ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ БА МАКТАБ

Мактаби рақами 2-юми ноҳияи Кармана барои натиҷаҳои баланди бобати тайёр намудани хатмкунандагон дар доираи лоиҳаи «Як миллион барномасоз» ба даст овардашуда бо тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – мошини «Спарк» мукофотонида шуд.

Мактаби рақами 2-юми ноҳияи Кармана барои натиҷаҳои баланди бобати тайёр намудани хатмкунандагон дар доираи лоиҳаи «Як миллион барномасоз» ба даст овардашуда бо тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – мошини «Спарк» мукофотонида шуд.
Дар чорабинӣ вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Ш.Содиқов, вазири таълими халқ Ш. Шерматов, муовини ҳокими вилояти Навоӣ Я.Душанов ва ҳокими ноҳияи Кармана Ф.Умаров ширкат варзиданд.
Лоиҳаи «Як миллион барномасоз»-ро Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Бунёди «Dubai Future Foundation» (АМА) дар ҳамкорӣ бо Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ ва Вазорати таълими халқ татбиқ менамоянд.
— То охири моҳи марти соли равон шумораи онҳое, ки дар портали www. uzbekcoders.uz сабти ном шудаанд ва дар доираи лоиҳа таҳсил мекунанд, аз 200 ҳазор нафар гузаштанд, таъкид намуд вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Ш.Содиқов. — Дар онҳо беш аз 81 ҳазор нафар ширкат варзиданд ва беш аз 50 ҳазор нафар шаҳодатномаҳои хатми курсҳоро гирифтанд. Дар қисмати минтақаҳо бинобар шумораи иштирокчиёни сабтиномшуда вилояти Навоӣ (36 000 иштирокчӣ), Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (27 574 нафар) ва шаҳри Тошканд (25 572 нафар) пешсаф мебошанд. Рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси технологияҳои баланд ва ҳалли бисёр масъалаҳо аз он вобаста аст, ки хатмкунандагони мактабҳои мо то чӣ андоза омодаанд.
Дар асоси таҳлили анҷомдодашуда аз рӯи намуди фаъолияти иштирокчиёни лоиҳа, аксарияти кулл — 67,2 фоизро хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ ташкил медиҳанд. Аз паси онҳо донишҷӯёни мактабҳои олӣ – 13,1 фоиз, кормандон – 5,8 фоиз, донишҷӯёни коллеҷҳо ва литсейҳо – 1,4 фоиз ва дигарон – 12,5 фоиз меоянд.
Дар доираи лоиҳа шумораи аз ҳама зиёди хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонии дар портали uzbekcoders.uz сабти номшуда ба вилояти Навоӣ рост меояд. Минбаъд, ба сафи мактабҳои фаъолтарин муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Намангон ворид шуданд.
Аз соли равон вазифа гузошта шудааст, ки то 50 фоизи маблағҳои барои омӯзиш сарфкардаи ҷавононе, ки шаҳодатномаҳои байналмилалии IT-ро ба даст овардаанд, пардохт карда шавад.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои калонҳаҷм, аз ҷумла лоиҳаи «Як миллион барномасоз», ки ба оммавигардонии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ташаккули малакаҳо дар истифодаи технологияҳои рақамӣ дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои омӯзиши виртуалӣ ва онлайн-омӯзиш, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос равона карда шудаанд, татбиқ карда мешаванд. Ин, дар навбати худ, ба баланд бардоштани нерӯи зеҳнии насли оянда, тайёр кардани кадрҳои рақобатпазир хидмат хоҳад кард.

Хидмати матбуоти Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: