САМТҲОИ НАВИ ЧОРВОДОРӢ

Дар мамлакатамон чорвои майдаи хонагӣ то зимистони сол дар дашту адирҳо парвариш ва зиёд карда мешаванд.

Ҳоло шумораи онҳо аз 30 миллион сар зиёд бошад ҳам, сифатнокии онҳо ба дараҷаи бояду шояд нест. Доруворие, ки селексионер ва олимони иттиҳоди шуравӣ барои гӯсфандҳои қарокӯл ихтироъ карда буданд,  ба гов, асп, хук ва ғайра зотҳои дигари чорво истифода шуданд, ки сабаби пастшавии ҳаҷми генофизиологӣ ва сифати онҳо гардид, яъне боз ҳам аниқтар гӯем, ҷуссаи гӯсфанд, мисли буз барин чорвои майдаи хонагӣ хурдтар гардидааст. Намояндаи Шӯрои хоҷагиҳои деҳқониву  фермерӣ ва соҳиби замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон ҳамчун ҳаллу фасли ин мушкилот бори аввал дар чорводорӣ системаи ЭКО-ро бомуваффақият ҷорӣ намуд, ки дар  он шумораи чорворо кам накарда, насли нави он гирифта мешавад.     
Ин масъала бо олимони Маркази илмии таҳқиқотии эмбрионологияи Русия муҳокима гардид ва барои ворид намудани инвеститсия ба ин лоиҳа соли 2021 наслшинос, директори корхонаи «Копия Ко.» оид ба Осиёи Миёна Чой И ба кишвари мо ташриф овард. Дар Вазорати хоҷагии қишлоқ бо олимони мутасаддӣ вохӯрии ӯ баргузор гардида буд.
Мувофиқи нақшаи инвеститсионии корхонаи «Копия Ко.» корҳои наслгирӣ оғоз гардид. 
Бинобар ин,  зиёд кардани  насли «Меренос»-и ба гармии саҳро  тобовар ва «Ҳисорӣ»-и бузургҳаҷми хуштаъму сергӯшти гӯсфанд ба роҳ монда шуд, ки  дастурхони аҳолиро боз ҳам пурфайз мегардонад.  

М. МУҲАММАДИЕВ,
сардори шуъбаи Шӯрои хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва соҳиби замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: