ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР АЗ ФАРЗАНД НЕСТ

Соли гузашта дар Самарқанд 112 623 нафар кӯдак таваллуд шуд, ки дар ҷумҳурӣ рекорди хоса мебошад.

Бобати сиҳатманд ба дунё омадану саломат ба камол расидани онҳо маркази перинаталии Самарқанд хизмати шоиста менамояд.
Муассисаи мазкур барои 250 нафар пешбинӣ шуда, дар он 142 нафар шифокорони соҳибтаҷриба ва ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд. Номзади илмҳои тиббӣ Лола Ҳамроева сардухтури марказ аст. Бо ташаббуси ӯ  дар ин ҷо корҳои ибратомез амалӣ мегарданд.
– Дар маркази мо пойгоҳи электронии дафтари тиббии бонувони ҳомила мавҷуд аст, ки барои расонидани кумаки ҳаматарафа ба модарони интизори фарзанд ва кӯдакони навзод ниҳоят муҳим мебошад, – мегӯяд Лола Ҳамроева. – Мо инчунин шуъбаи махсуси эндогинекологӣ дорем, дар он қариб 20 навъи ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд.
Воқеан, дар марказ ҳар рӯз 30-35 кӯдак таваллуд мешавад, ки на ҳама дар муҳлати муайяншуда чашм ба олами ҳастӣ мекушоянд. Баъзе пеш аз муҳлат, бо вазни кам таваллуд мешаванд, ки нигоҳубини доимӣ ва махсусро тақозо мекунад.
Чанде пеш Меҳрубон Тоҳирова, ки сокини ноҳияи Самарқанд аст, чоргоник таваллуд кард, ки дар таърихи Самарқанд воқеаи нодир аст. Мо кӯшиш кардем модари хушбахт сиҳату саломат бо фарзандонаш ба оғӯши оила баргардад.
То имрӯз 17 нафар доя дар Русия, Фаронса, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи корӣ омӯхта баргаштанд.
Дар маркази мо барои бонувони ҳомила шуъбаи «Мактаби модарон» фаъолият дорад, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш хидмати шоиста мекунад.
– Дар бораи нақшаҳои ояндаи марказ низ маълумот медодед...
— Дар Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон таъкид шудааст, ки барномаи пурмуҳтавои сесолаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ҷорӣ мегардад. Тамоми маҷмӯаи таваллудхонаҳо пурра таъмир ва муҷаҳҳаз карда мешаванд. Мо аллакай дар ноҳияи Каттақурғон шуъбаи худро кушодем. Дар ноҳияҳои Ургут, Пасдарғам, Пойариқ ва ғайра низ чунин бахшҳо кушода хоҳанд шуд. Мақсади мо – бо фарзанди солиму сиҳат ба оғӯши оила баргардондани модарон аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: