СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ ТУРКИЗАБОН

Нутқ

Муҳтарам Илҳом Гейдарович!

Мӯҳтарам роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо!

Мӯҳтарам Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ!

Дӯстони азиз!

Пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Гейдарович Алиев, ки бо ташаббуси ташкили ҳамоиши ғайринавбатии имрӯзаи Шӯрои туркӣ баромад, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Вохӯрии мо дар шакли видеоконфронс ба мавзӯи фавқулодда муҳим ва рӯзмарраи мубориза алайҳи пандемияи коронавирус, ки дар тамоми ҷаҳон боиси нигаронӣ ва ташвиш мегардад, бахшида шудааст.

Ман бо ҳамкасбони худ комилан розӣ ҳастам, ки ин бемории даҳшатбор, ки ба бисёр кишварҳои олам таъсири манфӣ мерасонад, давлатҳои моро бо шумораи умумии беш аз 160 миллион нафар аҳолиаш дар канор намонд.

Ва, мутаассифона, паҳншавии он идома дорад.

Пандемияе, ки ҳамаи мо дучор шудем, бинобар суръат ва миқёси паҳншавӣ ба як бӯҳрони бесобиқаи саросари ҷаҳон,  барои тамоми башарият ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ даъвати ҷиддӣ табдил ёфт.

Тавре ки шумо медонед, халқҳои турк дар тӯли таърихи бисёрасринаи худ, аз бисёр озмоишҳои вазнин ва ҷиддӣ гузашта, муттаҳид шуда, тамоми душвориҳоро далерона паси сар карда тавонистанд.

Итминони комил дорам, ки ҳамоиши имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки барои зуд ва самарабахш ҳаллу фасл намудани мушкилоти муштарак дар ин замонҳои вазнин усулҳои умумиро муайян намуда, амалҳоямонро ҳамоҳанг созем.

Ба фикрам, ин ҳамкории мо бояд дар самтҳои зерин амалӣ карда шавад:

коркарди тадбирҳои муассир ва фарогир оид ба пешгирии паҳншавии васеи пандемия, мустаҳкам кардани ҳифзи сиҳатӣ ва ҳаёти инсон;

кам кардани таъсири манфии ин таҳдид ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии давлатҳои мо;

ба роҳ мондани ҳамкориҳои низомнок дар ин соҳа.

Ҳамкасбони мӯҳтарам!

Дар Ӯзбекистон барои табобати беморони мубталои коронавирус мубодилаи мунтазами таҷриба бо шифокорони баландихтисос аз Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Русия ва Олмон, аз ҷумла тавассути телемедицина ба роҳ монда шуда, усулҳои пешқадамтарини табобати онҳо васеъ истифода мешаванд.

Бо мақсади ташкили назорати самарабахши вазъи эпидемиологӣ мо дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ  ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем.

Якум, дар саросари кишвар низоми қатъии карантин ҷорӣ карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ дар ин масъалаҳо, дар муддати кӯтоҳ мо ба қонунгузорӣ тағйироти дахлдор ворид кардем.

Дуюм, барои самарабахш мубориза бурдан  бо коронавирус дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои махсуси тиббӣ ва минтақаҳои карантинӣ ташкил карда шуданд.

Масалан, дар вилояти Тошканд минтақаи махсуси карантинӣ барои 20 ҳазор ҷой ба истифода дода шуд, ки 10 ҳазори он аллакай ба истифода дода шудааст. Дар охири ҳамин моҳ, сохтмони клиникаи замонавии модулии дорои 10 ҳазор кат ба итмом мерасад. Ҳарду бино бо ҳама чизи зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизот ва техникаи дахлдор муҷаҳҳаз карда мешаванд. Барои пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин бемории хатарнок  ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар васеъ истифода бурда мешавад.

Ҳамзамон, ҳавасмандгардонии ҳамаҷониба ва таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони тибб, ки дар сафи пеши мубориза бо коронавирус мебошанд ва аввалин шуда зарбаро ба худ мегиранд, пурзӯр гардонда шуданд.

Сеюм, ба мақсади сари вақт пешгирӣ намудани паҳншавии ин беморӣ дар байни аҳолӣ корҳои васеи фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Чорум, барои таъмин кардани пайдарпайии низоми таълим тамоми муассисаҳои соҳаи мазкур  фаъолияти худро дар фосилаи дур дар тартиби онлайн амалӣ менамоянд.

Панҷум, ба таври мунтазам аҳолӣ бо озуқаворӣ, доруворӣ ва маҳсулоти зарурии тиббӣ ва дигар молҳои ҳаётан муҳим таъмин карда мешаванд.

Низоми расонидани кӯмаки мақсаднок ба шахсони имконияташон маҳдуд, оилаҳои камтаъмин ва ночор ташаккул ёфтааст.

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ, ҷомеаи васеъ низ дар ин раванд фаъолона ширкат меварзанд.

Шашум, механизмҳои мушаххаси дастгирии ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт ташаккул ёфтаанд. Бо ин мақсад  Бунёди зиддибӯҳронӣ таъсис дода шуд.

Ба соҳибкорон имконияти “хобондан”-и фоизҳо оид ба вомҳои бонкӣ ва  "таътилҳои андози" фароҳам оварда шуд. Ставкаи андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ барои молҳои воридшаванда ба таври назаррас коҳиш дода шуд.

Саволи навбатӣ ин аст, ки мо низоми миллии мониторинги амиқ ва пешгӯии вазъи эпидемиологии кишварро ҷорӣ карда истодаем.

Иштирокдорони муҳтарами ҳамоиш!

Вазъи ниҳоят хатарноки дар ҷаҳон баамаломада андешидани чораҳои таъхирнопазир  ва муассирро на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо дорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мехостам пешниҳодҳои зеринро иброз дорам:

Якум. Бояд дар доираи Шӯрои туркӣ низоми доимоамалкунандаи муштараки назорати эпидемиологӣ ташаккул дода шавад.

Дуюм. Байни вазоратҳои тандурустии давлатҳои мо бояд мубодилаи васеи иттилоот ва таҷриба оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати сироятҳои махсусан хавфнок таҳқиқоти эпидемиологӣ ва илмӣ дар ин самт ба роҳ монда шавад.

Аз ҷумла, бо назардошти вазъи мавҷуда  пешниҳод мекунам, ки дар рӯзҳои наздик бо иштироки коршиносони бонуфузи кишварҳои мо авалин видеоконфронс баргузор карда шавад.

Сеюм. Дар котиботи  Шӯрои туркӣ бояд як гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба мубориза бо пандемия таъсис дода шавад. Он бояд бо ситодҳои миллӣ, ки дар кишварҳои иштирокдор фаъолият доранд, робитаи зич дошта бошад.

Таъсиси пойгоҳи алоҳидаи маълумотҳо барои фаврӣ равшан намудани чорабиниҳое, ки мамлакатҳои мо татбиқ менамоянд, мубодилаи васеъи тарафайни таҷриба ва истифодаи он мувофиқи мақсад мебуд.

Чорум. Дар шароити ниҳоят вазнини иимрӯза ба мақсади бо маҳсулоти зарурии озуқаворӣ, доруворӣ ва маснуоти тиббӣ таъмин кардани аҳолии кишварҳоямон бояд:

аз имкониятҳои инфрасохтори боркашонӣ ва коммуникатсияи нақлиётӣ пурра истифода бурд;

дар содда гардондани убури воситаҳои нақлиёт тавассути нуқтаҳои гузаргоҳ кӯмаки амалӣ бояд расонд.

Барои ҳалли фаврии масъалаҳои пайдошуда ва ҳамоҳангсозии самарабахш дар соҳаи нақлиёт ва логистика Гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад, ки ба ҳайати он роҳбарони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои мо дохил шаванд.

Панҷум. Барои нарм гардондани оқибатҳои пандемия кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Аз ин рӯ, мо ҷонибдори минбаъд баланд бардоштани мақом ва ваколатҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, инчунин ба роҳ мондани муносибати шарикӣ байни ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва Шӯрои туркӣ ҳастем.

Дӯстони азиз!

Ҳамаамон хуб медонем, ки ягон давлат наметавонад бо ин пандемия мудҳиш дар танҳоӣ мубориза барад.

Бояд тамоюлҳои ягонагӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки тарафайн барои мо дастуруламал бошад. Мо якҷоя ба бисёр корҳо қодирем.

Ба ин муносибат ман қабули Эъломияи ниҳоиро бинобар натиҷаҳои видеовохӯриамон ҷонибдорӣ мекунам.

Ҳамкасбони мӯҳтарам!

Дар ин лаҳзаҳои душвор аз Худованд ба ҳамаатон қувваву ғайрат, сиҳатии мустаҳкам, мамлакату халқҳои бародарамон сулҳ ва гулгулшукуфӣ таманно дорам.

Барои диққататон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: