дида, аз он ҳайрон шудем, ки бо вуҷуди дар замони пешрафти илму фан – асри XXI зиндагӣ дорем, халқи оддӣ хонаҳои худро чун гузаштагон гарм мекунанд.
Ҳисоботи сардори идораи барқ низ хабарнигоронро ба ҳайрат гузошт. Гапу ваъдаҳои вай латифаи қадимро ба ёд меовард. Дар чиллаи зимистон хӯроки чорвои кампирак тамом шуда, вай бо ҳасрат чунин гуфта будааст: «Бузакам намур, баҳор меояд».
Аҷаб, агар нерӯи барқ ва таъминоти газ сари вақт амалӣ нагардад, масъулон ба мизоҷон чӣ мегуфта бошанд?

З.ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: