АЗ АРМОН ТО БОЗЁФТ

Шоирони асил дар адабиёт бо сабку салиқаи хос номи худро мондагор месозанд.

Шоирони асил дар адабиёт бо сабку салиқаи хос номи худро мондагор месозанд. Ашъорашон дар зеҳни мардум ҷой гирифта, ба қавле ба «шиори рӯз» табдил меёбад.  Шеър чун навъи волои санъат ҳудуд ва нажоду миллат намешиносад. Шояд ба ҳамин хотир аст, ки дар асл ба тарҷумаи шеър роҳ дода намешавад, зеро эҳсосу кайфияти руҳии шоирро, ки дар зарфи шеър ғунҷоиш додааст, ба тариқи тарҷума кӯчондан амри маҳол аст. Бо вуҷуди ин, дар ҳолатҳои маъдуд ба баргардони он даст мезананд. Дар Шарқ аз қадимулайём ба адабиёту санъат, хусусан, каломи мавзун эътибори алоҳида дода мешуд, аҳли қаламро дар аксар ҷойҳо таъзиму икром мекарданд, баръакси он, дар куҷое воқеаи ногуворе рух диҳад, пеш аз ҳама шоирон зиён медиданд. Хушбахтона, меҳру муҳаббати мардум нисбати шеъру шоирӣ то имрӯз идома дорад ва дар ҳар миллате шоирони асил ва ҳамақидаву шарики ғаму нишоти мардум аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. 
Шавкат Раҳмон аз ин қабил шоирон аст, ки бо сухани гарму  оташини худ ба дили хонандаи ӯзбек роҳ ёфтааст ва ба дарки моҳияти фурсати гузарон, яъне вақт ноил гардидааст. Дар адабиёти муосири ӯзбек ашъори ӯ  мақоми вижаи худро дорад. Дар қатори шоироне чун Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Рауф Парфӣ, Усмон Азим, Муҳаммад Юсуф бо мазмунҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва инсонгароии худ дар ташаккули шеъри муосири ӯзбек хидмат кардааст. 
Мавсуф соли 1950 ба дунё омада, пас аз чанд соли хатми мактаби миёна дар Институти адабиёти ба номи Горкии шаҳри Маскав дохил шуда, таҳсил мегирад. Сипас, ба шаҳри Тошканд баргашта, ба фаъолияти меҳнатияш оғоз мекунад. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Лаҳзаҳои рангин» (1978) ном дошта, пас китобҳои дигараш «Қирраҳои дил» (1981), «Рӯзҳои кушод» (1983), «Санги шукуфон» (1984), «Кӯҳҳои бедор» (1986), «Ҳулво» (“Пудина”,  1988), «Мунтахабот» (1997), «Абадият оралаб» (“Аз миёни абадият”, 2012) ба нашр расидаанд. Ба ҷуз ин, дар тарҷумаи шоирони испан Ф.Г. Лорка, Х.Р. Хименас, Р. Алберти ба забони ӯзбекӣ саҳмгузор будааст. Бояд таъкид намуд, тарҷумаи ашъори шоирони Ғарб дар такомул ва рушди истеъдоди шоир таъсири бориз доштааст. Зеро ин роҳ барои амиқ омӯхтани таҷрибаҳои кории эҷодкорони дигар мусоидат мекунад. 
Олами андешаҳои шоир рангоранг аст. Иҷтимоият пойгоҳи асосии навиштаҳои Шавкат Раҳмонро ташкил медиҳад. Бо маҳорати хоса тавонистааст, ки хурдтарин масоили зиндагии иҷтимоии мардумро, ки дигарон нодида мегузаранд, ба тасвир гирад. 
Шеърҳои навиштаи ӯ гувоҳанд, ки суханаш ба ҳарфи дигарон монанд нест, балки тасвири дардҳову ормонҳои худи ӯст. Ин ҷиҳатро дар шеърҳояш бармало ҳис кардан мумкин. Чунин ба назар мерасад, ки Ш.Раҳмон бо мутолиаи адабиёти ҷаҳон ва ба сифати як қаламкаш ҳамеша дар моварои олами ахбор будан мушкилоти ба ҳамагон дахлдорро аз нуқтаи назари як инсони фидоӣ ва худшинос таҳлил кардааст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар баъзе шеърҳои ба мавзӯи худшиносӣ бахшидаи ӯ драматизми шадид эҳсос мегардад. Лирикаи шоир рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ дорад, ӯ халқу миллат ва Ватанро доимо аз ҳар гуна банду қайди моддиву маънавӣ озод дидан мехоҳад. То имкон дорад, халоиқро аз пасту баландиҳо, ғаразу туҳматҳо, дурӯғу дасисаҳо ва муборизаи ватанситезон огоҳ ва ҳушёр мекунад, яъне, қалам дар назди ӯ муваззаф аст, ки пуштибони ростиву дӯстӣ бошад.  
Як чиз касро водор месозад, ки гаштаву баргашта ба навиштаҳои шоир муроҷиат кунад – ин маҳорати сурудани шеър аст. Ҳар як эҷодкор бояд бо садои ба худ хос, равияи нотакрор ва мутафовит аз дигарон барои адабиёт хидмат кунад, вагарна ба тақлиду такрор адабиёт ҳам, санъат ҳам рушд намекунад, яъне, «парвози мурғи хонагӣ» мешавад, ҷозибаашро аз даст медиҳад. Дар суханҳои оддӣ дамидани руҳи тоза, руҳи модерн ва тамоми бардоштҳои худро аз ҳаёти рӯзмарра ва муҳити атроф манзури хонандагон гардонда тавонистан малака ва таҷрибаи зиёдро талаб дорад. Шавкат Раҳмон ба ин малака даст ёфтааст.  Аз ҳар як ҷузъиёти хурд, манзараи ҳаёт шеър офарида тавонистан танҳо ба эҷодкорони болаёқат хос аст, ки чор атрофи худро пур аз масолеҳи шеър мебинанд. Дарвоқеъ, манзараҳо, воқеаҳо ва хислатҳоро омӯхта, ҳазм карда, дар коргоҳи андеша асари нав офаридан машаққату меҳнати зиёдро талаб мекунад ва ба ҷуз истеъдод ҷасорати баланд мехоҳад. Дар шеъри зерин нигоҳи ба худ хос ва шиносномаи эҷодии Ш. Раҳмон ба хубӣ эҳсос карда мешавад:

Шоире густох номаш Шавкати Раҳмон,
Рӯзе аз нав зода хоҳад шуд магар?
Беш андешида аз маънои умр,
Вожаҳоро баргузидам аз дигар.
Ҷойи сад фарҳангро гирад яке вожа,
Меҳану Халқу Ҷасорат, Ҷанг, Озодӣ.
Ҳар сухан кофӣ ба садҳо умри ман бошад,
Ҳар сухан бахшад ба рӯҳи банда шодӣ.
(Тарҷумаи муаллиф)
На ҳар касе метавонад бо чашми даруннигар ба табиат назар андохта, чизҳои навро бубинад, тобишҳои нави ҳаётро кашф кунад. Дар ашъори Шавкат Раҳмон ин нигоҳи мутафовит ҳаст. Масалан, шеъри «Ҳайкали Ибни Сино дар Афшона». 
Дар қолаби вазни ҳиҷо қолабшиканӣ карда, навиштаҳои худро бо ритм идора намудани шоир ба ҷолиби таваҷҷӯҳ гардидани шеърҳо афзудааст. Ин корест, ки бисёр эҷодкорон таҷриба мекунанд, аммо на ҳама кас муваффақ мешавад. Чунки шеър аз қолабсозӣ иборат нест, танҳо дарунмояи борвар метавонад ба он шукӯҳу шаҳомат бахшад. 
Аслан муҳим нест, ки шеър ба кадом забон навишта мешавад, муҳим ин аст, ки дар руҳи инсон чӣ андоза коргар мебошад ва барои пешрафту такомули шахс чӣ хидмате анҷом дода метавонад. Агар аз ин дидгоҳ муносибат кунем, сухани зерини С. Есенин тақвиятдиҳандаи ин ғоя аст: «Шоирон дар асл ҳамхунанд». Ин чунин маъно дорад, ки шеър ба сифати забони эҳсосоти инсон ваҳдати байни қавмҳои дунёро таъмин мекунад.
Ш.Раҳмон дар ба назм овардани ривояту афсонаҳои хурд қувваозмоӣ кардааст, ки ривоятҳои  «Ду дӯст», «Як ҳазору як шоир», «Савдогар ва тӯтӣ» аз ҷумлаи онҳост. Достони «Савдогар ва тӯтӣ» айнан ҳамон гуна, ки дар «Маснавӣ» нақл шудааст, дар китоби «Абадият оралаб» низ оварда мешавад. Дар сужети онҳо тафовуте ба назар намерасад. Аммо Мавлавӣ ба ин достони омиёна талқини фалсафиву ирфонӣ илова намудаасту Ш.Раҳмон чизе ба шарҳи он намеафзояд, ҷуз ин ки аз номи савдогар (дар матни сухани савдогар ба тӯтӣ) калимаи «Тӯрон»-ро илова мекунад. Аммо равшан нашуд, ки шоир ин достонро аз кадом манбаъ гирифтааст.
Шеърҳое мисли «Калимаи бахт», «Қасам», «Суҳбати зери девори сапед», «Қудрати сухан» ва ғайра дар худ мазмунҳои пурборро таҷассум кардаанд. Ҳар як шеър бо воқеияти ҳастӣ пайванди мустаҳкаме дорад. Ин пайванду робита ба ҷолибу ҳадафрас баромадани навиштаҳои шоир замина гузоштаанд, ки ҳар хонандаро ба олами тафаккур ва андеша раҳнамоӣ мекунад, аз ин хотир, дар аксари шеърҳои Шавкат Раҳмон инъикоси армону омоли халқ инъикос мешавад, ки шоир бо баёни зебои андешаҳои худ ба бозёфтҳои шоирона даст ёфтааст.   

Хусрав САЪДУЛЛОҲ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: