РИШТАҲОИ ПАЙВАНД

Нависандаи номвари ӯзбек Абдулло Қодирӣ бузургвории Устод Айниро эътироф месохт, мегуфт вай ба кулли адибони тоҷик ва ӯзбек дар шароити нави таърихӣ, ки адабиёт барпо мекарданд, ҳарҷиҳата намунаи ибрат буд.

Ҳарду адиби номвар навиштаҳояшонро аз назари ҳам мегузаронданд, фикру дархостҳои якдигарро ба эътибор мегирифтанд.
Мутаассифона, Абдулло Қодирӣ ҳамагӣ 44 сол умр ба сар бурду халос. Дар авҷи камолоти эҷодӣ ба табъид дучор ва хазон гашт. Фоҷиаи адабиёти ӯзбек қаламдод кард Устод Айнӣ фавти дӯсти ҳамқалами худро, ки аз ин бисёр мутаассир шуда буд.
Чанд сол пештар ҳавлии Қодирӣ воқеъ дар Самарқанддарвозаи ноҳияи Шайхонтаҳур ба музей табдил дода шуд. Дар маросими мутантани кушоиши осорхона, ки дар доираи ҳукуматӣ сурат гирифт, ман ҳам иштирок карда будам. Ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, адибон, чеҳраҳои намоёни фарҳанг Ш. Ризоев, Х.Султонов, А. Мирзоев ва дигарон дар пайдоиш ва равнақи адабиёти муосири ӯзбек хидматҳои шоёни Абдулло Қодириро таъкид карданд. Номи адибони забардасти дигар низ зикр гашт, ки Қодирӣ бо онҳо аз наздик ҳамкорӣ дошт. Дар ин замина, аз ҷумла, номи Устод Айнӣ бо ҳурмати тамом ба забон оварда шуд.
Вориди ҳуҷрае шудем, ки як замонҳо Қодирӣ дар он эҷод мекард, дӯстони ҳамқалам аз дуру наздикро қабул менамуд, суҳбатҳои эҷодӣ сари як пиёла чой қӯр мегирифт. Дар девор – акси Айниву Қодирӣ, ки гарми гуфтугӯянд. Расмро бо маҳорати том Алишер Мирзоев кашидааст.
Баъде Қодирӣ даргузашт, дар қалби писари ӯ Ҳабибулло Қодирӣ нияти навиштани хотираҳо дар бораи падар пайдо шуд. Солҳои дароз худро ба ин кор омода намуд. «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айниро хонда баромад. Ҳамчунин аз болои як фикри устод оиди он ки навиштани хотира нисбат ба таълифи асар дар дигар жанрҳо мушкилтар аст, ба андеша рафт. Вай дар муқаддимаи асари ёддоштиаш «Дар бораи падарам» ин тавр навиштааст: «Вақте ин хотираро менавиштам, гуфтаҳои Айнӣ беихтиёр аз дилам мегузашт ва ҳақиқатан ҳам душвории ёддоштнависиро дар вуҷуд ҳис менамудам».
Дар ҷойи дигар илова месозад, дар навиштани ин китоб суҳбатҳое, ки ба адибони забардасти давр намудам, заминаи муҳим гаштанд. Вай дар навбати аввал боз номи Устод Айниро қайд кардааст.
Абдулло Қодирӣ дар олами адаб қабл аз ҳама бо романҳои худ «Рӯзгори мозӣ» ва «Каждум аз меҳроб» маълум ва машҳур аст. Ин романҳо дар вақташ ба тоҷикӣ баргардонида ва бознашр шудаанд.
Соли 1935 «Каждум аз Меҳроб» дар баргардониши Саидризо Ализода аз ҷониби Нашриёти давлатии Тоҷикистон рӯйи чоп дид. Навъе Ҳ. Қодирӣ қайд кардааст, Ализода дар арафаи чоп барои маслиҳат аз Сталинобод чанд бор ба Тошканд омад. Китоб чоп шуду чанд  нусхаашро дарҳол ба хонадони Абдулло Қодирӣ фиристоданд. Туҳфаи хуб ва баарзиш аз ҳамқаламони тоҷик!
Вале тарҷумаи «Рӯзгори мозӣ» дар вақташ рӯйи чоп надид. Дучори табъидшавии муаллиф ва воқеаҳои даҳшатноки нимаи дувуми солҳои сиюм ба ин боис гардид. Аз кулфате, ки ба сари Қодирӣ афтод, тоҷикистониҳо низ хабардор шуданд. Шуниданд ҳатто онҳое, ки «Рӯзгори мозӣ»-ро дар хона нигоҳ медоранд, ба ҷазо кашида мешаванд. 
Дар Тошканд ба забон овардани номи Чӯлпон, Усмон Носир ва Фитрат барин адибон хатар дошт. Абдусалом Деҳотӣ бо яке аз дӯстони тошкандиаш телефонӣ суҳбат кард ва ӯ, ки бо тавсияи Айнӣ тарҷумаи «Рӯзгори мозӣ»-ро ба зимма гирифта буд, бо шунидани нохушиҳо ба изтироб афтод. Вай дар ин вақт гранкаи нусхаи тоҷикии романро аз назар мегузаронд. Нусхаро Устод Айнӣ хонда баромада, ба чоп рухсат дода буд.
Чӣ бояд кард? Хабар диҳанд, ки нусхаи асари адибе, ки бо тамғаи «душмани халқ» ҳабс шудааст, ҳоло дар дасти фалонӣ, муқаррар, рӯзашро сиёҳ мекунанд.
Дастнависро ба ҷое пинҳон кард. Вале дилаш қарор намегирифт. Бо иваз кардани ҷойҳои пинҳонкардааш низ. Бо гузаштани фурсат ваҳми дилаш меафзуд.
Рӯзе барвақт ба хона баргашт ва дарро аз дарун баст. Ба оташдон ҳезум гузошт, даргиронд, дастнависро гирифт ва як-як варақҳоро ба коми оташ андохт. Ҳамин тавр, «Рӯзгори мозӣ»-и ба тоҷикӣ гардондашуда сӯхт ва хокистар гашт.
Баъди гузаштани солҳо (1991)  дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолае ба табъ расид бо унвони  «Чаро тарҷумаи «Рӯзгори мозӣ» дар оташ сӯхт ва хокистар гардид?»  
Дар мақола адиби куҳансоли самарқандӣ (шодравон) Болта Ортиқзода хотираҳояшро доир ба Деҳотӣ ва тақдири асари тарҷумакардааш нақл намудааст.
Баъдтар романро Истад Қосимзода ба тоҷикӣ баргардонд ва ба муносибати 110-солагии Қодирӣ он аз ҷониби нашриёти «Ирфон» (Душанбе) рӯйи чоп дид.
Роман ба чандин забони дунё тарҷумаву нашр шудааст. Х. Деряев, Е. Бертелс, Марк Риз, М. Авезов, Н. Тун ва дигар намояндагони барҷастаи илму адаб ба «Рӯзгори мозӣ»-и Қодирӣ баҳои сазовор додаанд. Нависандаи тоҷик Ҷалол Икромӣ менигорад, Қодирӣ бо насри ба лирика омехтааш хонандаро мафтун месозад. Ҳар ҷузъ дар офаридаҳои ӯ маънои амиқро ифода намудааст. Минҷумла, «Рӯзгори мозӣ» чун ашёи аз ҷониби заргари баҳунар сайқалёфта ба тарзи аҷиб ҷило медиҳад». 
Мисле навиштаҳои Абдулло Қодирӣ барои тоҷикон ва адибони тоҷик қадри баланд дошт, чи ин адиби номвар ва чи писари ӯ Ҳабибулло аз адабиёти тоҷик то андозае огоҳ буданд, забони тоҷикиро медонистанд, осори бо тоҷикӣ таълифёфтаро дар асл мутолиа месохтанд. Зимнан, асное аз Сталинобод (Душанбе) чанд нусха китоби тозанашри «Каждум аз меҳроб» (баргардониши С. Ализода) ба хонадони адиби ӯзбек расид, вай аз писараш, ки романро хонда баромад, пурсид:
– Чӣ хел, тарҷума ба ту маъқул?
– Маъқул, – гуфт вай. – Ба асл хеле наздик.
– Забони форсӣ-тоҷикӣ басо гуворо, як қатор ибораю ифодаҳои он ба ӯзбекии мо бисёр наздик, барои ҳамин ҳам тарҷума зебо мебарояд.
Навъе Ҳабибулло Қодирӣ дар хотираҳои худ зикр кардааст, рӯзе ба хонадони онҳо адиби рус Алексей Толстой меҳмон мешавад. Дар атрофи дасторхони ба шарафи ӯ густурдашуда меҳмонони бонуфуз, ки намояндагони миллатҳои гуногун буданд, менишинанд. Дар сари пиёлаи чой сухан ҷониби адабиёт гиреҳ хӯрда, ҳама, ки аҳли адабу сухан буданд, шеърхонӣ авҷ мегирад. Диққати умумро қабл аз ҳама соҳибхона (А.Қодирӣ) ба худ мекашад, ки рубоиёти Хайём дар даст дошт. Вай рубоиётро дар асл мехонд ва ба русу ӯзбек маънои онҳоро шарҳ медод. Мегуфт дар ҳар як ин сатрҳо, ки бо форсии ноб гуфта шудаанд, ҷаҳон-ҷаҳон маъниҳои фалсафӣ, дардҳои иҷтимоӣ, мазмунҳои ҳаётӣ ниҳонанд. 
Ҳ.Қодирӣ менависад, «падарам дар мақолаҳои худ номи Айниро батакрор зикр мекард (масалан, «Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишт», «Айнӣ ин вақтҳо дар матбуот камнамо шудааст» ва ғайраҳо), мегуфт  ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти бузург, ки дар кӯраи зиндагиву эҷод обутоб ёфтааст, барои адибони ӯзбек низ мактаб бояд бошад».  
Устод Айнӣ бо собиқ мухбири «Қизил Ӯзбекистон» дар Самарқанд Салим Каримов наздикӣ дошт. Собиқадори матбуот С.Каримов дар вохӯрие ин тавр гуфта будааст: «Баъзан ба хонаи Устод Айнӣ мерафтам. Домулло адиби ӯзбек Абдулло Қодириро зуд-зуд ба забон меоварданд. Мегуфтанд Қодирӣ «Одина»-ро хонда, маслиҳатҳои хуб додааст».
Риштаҳои меҳр, муносибатҳои самимона байни ин ду адиби бузург, эҳтимол, ҳануз дар солҳои аввали садаи бистум оғоз ёфта бошад.
Асосгузори адабиёти навини тоҷик дар аввалин повести худ «Одина» чаҳор мисраъ шеър оварда, ки он дар асл  назираест ба навиштаҳои назмии Қодирӣ бо тахаллуси «Назмӣ», ки дар романи «Каждум аз Меҳроб» сабт ёфтааст ва инро худи Айнӣ иқрор шудааст. 
Адиби ӯзбек Ғулом Зафарӣ дар Самарқанд меҳмони Айнӣ шуда ва ба яке донишмандони бухороӣ (овардани номашро ҷоиз нашумурдем) мегӯяд, маззаи оши ӯ ҳануз аз даҳонам нарафтааст. Ҳамсуҳбаташ мегӯяд, дурӯғ нагӯ, Айнӣ ҳеч вақт меҳмон қабул ва ош дам намекунад. Ғ. Зафарӣ, аз он ки он шахс ӯро дурӯғгӯ кард, хафа мешавад ва ба Қодирӣ дар ин бобат шикваомез нақл менамояд. Қодирӣ оташин мешавад ва мегӯяд, фикри он донишманд дар хусуси Айнӣ мутлақо нодуруст, ман низ ҳамроҳи Шокир Сулаймон боре дар хонаи домулло Айнӣ шуда ва ба меҳмондӯстиаш қоил мондаам, дар умри худ ин хел зиёфатро кам дидаам! Вай моро гуселкунон «Дохунда»-и нав аз чоп баромадаро бо соядаст туҳфа намуд, баъде кӯча баромадем, Шокир Сулаймон аз ҳаяҷону ваҷд гиребон дошт, мегуфт ба хаёл намеовардам домулло бо ин қадар бузургворӣ боз ин хел ҷони одам ва меҳмондӯст...
Аввалбаҳори соли 1935, дами бегоҳ, Садриддин Айнӣ, Шокир Сулаймон ва Ғулом Зафарӣ меҳмони хонадони Абдулло Қодирӣ мешаванд. Ҳабибулло, писари калонии соҳиби хона, ба маҳсиву мӯзакашии меҳмонон кӯмак мекунад, дуо мегирад. Ба назари вай, ки он вақт ҳамагӣ 16 сол дошт, Устод Айнӣ марди хеле «барбаста» метобад. «Айнӣ васеъкитф, багӯшт, қоматдор, пуррарӯ ва риши кӯтоҳаш сиёҳусафед буд, ба сар телпак ва ба бар ҷомаи дарози хокистарранг дошту бо овози ғафс гуфтугӯ мекард», навиштааст вай дар китоби хотироти худ «Дар бораи падарам».   
Маълум, ки Устод Айнӣ қисмате аз аввалин асарҳояш (масалан, «Ҷаллодони Бухоро», «Тарбияи духтарбача ё Холида»)-ро бо ӯзбекӣ навиштааст. То дараҷае адибони он вақт ҷавони ӯзбек аз устод роҳу равиши суханпардозӣ омӯхтаанд. «Одина» бо тоҷикӣ навишта шуд, бо вуҷуди ҳамин Абдулло Қодирӣ дастнависи онро хонд, ба Айнӣ маслиҳатҳо дод. Соли 1934 «Ғуломон» бо ӯзбекӣ аз чоп баромад. Дар навишти ин роман низ Айнӣ бархе мулоҳизот ва фикрҳои Абдулло Қодириро ба эътибор гирифт. Қодирӣ, дар навбати худ, аз таҷрибаи романнависии Айнӣ чизҳои барояш лозимиро қабул кард. 
Риштаҳои пайванд, ҳамин тавр, ба рушди адабиётҳо, ба якдигар боз ҳам наздикшавии ду халқи бародар мусоидат менамуданд.

Муҳаммадҷон ШОДӢ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: