ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Фарғона иҷлосияи навбатии бистусеюми Кенгаши депутатҳои халқи вилоят баргузор гардид.

Дар Фарғона иҷлосияи навбатии бистусеюми Кенгаши депутатҳои халқи вилоят баргузор гардид.  Дар он аъзои Сенати Олий Маҷлис, депутатҳои халқи Кенгаши вилоят, раисони комиссияҳои доимӣ, ноибони ҳокими вилоят, роҳбарони секторҳо, сарварони ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат карданд.

Дар иҷлосия ҳисоботи ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ шунида шуд. Ҳамчунин ӯ дар иҷлосия ба мардуми вилоят муроҷиат кард ва нақшаҳои соли ояндаро равшану возеҳ ташреҳ намуд.
Тавре ки Хайрулло Бозоров гуфт, то ин давраи соли равон тақрибан дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот пешравиҳо ба мушоҳида расиданд. Аз ҷумла, маҳсулоти холиси ҳудудӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4 дарсад, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 100,4 дарсад, ҳаҷми хизматрасонӣ 103,1 дарсад, корҳои сохтумонӣ 100,4 дарсад афзоиш ёфт.
– Дар баробари мубориза алайҳи бӯҳрони мамлакат ва иҷрои қарору фармонҳои қабулшуда, ки ҳимояи иҷтимоии аҳолиро дар давраи пандемия мадди назар доштанд, барои ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва пуштибонии ҳаматарафа аз фаъолияти онҳо низ ба пешравиҳо ноил шудем. Дар вилояти мо наздик ба 20 ҳазор соҳибкорон 400 миллиард сӯм имтиёзи андоз дода шуд. Муддати пардохти қарзи бештар аз ҳафт ҳазор соҳибкорон, ки  1 триллиону 300 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, барои шаш моҳ тамдид гардид,– изҳор кард Хайрулло Бозоров.
Вай афзуд, ки барои беҳбуди муҳити тиҷорат ва ривоҷи соҳибкории хусусӣ таваҷҷӯҳи хос дода шуд. Ба гуфтаи ҳокими вилоят бунёд намудани “Хонаи соҳибкорон” дар ҳар як шаҳру ноҳия маҳз аз ҳамин таваҷҷӯҳ шаҳодат хоҳад дод. 
– Дар моҳҳои октябр ва ноябр аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ 1975 муроҷиат расид. 59 дарсади он мусбат ҳаллу фасл шуд. 297 муроҷиат аз тарафи кормандони идораҳои марбута мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд, – тазаккур дод Хайрулло Бозоров.
Сармояҳо барои пешрафти иқтисодиёт омили муҳим шуда хизмат мекунанд. Ҳокими вилоят дар ин замина иброз дошт, ки мувофиқи барномаи инвеститсионӣ соли 2020 барои татбиқи 737 лоиҳа камари ҳиммат бастанд, ки дастаҷамъона он ҳафт триллион сӯм тақозо менамуд. Бар ин асос мебоист бештар аз 20 ҳазор ҷои нави кор фароҳам оваранд. Дар ҳамин ҳол 552 лоиҳа татбиқ гардид ва 11 ҳазору 997 ҷои нави кор дар ихтиёри бекорон вогузорӣ шуд.
Ба гуфтаи Хайрулло Бозоров гузашта аз ин, ривоҷ додани тиҷорати хурд, роҳандозии сохтмон, содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, беҳбуд бахшидани сатҳи ҳаёти хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд аз корҳое маҳсуб меёбанд, ки иҷрои он ногузир мебошад.
– Дар соли нави 2021 иҷрои корҳои бузург моро интизоранд,– гуфт Хайрулло Бозоров.– Мо бояд иҷрои корҳои амалиро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба таври устувор дар назди худ вазифа гузорем.
Дар муроҷиати худ ба мардуми вилоят Хайрулло Бозоров ба он нукот эътибори депутатҳо ва мардумро ҷалб намуд, ки дар соли 2021 роҳҳои асосиву устувори боло бурдани иқтисодиёт, пуштибонӣ аз соҳибкорӣ ва ривоҷу равнақи он, табдил додани ҳар як ниҳоди иҷроия ба сифати кумакрасони соҳибкоронро чиҳо ташкил хоҳанд кард. Ҳамчунин барои ташкили субъектҳои нави соҳибкорӣ, тавсеа бахшидани сафи онҳо ба иҷрои кадом корҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Зимнан, дар муроҷиати ҳокими вилоят ба ривоҷ додани саноат ва шабакаҳои кластер, модернизатсия намудани корхонаҳое, ки заиф гаштаанд ва самараи истеҳсолоташон қаноатбахш нест, ё бо нерӯи кам фаъолият мекунанд, рушди соҳаи сохтумон, ислоҳ намудани соҳаи кишоварзӣ, ривоҷ додани соҳаҳои туризм ва варзиш ва дар ин самт татбиқ кардани лоиҳаҳои нав низ таваҷҷӯҳи хос дода шуд. 
Дар иҷлосияи навбатии Кенгаши депутатҳои халқи вилоят раиси иттиҳодияи “Ҳунармандон” Расулҷон Мирзоаҳмедов, роҳбари маркази “Скрининг” Манзурахон Салимова, раиси Иттифоқи ҷавонони вилоят Рисолатхон Мамаҷонова ва дигарон ба сухан баромаданд ва роҷеъ ба муроҷиати ҳокими вилоят фикру ақидаҳои худро дар миён гузоштанд.
Иҷлосия аз рӯи масъалаи баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард.
Баъди хатми иҷлосия Хайрулло Бозоров нишасти матбуотӣ баргузор намуд ва ба саволҳои зиёди журналистон ва блогнависони маҳаллӣ посух дод.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: