Нисбати мансабдорони ширкати хусусии ҳавопаймоӣ, ки чораҳои аз сафари Умра баргардонданро наандешидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1 нафар чораи эҳтиётии ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.

Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати шахсони мансабдори ширкати хусусии ҳавопаймоӣ, ки барои баргардонидани ҳамватанони мо аз сафари Умра чора наандешидаанд ва ба дигар қонуншиканиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба парвандаи ҷиноии бозшуда корҳои тафтишотӣ идома доранд.  Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1 нафар чораи эхтиётии ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.

"Ба мақсади пешгирии ҳолатҳои монеъ шудан ба муайян намудани ҳақиқат оид ба парванд тафтишоти дигар ошкор карда намешавнад", - омадааст дар хабар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: