ОСОРХОНА – МАСКАНИ ТАРБИЯ

Пештар Президент дар мулоқоти селекторӣ оиди баланд бардоштани дараҷаи тарбияи маънавии насли наврас сухан ронда, яке аз вазифаҳои муҳимтарини рӯз будани ин масъаларо таъкид намуда буд.

Насли наврас бунёдкори ояндаи ҷамъият мебошад. Ҷавононро дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия кардан вазифаи тамоми аъзои ҷамъият ба ҳисоб меравад. Дар ин бобат осорхона маскани бойи маънавият, нигаҳдорандаи таърихи чандинасраи кишвару ноҳия, яке аз манзилгоҳи асосии тарбияи маънавии бачагони наврас ба шумор меравад. Солҳои охир соҳаи хизматрасонии музейҳо торафт васеъ мегардад. Аз он ҷумла, дар музейи таъриху маданияти но-ҳияи Косонсой корҳои амалӣ шуда истодааст. 
– Аз тарафи сарвари давлатамон ба ин соҳа низ аҳамияти калон дода шуда истодааст, – мегӯяд мудири осорхона Муҳаммадхон Акрамов. – Ҷавобан ба Фармони Президент «Оиди чораву тадбирҳои инкишофи соҳаи хизматрасонӣ дар  музейҳо» дар осорхонаи мо низ корҳои амалӣ ба сомон расонида шудаанд. Дар ин ҷо ояндагон бо таърихи бойи кишвару ноҳияамон ошно мегарданд, барои боз ҳам бисёртар маълумот додан, аз тарафи ходимони музей дар масканҳои таълимӣ намоишгоҳҳои сайёр ташкил карда мешавад. Хонандагон бо экспонату ҳуҷҷатҳо ва ашёҳои ноёбу таърихӣ шинос шуда, оиди гузаштаи масканашон маълумотҳои муҳим мегиранд. Боз хурсандиовар аст, ки баъзе шахсон натанҳо дидан  мекунанд, балки  ба мо ашёҳои нодир, ҳуҷҷатҳои гуногуни таърихиро тақдим менамоянд, ки ин дар  омӯзиши таърихи кишвару ноҳияамон аҳамияти калон дорад.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: