“МАН ДАР ХУДКУШИИ КАСЕ ДАСТ НАДОРАМ!”

Ба идораи рӯзнома номае расид аз номи мудири шуъбаи муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон Сайёра Хонкелдиева, ки дар айни замон аз ин вазифа муваққатан озод шудааст.

Ба идораи рӯзнома номае расид аз номи мудири шуъбаи муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон Сайёра Хонкелдиева, ки дар айни замон аз ин вазифа муваққатан озод шудааст. 
“Баъди ба вазифа таъин шуданам кӯшиши зиёд ба харҷ додам, ки фаъолияти муассисаҳои таълими томактабӣ беҳбуд ёбад. Дар ин миён мудири муассисаи таълими томактабии рақами 11-уми ноҳия Гулчеҳра Хӯҷақулова ногаҳон даст ба худкушӣ зад ва баъди ин ҳодиса ба ҳайси мудири МТТ мавриди таънаву маломати “фаъолон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтам...» – навиштааст ӯ. 
“Гоҳ-гоҳ овозаҳо дар бораи Гулчеҳра Хӯҷақуловаро мешунидам, ки аз бемории равонӣ шикоят мекунад ва ҳаёти оилавиаш низ чандон хуб нест. Гулчеҳра танҳо баъди издивоҷи дуюм соҳиби як духтарча шуд. Шавҳараш намехост, ки Гулчеҳра ҳомила шавад. Аз ин рӯ, баъди ба дунё омадани духтарча ба назди ҳамсари якумаш баргашт. Ин ҳол низ ба рӯҳияи Гулчеҳра бетаъсир намонд”, зикр шудааст дар нома. 
 Сайёра Хонкелдиева боз навиштааст, ки вайро дар тороҷи садҳо миллион сӯм низ муттаҳам мекарданд, вале бинои муассисаи таълими томактабии рақами 11, ки мудирии онро Гулчеҳра Хӯҷақулова бар ӯҳда дошт, ҳанӯз моҳи августи соли 2019, яъне то таъини ӯ ба ин вазифа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. 
...Сохтмони бинои нав марбути ОКС ё шуъбаи сохтмони капиталии Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ буд ва ман ба ин сохтмон ягон алоқа надоштам. Зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки маблағи зиёди давлатро ба тороҷ бурдаанд. Хоссатан, баъзе корчаллонҳо бо сӯиистифода аз вазъи равонии Гулчеҳра Хӯҷақулова барои ба тороҷ бурдани ин маблағ кӯшидаанд ва ҳоло мавриди бозпурсии ходимони прокуратура қарор доранд”, қайд шудааст дар нома.        
Як гурӯҳ “фаъолон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни он ки то анҷоми таҳқиқи ҳодиса сабр кунанд, дар ин ҳодиса Хонкелдиеваро аз гунаҳкорони асосӣ ном бурдаанд.  
Аз рӯйи муроҷиати Сайёра Хонкелдиева, баъди таҳқиқи мавзӯъ ва суҳбатҳо бо вай ва дигарон бовар ҳосил кардам, ки ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нодуруст қаламдод шудааст. 
– Аз пахши хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ то андозае огоҳ ҳастам. Ростӣ, Сайёра одами бовиҷдон ва ҳалолу пок аст. Аммо вуқӯъи худкушии Гулчеҳра Хӯҷақулова мунҷар ба он шуд, ки ӯ зери санги маломат бимонад. Хонкелдиева дар пешрафти кори таълиму тарбия саҳми калон гузоштааст. Бар илова, ӯ хеле зани масъулиятшинос мебошад, – гуфт дар суҳбат бо мухбири “Овози тоҷик” ҳокими ноҳия Ҷасурбек Абдурайимов.
 Барои он ки ба ин ҳодиса фикри Вазорати муассисаҳои таълими томактабиро низ омӯзам, ба сухангӯи он Дилафрӯз Икромова муроҷиат кардам. 
– Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад. Мутахассисони мо низ дар ноҳияи Балиқчӣ машғул ба ин коранд. Дар робита бо ҳодисаи худкушии мудири муассисаи таълими томактабии рақами 11-уми ноҳияи Балиқчӣ Гулчеҳра Хӯҷақулова мо касеро айбдор карда наметавонем, зеро ходимони прокуратура ба ин кор машғуланд. Ин идора ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ накардааст. Таҳқиқ, ки ба охир расид, перомуни ин масъала изҳорот  пахш хоҳем кард,– гуфт Д. Икромова.
– Оё дар давраи таҳқиқи ҳодиса аз Сайёра Хонкелдиева тақозо хоҳад шуд, ки вазифаашро муваққатан супорад? – пурсидам аз сухангӯи вазорат.
– Мувофиқи қонунгузорӣ то анҷоми тафтишот касе Сайёра Хонкелдиеваро аз кор сабукдӯш намекунад. Аммо танҳо ба далели тафтишот вай бояд муваққат тарки вазифа намояд. Баъди анҷоми тафтиш хулоса карда мешавад, ки вай ба ҳайси мудир вазифаашро идома хоҳад дод ё на, – посух дод Дилафрӯз Икромова. 
Зимни муроҷиати мо ба прокуратураи ноҳияи Балиқчӣ роҷеъ ба Сайёра Хонкелдиева ягон муносибат нишон надоданд. 
– Баъди ба ин вазифа таъин шудани Сайёра Хонкелдиева кори муассисаҳои таълими томактабии ноҳияи Балиқчӣ хеле пеш рафт. Аммо бо сабабҳои номаълум Хӯҷақулова худкушӣ карду моро дар вазъияти ногувор қарор дод. Фишор ва таҳдидҳои зиёди беруна ба саломатии Сайёра Хонкелдиева бетаъсир намонд. Барои ҳамин ӯ бо хоҳиши худ феълан аз вазифа истеъфо дод. Аммо ӯ бекор намондааст ва ҳоло дар садорат машғули фаъолият мебошад, – гуфт сардори Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилоят Муқаддас Абдуллоева.  
Блогер Фотима Ҷӯраева дар саҳифаи хусусии шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» суратҳои ҳаҷвӣ чоп кардааст. Ҳамчунин вай чунин навиштааст: “Мудир С.Хонкелдиева яке аз онҳоест, ки дар худкушии Гулчеҳра Хӯҷақулова даст дорад, аммо ба ҷойи он ки аз кор равад, вайро ба мақоми болотар ба кор таъин кардаанд”. 
Ногуфта намонад, ки Фотима Ҷӯраева нисбати фаъолияти сардори Садорати МТТ-и вилоят низ маълумотҳои ғаразнок интишор кардааст, салоҳият ва обрӯву эътибори ӯро зери савол қарор додааст. Гуфта мешавад, Фотима Ҷӯраева бо интишори мақолаҳо вазъияти носолим ва фикрҳои беасосро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни мардум ба бор овардааст.
Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилояти Андиҷон тавассути раддия интишори ҳар гуна маводи беасосро маҳкум намуда, илова кардааст, ки он тибқи қонунгузориҳои кишвар бояд баррасӣ гардад ва шахсони дар ин кор дастдошта бояд ба ҷазо кашида шаванд.  
 Зикри он нукта бамаврид аст, ки Сайёра Хонкелдиева 15 октябри соли 2019 роҳбари шуъбаи муассисаҳои таълими томактабии ноҳияи Балиқчӣ тайин шудааст. Аммо дере нагузашта блогер Қодир Низомов навори видеоиро дар шабакаи «Ютуб» пахш намудааст, ки дар он фаъолияти С.Хонкелдиева зери танқиди шадид қарор гирифтааст. 
Аслан зимни рух додани ҷиноят нисбати он мақомоти тафтишот парванда кушода, суд ҳукм мебарорад.
Аммо таҳқиқи журналистии марбут ба ин ҳодиса, ки мо низ кардем, нишон дод, ки баъзеҳо чизи хостаашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор менамоянд, бо нишондоди ким-кӣ ин ё он шахсро муттаҳаму сиёҳ карда, ҳатто ба ҷойи додгоҳ дар бораи ӯ ҳукм содир мекунанд.
 Ба гуфтаи Сайёра Хонкелдиева дар ин бора ба ниҳодҳои интизомӣ бо ариза муроҷиат карда буд, аммо ба далели он ки парванда зери таҳқиқ қарор дошт, ба аризаи ӯ чанд муддат ҷавоб надоданд. 
 Қодир Низомов аз чунин ранг гирифтани ҳол хурсанд шуд ва ба фаъолияти “хабарнигорӣ”-и худ идома дод. Пас аз чанде ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” таҳти унвони “Кирдори мудири ШМТТ-и ноҳияи Балиқчӣ фош гардид!” навори видеоӣ нашр намуд, ки дар он Сайёра Хонкелдиева бадном шудааст. 
Таҳқиқ нишон дод, ки С. Хонкелдиева инсони мансабталош нест. Ӯ бо даъвати сардори садорат аз мактаби таълимоти умумӣ ба ШМТТ-и ноҳияи Балиқчӣ мудир тайин шудааст. Инро зимни суҳбат сардори ин идора Муқаддас Абдуллоева тасдиқ намуд.
– Ман аз фаъолияти Сайёра Хонкелдиева дар ин муддати кӯтоҳ ягон эътироз надорам. Аммо намояндагони шабакаҳои иҷтимоӣ намегузоранд, ки мо – мутахассисон ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул шавем. Ҳатто онҳо ба мо амр мекунанд, ки ин ё он ходимро аз кор сабукдӯш кунем,– афзуд Муқаддас Абдуллоева.
– Ҳамаи талошҳоямро ба он равона кардаам, ки номи некам доғдор нашавад. Дар давоми фаъолияти худ, ки ба соҳаи таълими халқ бахшидаам, ҳаргиз аз пайи ба даст овардани мансаб нашудам. Аз омӯзгори оддӣ то вазифаҳои гуногуни роҳбариро анҷом додам. Соҳиби фарзандону наберагон ҳастам. Падарарӯсу модарарӯси меҳрубон дорам, ки ҳамеша маро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва мегӯянд, ки фарзандону набераҳоямро бо пули ҳалол парвариш кунам, – мегӯяд Сайёра Хонкелдиева.
 Вақте ки ин сатрҳо иншо мешуд, Сайёра Хонкелдиева занг зад. Вай гуфт, ки прокуратура бегуноҳ будани ӯро эълон ва хулосаашро ба Вазорати МТТ низ тақдим намуд.
– Оё шумо ба иҷрои вазифа бармегардед, ки муваққатан аз он истеъфо додаед? – пурсидам аз ӯ.
– Дилам мехоҳад, ки барои бастани даҳони баъзе ҳангоматалабҳо ё гирифтани пеши роҳи беадолатиҳо корамро давом диҳам, вале аз азиятҳои равонӣ мебояд каме ба худ оям. Барои шахсе, ки дар майдони меҳнат худро пазондааст, ҳамеша ҷойи кор пайдо мешавад, – мегӯяд бо бурдборӣ Сайёра Хонкелдиева. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори махсуси 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: