САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД

  • САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД
  • САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД
  • САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД
  • САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД
  • САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД
  • САМАРАБАХШИИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ТАҲЛИЛ КАРДА ШУД

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 5 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба таҳлили самарабахшии ислоҳот дар соҳаи маорифи халқ баргузор гардид.

Рушди сармояи инсонӣ яке аз ҳафт бартарияти Стратегияи рушди Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ҷамъомаде, ки 28 январи соли ҷорӣ баргузор шуд, масъалаҳои соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои зиёде муайян карда шуданд.

Дар ду моҳи охир шахсони масъул ба тамоми минтақаҳо рафта, дар ҷояш мушкилотро омӯхтанд. Маълум карда шуд, ки дар 852 мактаби мамлакат нишондодҳои сифати таълим, потенсиали муаллимон ва дохил гардидани хатмкунандагон ба муассисаҳои олии таълимӣ хеле паст аст.

Услубҳои пешқадам дар мактабҳои Президентӣ, махсус ва хусусӣ татбиқ гаштаанд. Аммо мушкилоти калонтарини дигар мактабҳо дар он аст, ки услуби дарс куҳна гаштааст. Дар бобати дар онҳо татбиқ намудани услуби замонавии таълим низ ташаббусҳо вуҷуд надоранд.

Сарфи назар аз ҷудо гардидани маблағ барои муҷаҳҳаз намудани мактабҳо бо компутер кор дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон ва Тошканд хеле суст пеш меравад. Сифати таълим дар мактабҳои ноҳияҳои дурдаст ғайриқаноатбахш аст.

Тавре ки маълум аст, дар аввали сол шӯроҳо дар бобати ислоҳоти таълими мактабӣ ташкил гардида буданд. Раисони шӯроҳо дар маҳалҳо ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба шумор мераванд. Аз ин рӯ ҳокимони минтақаҳо барои дараҷаи пасти таълим огоҳонида шуданд.

– Агар роҳбарон, муаллимон дар рӯҳи Ӯзбекистони Нав амал намоянд, мо метавонем фарзандонамонро бинобар талаботи замон тарбия намоем. Халқамон ба мо аз ҳама гаронтарин –  фарзандонро бовар мекунанд. Ин масъулияти хеле бузург аст. Агар мо мактабро бо дарки ин ислоҳ намоем, барои оянда таҳкурсӣ ба вуҷуд меорем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Роҳбари давлат дар бораи роҳандозии лоиҳаи умумимиллӣ дар бобати бозомӯзии муаллимони мактабҳо дар асоси услубҳои нав эълон намуд.

Бинобар ин низоми нав дар се-чор соли наздик муаллимони тамоми мактабҳо дар асоси услуби нав таълим хоҳанд гирифт. Бо ин мақсад дар пойгоҳи марказҳои бозомӯзии ҳар як минтақа Марказҳои миллии таълимӣ барои таҳсили муаллимон бинобар услубҳои нав ба вуҷуд оварда мешаванд. Ба онҳо баландмалакатарин мутахассисони хориҷӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар ҳар як минтақа «гурӯҳи мураббиён» барои такмили ихтисоси муаллимони мактабҳо дар маҳалҳо ташаккул дода мешаванд. Ба онҳо барилова ба музди меҳнаташон ба миқдори сад фоиз иловапулӣ пардохта мешавад.

То охири сол ҳокимиятҳо якҷоя бо Вазорати маорифи халқ ба татбиқи услубҳои пешқадам дар на камтар аз 20 фоизи мактабҳои ҳар як ноҳия ва шаҳр шурӯъ хоҳанд кард. Барои татбиқи ин низоми нав барилова 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Инчунин Институти ба номи Абдулло Авлонӣ ба Маркази миллии ҷумҳурии таълим табдил дода шуда, ба низоми ягона бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд муттаҳид карда мешавад.

Умуман низоми таълим бинобар услубҳои нав аз Маркази миллии таълим ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд оғоз меёбад. Донишгоҳ ба ихтиёри Вазорати маорифи халқ мегузарад ва дар бобати омодагӣ ва бозомӯзии муаллимони мактаб дар мамлакат муассисаи пойгоҳӣ хоҳад гардид.

Донишкадаҳои омӯзгорие, ки дар минтақаҳо фаъолият доранд, тадриҷан аз донишгоҳҳо ҷудо карда шуда, ба муассисаҳои мустақили таълимӣ табдил дода мешаванд.

Дар ҷамъомад ба тарбияи ҷавонон эътибори алоҳида нигаронда шуд. Вазифаи таҳияи консепсияи нави куллан беҳсозии фазои маънавӣ дар мактабҳо гузошта шуд.

Ба ногузирии таҷдиди назари талабот нисбат ба тарғиботчиёни маънавият дар мактабҳо, ба ин вазифаҳо таъин намудани шахсони бонуфуз дар маҳалла ва ҷамоа, рағбатноксозии хонандагон ва падару модарони намунавӣ таъкид гардид.

Ҳоло 120 мактаби мамлакат бинобар коэффисиенти сеюм ва чорум кор мебарад. Яъне миқдори хонандагонаш аз ғунҷоишаш зиёд аст. Президент дар бобати беҳсозии шароити чунин мактабҳо супоришҳо дод.

Таъкид шуд, ки то аввали соли хониши оянда 960 мактаб бо синфҳои компутерӣ таъмин гардида, 740 мактаб дубора таъмин мегардад.

Дар бобати навсозии беш аз 5 ҳазор синфи компутерӣ таҳияи қабули барномаи алоҳида ба нақша гирифта шудааст. Барои ин аз буҷети ҷумҳурӣ 200 миллиард сӯм, аз буҷетҳои маҳаллӣ боз 200 миллиард сӯм маблағ ҷудо мегардад.

Дар назди Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия вазифаи кушодани тарифҳои махсуси имтиёзнок барои мактабҳо, афзудани суръати интернет дар мактабҳо сонияие то 100 мегабит вобаста ба миқдори хонандагон вазифа гузошта шуд.

Таълим ва вазъият дар мактаб аз бисёр ҷиҳат аз директорон вобаста аст. Аз ин рӯ аз соли нави хониш зарур аст, ки низоми сертификатсияи директорони мактабҳо ҷорӣ карда шавад. Минбаъд номзадҳо ба вазифаи директорӣ аз тариқи ин низом интихоб карда мешаванд.

Роҳбари давлат ногузирии рушди тадриси фанҳои табиӣ ва дақиқро таъкид кард. Дар пойгоҳи 193 муассисаи таълимӣ ташкил намудани мактабҳо бо тамоили фанҳои табиӣ ва дақиқ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳокимон дар бобати таъмири ин мактабҳо ва ба вуҷуд овардани тамоми шароит супоришҳо дода шуд.

Дар ҷамъомад вазирон ва ҳокимон, директорони мактабҳо фикр ва пешниҳодоти худро баён намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: