Дирӯз дар китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ Ҳафтаи китобхонӣ оғоз шуд.
Ҳафта аз 18 то 23-юми апрел кори худро дар китобхонаи номбаршуда, шуъбаҳои он дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ ва дар нимаи дуюми рӯз дар оғӯши табиат – дар боғи истироҳатии «Magic City» давом мекунад.
Имрӯз агар роҳатон ба дуконҳои китоби пойтахт ё дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ афтад, гувоҳи он мешавед, ки шумораи китобхонон хеле зиёд шудаанд. Чунин ҳолат ба дили касе, ки ба ояндаи Ватан ва насли навраси он беэътибор нест, шодии беканор меорад, чунки касе, ки китобро дӯст медорад, аз он таҷрибаи рӯзгор меомӯзад, ба касе бадӣ намехоҳад, дурӯғ намегӯяд, самимиву инсондӯст мешавад.
Баромадкунандагон доир ба эътиборе, ки солҳои охир бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба китоб ва мутолиаи китоб дода мешавад ва хислату фазилатҳои касони китобдӯст гуфта гузаштанд.
Ба ҳафтавор директори Оҷонсии коммуникатсияҳои оммавӣ ва ахбор Асадҷон Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим дар баромади худ аз китобхонаҳое, ки солҳои пеш дар деҳаҳо мавҷуд буданд, ёдовар шуд: китобхонаҳое, ки дар ҳар мактаб ва маркази шӯрои деҳаҳо мавҷуд буданд, насли миёнсол хуб медонад. Баъдтар чунин китобхонаҳо рӯ ба нестӣ оварданд. Фикр мекунам, ки акнун вақти аз нав барқарор кардани китобхонаҳо даррасид, ки ба манфиати мардум хидмат мекунанд.
Суханони шоир Қӯчқор Норқобил низ барои иштирокдорони чорабинӣ фоидабахш шуд. Нисбат ба шахси бомаърифату бомаданият ибораи «китобдида» истифода мешавад. Дар вазъияти пурталотуми сиёсии имрӯза «китобдидагон» танҳо барои кишвари худи мо не, балки барои бани башар, замин-модар низ хеле заруранд.
– Аз таърих медонем, ки барои халқи мо китоб арзиши зиёд дошт, – гуфт раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров. – Масалан, китобхонаи бузурги Сомониён, ки Ибни Сино аз он истифода бурдааст, ё китобхонаи ситорашиноси номвар Мирзо Улуғбек, ки ҷаҳолатпарастон кӯшиш мекарданд онро несту нобуд кунанд. Чунин мисолҳоро бисёр овардан мумкин.
Ҳоло дар миқёси ҷаҳон Исландия аз рӯйи китобхонӣ пешқадам аст. Дар Ҳиндустоне, ки бештари аҳолии он камбизоат аст, солҳои охир дар китобхонӣ пешравӣ ба назар мерасад.
Аз рӯйи маълумотҳо аз китобхонаи миллӣ дар як рӯз якуним ҳазор нафар истифода мебаранд. Чунин натиҷа хуб аст, аммо мо ҳамаи талаботи роҳбари давлатамонро ба амал татбиқ намоем, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра истифода барем, чунин нишондод боз ҳам меафзояд.
Бояд ёдрас намуд, ки ҳафтавор таҳти шиори «Бидуни китоб оянда нест» баргузор шуда, пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он вохӯриҳо бо шоиру нависандагони номвар, чорабиниҳо бахшида ба фаъолияти эҷодии А.Навоӣ, З.Бобур, М.Замахшарӣ, А.Орипов, Ӯ.Ҳошимов, Б.Бойқобилов, намоишномаҳои хонандагони мактаби рассомии ба номи Бенков, дарсҳои маҳорат доир ба санъати амалӣ, муаррифии китобҳои тозанашр гузаронида мешавад.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».