Бинобар ҷамъбасти ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Декларатсияи Тошканд қабул шуд

Декларатсияи Тошканд масъалаҳои боз ҳам соддагардонии равандҳои ҳамлу нақли бор миёни кишварҳои узви ин созмон, баланд бардоштани иқтидори транзитии кишварҳо, рушди долонҳои алтернативии нақлиётро фаро гирифтаанд.

Кишварҳои иштирокчӣ бо назардошти имконоти сайёҳии Самарқанди бостонӣ пешниҳод оиди ба фурудгоҳи Самарқанд додани мақоми маркази авиатсионии кишварҳои СҲИ-ро пазируфтанд.

Дар сатҳи вазирони нақлиёти кишварҳои иштирокчӣ санад дар бораи рушди минбаъдаи долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия” ба имзо расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: