Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади дуюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ

Муҳтарам иштирокдорони Шӯро!

Хонуми муҳтарам Рено-Бассо!

Шуморо дар ҷамъомади дуюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ самимона хайрамақдам мегӯям. Аз он ки дар ҷамъомади кунуниамон шарикони наздик – роҳбарони ширкатҳои номдор ва идораҳои машҳури молиявии ҷаҳон, ҳамчунин шарикони нави худро мебинем, хеле хурсандам.

Дар давраи сипаришуда Шӯро фаъолияти самарабахши худро намоиш дод. Ба шарофати дастгирии ҳамаҷониба ва эътибори махсуси шумо ба ислоҳоти мо кумаки назаррас расонида шуд.

Ғоя ва ташаббусҳои шумо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвари мо фаъолона ҷорӣ карда мешаванд. Анҷумани байналхалқие, ки шумо дирӯз дар он иштирок кардед, хеле пурмаҳсул ва пурмазмун гузашт, пешниҳодҳои рӯзмарра садо доданд, бисёр муоҳидаҳои муҳим ба имзо расиданд.

Аз имконият истифода бурда, ба шумо, дӯстони қарини мамлакати мо барои саҳми сазоворатон дар рушди Ӯзбекистони Нав миннатдории амиқ изҳор мекунам.

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!

Тавре ки шумо медонед, ҳоли ҳозир дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ номуътадилӣ авҷ мегирад, буҳронҳои энергетикӣ, хӯрокворӣ ва экологӣ торафт ҷиҳати ҷиддӣ пайдо мекунанд. Дар чунин шароити мураккаб танҳо амалҳои пухта, ҳамаҷониба мувофиқкардашуда ва мушаххас ба мо имкон медиҳанд ба қуллаҳои баланди пешбинишуда даст ёбем.

Дирӯз дар суханронии худ ман дар бораи натиҷаҳои бадастомада ва самтҳои бартариноки сиёсати сармоявии Ӯзбекистони Нав муфассал  ҳарф задам. Имрӯз мехоҳам суханони шуморо шунавам.

Хонуми муҳтарам Рено-Бассо, барои ман фикру ақидаҳои шумо бағоят бақадр мебошанд. Иштироки бевоситаи шумо дар анҷуманҳо ва дастгирии фаъолатон аз кори Шӯро, бидуни шубҳа, моро рӯҳбаланд мекунад ва ба мулоқоти ошкоро, пурмуҳтавову пурмаҳсул дар доираи платформаи мазкур мусоидат менамояд.

Мехостам фаъолияти Гурӯҳи кориро, ки дар тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо дар бораи сармояҳо ва минтақаҳои озоди махсус саҳм гузоштааст, бо қаноатмандии хоса қайд намоям.

Муътақидам, ин ҳуҷҷатҳои муҳим, ки аз ҷониби коршиносон андешида шудаанд, дар такмил додани муҳити мусоиди сармоявӣ ва соҳибкории мамлакат аҳамияти мушаххас хоҳанд дошт.

Ғайр аз ин, барои мо таҳлили сиёсати сармоявӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд оғоз ёфтааст, хеле муҳим мебошад. Ин лоиҳа ба мо имкон медиҳад самтҳои асосии минбаъд беҳтар кардани муҳити сармоявиро дар мамлакат муайян кунем ва механизмҳои самарабахшро фароҳам оварем.

Мо ба дастгирии доимии созмон, таҳлили амиқи он ва манфиатдориаш аз вусъати минбаъдаи ҳамкории қарин баҳои баланд медиҳем.

Мулоқоти рӯшод ва самарабахше, ки дар байни ҳукумат ва сармоягузорон барқарор шудааст, барои рушди устувори иқтисодӣ ҷиҳати асосӣ ба шумор меравад. Бешубҳа, моро зарур аст, ки якҷо ҳанӯз бисёр вазифаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоем, бинобар ҳамин ҳам имрӯз даъват мекунам, ки ҳама сарҷамъона  кор кунем, ҳампои замон бошем, якҷо нақшаҳои мушаххасро андешем ва саъю ҳаракатҳои худро беш аз пеш ҳамоҳанг созем.

Пешниҳод мекунам, ки дар доираи Шӯро бинобар самтҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шаванд, шуморо бобати куллан татбиқ намудани пешниҳоди онҳо ба иштироки фаъолона даъват менамоям.

Якум, ин рушди бозори сармоя аст. Дар самти мазкур бояд ба ҷалби васеи сармояҳои дохиливу хориҷӣ дар пешрафти маркази байналхалқии молиявӣ эътибори махсус дода шавад, ки ба талаботи сармоягузорони хориҷӣ куллан ҷавобгӯ бошад.

Дуюм, масъулияти ҷорӣ кардани тиҷорат. Дар ин бобат васеъ ҷалб намудани равандҳои дахлдори Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки ба таъмин сохтани эътидол, шаффофият ва рӯшодии иқтисодиёт нигаронида шудаанд, аҳамияти муҳим дорад.

Сеюм, рағбатноксозии сармояҳои муқобил. Бобати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои зиёд кардани стартапҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ, сармояҳои муштарак коркард ва қабул намудани қонуни нав «Дар бораи сармояҳои венчурӣ» аҳамияти махсус дорад.

Чаҳорум, рақамикунонии низоми кор бо сармоягузорон. Фикр мекунам, фурсати коркард ва дар амал васеъ ҷорӣ намудани платформаи мукаммали электронӣ барои татбиқсозии тамоми хидматҳои байни сармоягузорони хориҷӣ ва мақомоти давлатӣ расидааст.

Бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки барои мо дониш ва таҷрибаи ғании шумо, муносибатҳои замонавӣ бағоят муҳим мебошанд. Бовар дорам, ки ба шарофати дастгирии фаъоли шумо Ӯзбекистон минбаъд низ суръати рушди устуворро намоиш хоҳад дод.

Аз ҳамаи шумо даъват ба амал меоварам, ки дар мубоҳисаҳои ҳолоина ва коркарди ташаббусҳои нав фаъолона иштирок кунед. Мо бо саъю кӯшишҳои муштарак, якдигарро дастгирӣ карда, метавонем сатҳи ҳаёти халқи моро баланд бардорем ва ояндаи шукуфони Ӯзбекистонро таъмин кунем.

Барои эътиборатон ташаккур.

Навбати суханро ба хонуми муҳтарам Рено-Бассо медиҳам.

ххх

Муҳтарам иштирокдорони мулоқот!

Мутаассифона, регламент ва ҳуҷҷати чорабиниҳо имкон намедиҳанд тамоми таклифҳои пешниҳоднамудаи шуморо алоҳида ва махсус баррасӣ кунем.

Ман ба қатъият ва саъю кӯшиши шумо барои вусъат додани ҳамкории дарозмуҳлат ва мулоқоти пурмуҳтаво бо Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳам.

Мехоҳам бори дигар шуморо бовар кунонам: мо барои тиҷорати бомуваффақияти шумо дар кишварамон тамоми шароитҳоро фароҳам меоварем, то ки шумо худро дар ин ҷо  хубу муътамад эҳсос намоед.

Мо тамоми ташаббус ва тавсияҳои пешниҳодкардаи шуморо ба инобат мегирем.

Аз имконият истифода бурда, бори дигар ба хонуми муҳтарам Рено-Бассо барои дастгирии доимиаш аз ислоҳоти мо, татбиқи самарабахши барномаҳои муштаракамон миннатдорӣ изҳор менамоям.

Ибтидо аз имрӯз мо дар фаъолияти Шӯро низоми куллан навро ҷорӣ мекунем.

Аъзои Ҳукумат, вазирон, кормандони масъули Маъмурият, ки дар ин толор ҳузур доранд, мулоқоти моро мунтазам идома медиҳанд, бо шумо ҳар моҳ вомехӯранд.

Бинобар ҳар як ташаббуси пешниҳодшуда, ҳар кадом лоиҳа «харитаи амалиёт»-и алоҳида қабул карда хоҳад шуд. Тамоми онҳо таҳти назорати шахсан ман қарор хоҳанд гирифт.

Дар анҷоми мулоқот ба шумо сиҳҳату саломатӣ, дар фаъолияти касбӣ ва ҳаёти шахсиатон комёбиҳои бузург орзу менамоям.

Барои эътиборатон ташаккур.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: